Пешвои миллат - меъмори Артиши миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 365
Яке аз дастовардҳои муҳимтарину бузурги халқи тоҷик – ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки неъмати бебаҳои ҳар миллат ба шумор меравад. Ба шарофати Истиқлол мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.
Моҳҳои август-сентябри соли 1991 замони аз ҳам пош хӯрдан ва ба саҳифаи таърихи гузаштаи инсоният навишта шудани номи як вақтҳо абарқудраттарин давлати ҷаҳон – ИҶШС, ҳамаи 15 ҷумҳурии Иттиҳоди Шуравӣ яке пешу дигаре баъдтар ба давлатҳои мустақил табдил ёфта, соҳибистиқлол гардидаанд. Дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд ва аз ҳамон вақт инҷониб мардуми сарзамини куҳандиёри тоҷикон ин санаи таърихиро ҳамчун оғози таърихи навтарини худ ботантана ҷашн мегиранд.
Тоҷикистони мо баъди ҳазор соли паҳну парешонӣ, азияти вазнини зердасти давлатдории бегонагонро кашидан, давлати озод, соҳибистиқлол эълон шуд. Ҳарчанд соли 1924 Тоҷикистон бо номи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ дар ҳайати РСС Узбекистон чун давлати мухтор, соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ эълон шуда бошад ҳам, аммо ба маънои томаш соҳибихтиёр набуд. Вай ба ҳайати Иттиҳоди Шуравии абарқудрат – ИҶШС ворид буд.
Маҳз дар даврони шуравӣ Тоҷикистон рушду равнақ ёфт, баъди гузашти айёми пурпе чутоб аз давраи фанои давлати Сомониён ва зердасти замондорони манғит будан тоҷикон соҳиби давлатдории худ гардидаанд.
Истиқлолият барои Тоҷикистон осон ва сабук ба даст наомад ва нигоҳ доштани он хеле гарон афтод. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр бояд сохти давлатдориашро муқаррар мекард.
Сарвари давлат қонуни асосӣ Конститутсия, ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, суду прокуратура, сохторҳои маҳаллӣ, мақомоти давлатӣ, Артиши миллӣ ва ғайра атрибути давлатдориро мебоист дошта бошад. Пеш аз ҳама, мебоист ҳиссаи худро аз тақсими мероси собиқ ИҶШС ба даст меовард.
Рӯзи 9 сентябри соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 33юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашни фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи тайнамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлоли кишвар мебошад, пеши назар меорем.
Вазъи душвори ҳарбию сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси бою ғании муҳиммоту яроқу аслиҳаи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ бархӯрдор гардад. Мутаассифона, он замон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҷузъу томҳои нав аз ҷанги Афғонистон баромадаи дивизияи тирандозии 201-ум ҷойгир буд.
Он замон дар Тоҷикистон алангаи пуршиддати ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тулонӣ гардидани ин муноқишаи дохилӣ гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум, ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будааст.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилии хеш машғул шуданд. Метавон гуфт, ки заминаи моддию техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт.
Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Боиси таассуф аст, ки низоъ ва нооромиҳои сиёсӣ дар мамлакат барои амалӣ гаштани чорабиниҳои ташкилию амалӣ имкон надоданд.
23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантҳо ва сарбозони коллеҷ савганди ҳарбӣ қабул намуда, дар сафороӣ ва намоиши гузашти ботантанаи ҳарбӣ иштирок намуданд.
18 декабри соли 1993 генералмайор А. В. Шишлянников вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид, ки ба ташкил ва равнақи нахустин раёсатҳо ва ҷузъу томҳои низомӣ шуруъ намуд.
Аз моҳи апрели соли 1995 генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ҳамроҳи вазири нав дар сохтмони Артиши миллӣ муовинонаш ва афсарони олирутба генерал-майор А. С. Чубаров, полковник С. Н. Бобоҷонов, генерал-майори авиатсия В. М. Грудина, генерал-майор А. А. Абдуласанов, генерал-майор З. М. Файзиев, генерал-майор И. Додоматов ва бисёр дигар афсарони олирутба саҳми шоистаи худро гузоштаанд.
Ҳоло вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро генералполковник Шералӣ Мирзо сарбаландона иҷро намуда истодааст.
Имсол, 33-солагии Истиқлоли давлатиамонро дар як фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегирем. Вале ҳамагӣ 33 сол пеш кам касоне дар фикри таҷлили ҷашни истиқлол буданд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли 31 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлол, пойдории сулҳу субот ва сохтори конститутсионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот карданд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро нахоҳем фаромӯш кард.
Дар давоми 33 соли истиқлол ва 31 соли ташкилёбии Артиши миллӣ, ҳайати шахсӣ дар чандин машқҳои муштарак бо давлатҳои хориҷаи дуру наздик иштирок намуд. Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст.
Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд.
Вақте, ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлол ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.
Акнун мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлоли Тоҷикистон баҳра баранд.
Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дод.
Мо бояд ҷавонони Тоҷикистонро, ки масъулияти амну озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамон бар дӯши онҳост, ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем.
Давлаталӣ Алимов,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав,
подполковники эҳтиётӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...