М. Мадраҳимова: «Маро ҳамчун омӯзгор мешиносанд»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 316
Омӯзгор дар куҷое, ки бошад, сарбаланду соҳибэҳтиром аст. Ӯ дар таълим ва тарбияи насли наврас нақши асосиро мебозад. Агар омӯзгор соҳибкасб бошад, касби худро дӯст дорад, аз илми замону охирин навигариҳои технологӣ огоҳ бошад, метавонад ба қуллаи баланди касби худ бирасад.
Дар баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси хештаншиносии насли наврас, таърихи пурғановати миллат нақши бориз дорад. Фанни таърихи халқи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз ҷумлаи фанҳои шавқовар ба шумор меравад.
Маҳбуба Мадраҳимова яке аз он омӯзгороне мебошад, ки тайи қариб 50 соли охир дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм гузошта, аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс мегӯяд.
Муаллима соли 1957 дар шаҳри Бохтар таваллуд шуда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи №6-и шаҳри Бохтар ҳуҷҷатҳояшро бо роҳнамоии модараш ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) супорида, сазовори номи донишҷӯ мегар-дад. Маҳбуба дар донишгоҳ аз ҷумлаи духтарони фаъолу босавод буд. Супоришҳои роҳбариятро саривақт ва сифатнок иҷро менамуд.
Дар дарсҳои омӯзгорон нишаста, дарсгузарӣ, сухангӯӣ, рафтору муносибати омӯзгоронро меомӯхт ва дар дил орзуи омӯзгор шуданро менамуд.
“Агар омӯзгор шавам, мисли фалон муаллима сару либос мепӯшам, мисли муаллими забон ва адабиёт хушсухан мешавам, мисли фалон муаллимаамон тоқӣ пӯшида, мӯйҳоямро майдабофӣ карда, дар гирди сар тоб медиҳам”, – орзупардозӣ мекард.
-Вақте дар мактаб мехондам, директори мактаб муаллим Ширин Са-фаров буд. Маҳз бо пофишорӣ ва маслиҳату машварати он кас ман дар мактаби хатмкардаам ба ҳайси сарпешоҳанг ба кор даромадам. Ҳам таҳсилу ҳам кор мекардам, - нахустин лаҳзаҳои кории худро ба ёд оварда нақл мекунад М. Мадраҳимова.
-Барои ман гузаштани дарси аввалин ба ҳайси омӯзгор бисёр мушкил буд. Кӯшиш мекардам, ки тарсу ваҳм ва ҳаяҷони диламро фурӯ нишонам. Чанд соат пеш тайёрӣ дида, китобҳоро мутолиа карда, дафтарҳоро варақ гардонда, мавзуъро такрор ба такрор мехондам, то дар назди хонандагон забонкутоҳ нашавам, - мегӯяд ӯ.
Муаллима Маҳбуба Мадраҳимова солҳои тӯлонӣ ба ҳайси директори муассиса дар шаҳри Бохтар кор карда, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва 9-ро роҳбарӣ кардааст.
-Имрӯз аз он мефахрам, ки дар куҷое набошам, маро ҳамчун омӯзгор мешиносанду ҳурмат мекунанд. “Муаллима, биёед”, –гӯён пешвоз меги-ранд. Шогирдонам аз ҳолу аҳволи ман хабар гирифта меистанд, -шукргузорӣ мекунад муаллима.
Агар ба рӯйхати шогирдони муаллима назар афканем, аён мегардад, ки шогирдони ӯ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият доранд: прокурор, милиса, бонкдор, омӯзгор, табиб, савдогар, соҳибкор, судя, хизматчии давлатӣ, ҳунарманд ва ғайра...
Муаллима кӯшиш мекунад, ки дар дарсҳояш ба шогирдон қаҳрамониву диловарӣ, мардонагиву ҷасурӣ, озодихоҳиро талқин намуда, ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти ҳазорҳо насли наврасро бо тасвири ҷоннисориву қаҳрамониҳои Коваву Рустам, Темурмалик, Муқаннаъ, Айниву Нусратулло Махсум ва дигарон бедор намояд.
Толиб ТОЛИБЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00