Татбиқи 37 лоиҳаи сармоягузорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 июл, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 1 063
Бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон 37 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст.
Тавре ки аз Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, маблағи азхудшуда 460 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят беш 1 миллиарду 553,6 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1 миллиарду 348,1 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шудааст.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
17-06-2021, 16:50