ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Соҳибкори ободгар


Соҳибкори ободгар



Соҳибкорони  минтақаи  Кӯлоб  дар  рушди  иқтисодӣ ва  иҷтимоии  минтақа  саҳми  назаррас  доранд.  Онҳо  бо ташаббусҳои  худ  дар  бунёд  ва  сохтмони  иншооти  муҳим,  аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтор фаъолона иштирок намуда, саҳми арзандаи хешро дар ободии Ватан мегузоранд.

Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони маҳаллӣ  бо  ташаббусҳои ватандӯстонаи  худ  на  танҳо  ба беҳтар шудани инфрасохтор ва сатҳи зиндагии  аҳолӣ  мусоидат  мекунанд, балки  бо  таъсиси  ҷойҳои  нави  корӣ ва  рушди  истеҳсолот  дар  пешрафти иқтисодии минтақа саҳм хешро мегузоранд.

Ҷиҳати  ҳимояву  дастгирии  фаъолияти  соҳибкорӣ  ва  ҷалби  сармоя  аз  ҷониби  Ҳукумати  кишвар дар  солҳои  охир  дар  соҳаҳои  саноати  сабук,  кишоварзӣ,  дорусозӣ, парандапарварӣ,  чорводорӣ,  сайёҳӣ ва  дигар  бахшҳои  афзалиятнок  имтиёзу  сабукиҳо  ҷорӣ  карда  шудаанд. Шоҳиди он ҳастем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса  зоҳир  менамояд,  сол  ба  сол маблағгузорӣ аз ҷониби давлат зиёд шуда истодааст. Дар ин робита Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ–Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати  саҳми  соҳибкорон дар  рушду  нумӯи  кишвар  ва  бунёду  азнавсозии  биноҳои  маишиву хизматрасонӣ, роҳу пулҳо суханронӣ намуда,  иброз  доштанд,  ки  “Ба ҳама  намуди  санҷишҳои  фаъолияти соҳибкорон,  ба  истиснои  санҷишҳои мақомоти андоз то 1-уми январи 2027 мораторий  эълон  карда  шавад.  Ин кор бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва  фароҳам  овардани  фазо  барои ҷалби сармоя ба кишвар амалӣ карда мешавад”.

Ҳамин  аст,  ки  сол  то  сол  саҳми соҳибкорон дар ободонии ватан афзоиш  ёфта  истодааст,  ки  яке  аз  чунин  соҳибкорони  ватандӯст  Хусрави Фаррухзод,  аз  ноҳияи  Темурмалики  вилояти  Хатлон  мебошад,  ки  бо ташаббусҳои  созандааш  дар  рушди инфрасохтори  маҳаллӣ  саҳми  назаррас дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар  соли  2019,  бо  ибтикори  ӯ  дар Ҷамоати  деҳоти  «Танобчӣ»  маркази хизматрасонӣ  бунёд  гардид,  ки  дар он коргоҳи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона,  таъмири  пойафзол, ҳаммом  ва  ошхона  ҷойгир  шудаанд. Ин  марказ  беш  аз  40  нафарро  бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд. Маркази мазкур то имрӯз фаъолияти пур-самар намуда истодааст.

Ҳамчунин,  дар  пайравӣ  аз иқдомҳои  созандаю  бунёдкоронаи Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ва  дар  доираи  омодагӣ  ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  2024 дар  деҳоти  Танобчӣ  кӯдакистони замонавӣ барои 100 нафар кӯдак бо ташаббуси ин соҳибкори маҳаллӣ бо тамоми шароити замонавӣ муҷаҳҳаз сохта ба истифода дода шуд. 

Чигунае ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Темурмалик иттилоъ доданд, бо сохта шу-дани  ин  кӯдакистони  замонавӣ,  таълиму  тарбияи  кӯдакони  маҳал  хуб гардида, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. 

Ба иттилои муовини раиси ноҳия Айниддин  Аслиддин,  муассисаи томактабӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ  қитъаи  замин  аз  тарафи соҳибкор  Хусрави  Фаррухзод  сохта шудааст.

Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар  ошёнаи  якум  2  утоқ  барои  ҷойи хоб,  утоқҳо  барои  директор,  табиб ва сармуҳосиб ва дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, толори мусиқӣ ва 2 утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон бо фарогирии 100 кӯдак ҷойгир мебошад.

Дар  муассисаи  мазкур  15  на-фар  бо  ҷой  кори  доимӣ  ҷалб  карда шудааст.  Тамоми  ҳуҷраҳои  бино  бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, бо рахтҳои хоб, мизу ҷевонҳо, бозичаҳо барои  бозии  кӯдакон  ва  ошхона  бо тамоми лавозимот таъмин карда шудааст. 

Дар  ҳудуди  боғча  дарахтони  сояафкану  ҳамешасабз,  мевадиҳанда ва  гулҳои  мавсимӣ  шинонида  шуда, роҳравҳои  бинои  мазкур  бо  санъати  баланди  меъморӣ  250  метри мураббаъ  сафолакпӯш  ва  25  адад сутунпояҳои  равшанидиҳанда  дар гирду атрофи бино насб карда шудааст.

Ба иттилои котиби раиси Ҷамоати деҳоти  «Танобчӣ»-и  ноҳияи  Темур-малик  Раҳмонов  Суҳроб,  Хусрави Фаррухзод  натанҳо  дар  сохтани маркази  хизматрасониву  муассисаи томактабӣ, балки дар сохтани роҳҳои маҳаллӣ низ саҳми арзанда гузоштааст, бо ибтикори ӯ роҳҳои маҳаллии Ҷамоати деҳоти «Танобчӣ» мумфарш карда шудааст.

Соҳибкори  маҳаллӣ  ният  дорад, ки  иқдомҳои  наҷиби  худро  идома дода,  дар  рушду  шукуфоии  ноҳия саҳми худро гузорад. 

Бояд  тазаккур  дод,  ки  месазад таҷрибаи  соҳибкорони  муваффақ чун Хусрави Фаррухзод, дар минтақа омӯхта  ва  паҳн  карда  шавад,  то  ки дигарон  низ  аз  он  баҳра  бардоранд ва  ба  рушди  минбаъдаи  минтақа саҳм  гузоранд.  Ин  метавонад  боиси афзоиши  шумораи  соҳибкорони  фаъол  ва  ташаббускор  гардад,  ки  дар натиҷа  ба  рушди  устувори  иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон бо ташаббуси ин соҳибкори маҳаллӣ 4.5 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта асфалтпӯш карда шуда, обанбор бо ғунҷоиши 350 куб об сохта ба истифода дода шудааст.

Дар  баробари  ин  дар  масоҳати умумии  1500  метри  мураббаъ  сардхона  бунёд  гардида,  барои  захираи маҳсулоти  кишоварзӣ  пешбинӣ  шудааст.  Сардхона  дорои  2  ҳуҷра  барои  нигоҳдории  мевагӣ,  сабзавот  ва маҳсулоти кишоварзӣ сохта шудааст. 

Аз ҷониби Суҳроби Фаррухзод дар ҳудуди  Ҷамоати  деҳоти  «Танобчӣ» ноҳияи  Темурмалик  се  гармхона  бо масоҳати  умумии  18  сотих  сохта  ба истифода  дода  шудааст,  ки  дар  он айни  замон  маҳсулоти  кишоварзӣ аз  қабили  помидор,  бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои мил-лат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста хизматҳои  соҳибкорони  ватандӯстро қадр  намуда,  дар  Паёми  навбатиашон  зикр  намуда  буданд:  «Дар се  соли  охир  дар  мамлакат  беш  аз 1500  иншооти  соҳаи  маориф,  яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи  умумӣ,  660  иншооти  соҳаи тандурустӣ,  480  иншооти  варзиш, 175  иншооти  фарҳангу  фароғат  ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад. 

Бо  истифода  аз  фурсат,  ба  ҳамаи соҳибкорон,  шахсони  саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии  ташаббусҳои  Ҳукумат  ва саҳмгузорӣ  дар  ободиву  пешрафти  мамлакат  сипосу  миннатдории самимӣ баён мекунам».

Алишери А., «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода