Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Сил омилҳои сирояткунанда ва роҳҳои пешгирӣ


Сил омилҳои сирояткунанда ва роҳҳои пешгирӣ



Бемории сил яке аз бемориҳои ташвишовар ба шумор меравад. Сарчашмаи асосии ин беморӣ микробактерияи сил ё ба истилоҳ «чӯбчамикроби Кох» аст. Он дар организми ҳар бемор вуҷуд дорад. Сабаби бемории сил ҳамин микробактерия мебошад.

Бо вуҷуди дарёфти манбаи беморӣ ва роҳҳои мубориза бо он, айни замон низ ҷомеаи инсонӣ аз хатари гирифтории бемории сил дар амон нест. Оид ба бемории мазкур директори Маркази бемориҳои сил дар шаҳри Бохтар - Сайдаҳмад Раҷабов ба хонандаи рӯзномаи «Хатлон» маълумоти бештар медиҳад.

Сил аз замонҳои пеш дар организми инсон дарёфт шудааст. Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо онро ҳатто дар ҷасади Фиръавнҳои Миср пайдо намуда будаанд.

Сил муддати дуру дароз сабаби асосии фавти инсонҳо буд, барои ҳамин ҳам онро “тоуни сафед» меномиданд. Ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл инсоният дар ҷустуҷӯи посухи ин савол буд, ки бемории сил аз чӣ пайдо мешавад ва чӣ гуна онро метавон пешгирӣ намуд? Ҳамин буд, ки 24 марти соли 1882 баъди таҳқиқоти зиёд Роберт Кох дар асоси кашфиёти анҷомдодаи худ эълон намуд, ки манбаи асосии ин беморӣ бактерияи «чӯбчамикроб» мебошад. Ин воқеан кашфиёти нодир буд.

Сил чӣ гуна беморӣ аст ва аз куҷо сарчашма мегирад?


Сил бемории сироятиест, ки тавассути микробактерияҳо ба организми инсон роҳ меёбад ва сироят мекунад.

Шахси бемории силдошта ҳангоми сулфа ё атса задан миллионҳо микробро ба муҳити атроф паҳн мекунад, ки дар чунин фазо эҳтимоли сироят ёфтани ашхоси дигар ба вуҷуд меояд.

Одатан сил аз шахси бемор дар ҷойҳои сераҳолӣ ва маконҳое, ки дастрасии маҳдуд ба хизмарасониҳои тиббӣ ва ё маводи ғизоӣ доранд,тез паҳн мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки инсон ба бемории сили чорво ва дигар намудҳои он ҳангоми истеъмоли шири ноҷӯшонида сироят шуда метавонад.

Агар ҳангоми нафаскашӣ як бактерия ба организми шахси дигар роҳ ёбад, бо эҳтимоли зиёд, он дарҳол ба шуш роҳ намеёбад, балки ҳангоми нафасбарорӣ метавонад боз хориҷ шавад ва ё ба содагӣ нобуд гардад. Аммо агар микробҳои воридшуда зиёд бошанд, ҳангоми нафаскашӣ ба девораи ақиби гулӯ менишинанд, ки ин ҷо аллакай эҳтимоли сироятшавӣ ба вуҷуд меояд.

Тавассути истифодаи якҷояи ашё бо шахси бемор низ метавон ба сил гирифтор шуд, аммо амалан ин тарзи сироятёбӣ кам дучор меояд. Бактерияҳо барои роҳ ёфтан ба шуш наметавонанд дар сатҳи беруна зарраҳои андозаи заруридоштаро ташаккул диҳанд. Масалан, агар онҳо ба пӯст роҳ ёбанд , ё ҳатто ба чанги фарш бинишинанд ва шумо ҳангоми рӯбучини хона онҳоро ба ҳаво хезонед ҳам, аз сар наметавонанд дубора ба таври лозима шакл бигиранд. Зарраҳои “солим” танҳо ҳангоми сулфа ё таконхӯрии ҳаво аз шуш ташаккул меёбанд. Ҳамзамон, воридшавӣ ба ҳуҷрае, ки бемори сил дар он ҷо маскун аст, метавонад омили дигари сироятёбӣ гардад, бо вуҷуди он ки ин эҳтимолият низ камтар аст. Дар чунин ҳолат беҳтарин роҳи пешгирӣ шамолдиҳии чандкаратаи бино (чанд маротиба дар як соат) ё худ тоза кардани фазои хона мебошад, ки имкон медиҳад ҳуҷра аз бактерияҳо пок гардад.

Пешгирии бемории сил

Муҳимтарин воситаи пешгирӣ намудани бемории сил сари вақт дарёфт ва мушаххас намудани он дар организм ва ба табобат фаро гирифтани шахси сироятшуда мебошад.

Бемороне, ки табобати зиддисилӣ мегиранд, баъди каме беҳбудӣ эҳсос кардан гумон мекунанд, ки аллакай шифо ёфтаанд ва беаҳмиятӣ зоҳир менамоянд. Дар сурате, ки ин ҳанӯз ҳолати фиребанда аст. Таб накардан ва набудани балғам маънои ҳанӯз табобат ёфтанро надорад. Аз ин лиҳоз табобатро зуд қатъ кардан мумкин нест.

Барои пешгирии паҳншавии бемории сил ин ҷо якчанд нуктаҳои заруриро бояд қайд намуд, ки донистани он барои ҳар як нафар лозим аст:

1. Муроҷиати саривақтӣ ҳангоми пайдо шудани оризаҳои бемории сил.

2. Табобати саривақтӣ ва риояи реҷаи табобат аз тарафи табибони таъинкардашуда то ҳолати пурра шифо ёфтан.

3. Муоинаи атрофиён ва нафароне, ки бо шахси бемор дар тамос ҳастанд.

4. Зуд-зуд шамол додани ҳуҷра, рӯбучин, риояи гигиенаи шахсӣ, даҳонро бо рӯймолча пӯшонидан (барои шахси бемор), ҳангоми сулфа дар ҷойҳои ҷамъиятӣ оби даҳон наандохтан.

Ҳамаи тадбирҳои эҳтиётӣ барои мустаҳкам кардани саломатии шаҳрвандон равона шудааст, ки ба кам шудани паҳншавии бемории сил миёни ҷомеа мусоидат менамояд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода