Худкушӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 191
Рӯзҳои аввалҳои фасли баҳор. Дар канори ҷӯйборҳо, зери дарахтон майсаи баҳории аз замин саркашида ба назар мерасид. Байни ин сабзаҳо гулҳои баҳорӣ рӯида буданд. Дар талу теппаҳо шамоли сард мевазид.
Гарчанде офтоб бошад ҳам, ҳаво хунук буд. Нисфирӯзӣ дар хонаи Сабоҳатино ҳама машғули кор. Модар бо ҳамсоязанҳои деҳа ба дӯхтани кӯрпаҳои арӯсии духтараш банд буд. Аҳли оила аз ин шоду хурсанд буданд. Танҳо Сабоҳат бо чеҳраи ғамгин ҷойи нишаст намеёфт. Кунҷи дилаш сиёҳ буд. Вай ба чи кор машғул шуданашро намедонист. Сахт дилгир шуда, гиря гулӯгираш менамуд. Дилаш ба модари дилсӯзу меҳрубонаш месӯхт, чеҳраи додаракону хоҳараконаш пеши назараш ҷилвагар мешуданд.
Вай дигар роҳи халосӣ надошт. Аз дили ӯ касе хабардор набуд. Вай умед аз зиндагӣ канда буд. Сабоҳат охирин бор ба симои модар дида дӯхта, ба сӯи оғилхона, ки дуртар ҷойгир буд, рафт. Аз байн вақти зиёде гузашт, ҳама ба кори худ овора, аз нияти Сабоҳат бехабар. Ногаҳ садои ҳамсоязан ҳамаро ба худ овард. Вай падару модар, ҳамсояҳоро ба ёрӣ ҷеғ мезад. Афсӯс, сад афсӯс, ки аллакай дер шуда буд.
Ҷисми беҷони Сабоҳатро аз банди дор халос намуда, ба рӯйи кӯрпаи арӯсиаш гузоштанд. Дар як лаҳза нолаю фиғон ба ҳаво печид. Танҳо чашмони кушодаи шаҳлои Сабоҳат ба як нуқта дӯхта шуда буд. Ин нуқтаи охирини орзую умеди вай буд. Оҳ, чи қадар вазнин аст, марги фарзанд барои падару модар.
Ба ин ҳодисаи нангин киро гунаҳгор намоем: ҷавононро, ки ҳуқуқи шаҳрвандии худро ҳимоя карда наметавонанд, падарону модаронро, ки ҳуқуқҳои фарзандони худро поймол менамоянд, ё ҷомеаро, ки нисбати ҳаёти ҷавонон бетарафиро ихтиёр намудаанд?
Чаро имрӯз баъзе ҷавонон роҳи халосиро дар худкушӣ мебинанд?
Магар дигар роҳҳои халосӣ дар ҳалли мушкилоти ҷавонон вуҷуд надорад? Чаро бархе аз ҷавонон ҳуқуқҳои худро намедонанд, донанд ҳам, аз онҳо истифода бурда наметавонанд? Чаро онҳо дар ин гуна лаҳзаҳои ҳаёт ба идораҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат наменамоянд?
Чунин ҳодисаҳои нангин чӣ қадар давом мекарда бошад? Риштаи умри Сабоҳат, ки ҳамагӣ 19 сол дошт, дар айни ҷӯшу хурӯши зиндагӣ, пур аз орзуву умед канда шуд.
Оҳ, чӣ қадар аламовар аст, кандани риштаи умри ҷавонӣ!
Гули умеди Сабоҳат дар зери хок абадӣ монд...
Сайдамир Бекназаров,
омӯзгор аз ноҳияи Вахш
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...