Табиби тоҷик мусофиреро дар қатораи хатсайри Нижний Тагил-Екатеринбург аз марг наҷот дод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 ноябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 385
Кардиологи бемористони шаҳрии рақами 1-и Нижний Тагил дар Россия Мукамил Сангинов як мусофири қатораи Нижний Тагил - Екатеринбургро наҷот дод. Дар ин бора портали интернетии "E1" рӯзи 1 ноябр хабар дод.
Зан бо духтараш аз Качканар ба Екатеринбург бармегашт. Ногоҳ дар вагони пурмусофир вай худро бад ҳис кард, фишораш 50/30 буд, набзаш ҳис карда намешуд.
Тасодуфан Сангинов дар наздикӣ қарор дошта, фармуд, ки занро дар байни курсиҳо гузоранд ва ба ӯ реаниматсияи дилу шуш анҷом дод, ки дилаш дубора «ба кор даромад». Пас аз он аз атрофиёнаш шоколади сиёҳ ва қаҳва хост, то фишори хуни беморро баланд кунанд ва муваффақ шуд.
Дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳр аллакай як мошини ёрии таъҷилӣ занро интизор буд ва ӯро дар маркази махсуси табобатӣ бистарӣ карданд.
Духтари мусофир Юлия ба Сангинов барои кордонӣ, таваҷҷуҳ ва меҳрубонӣ изҳори сипос кард.
«Ифтихор дорам, ки мо чунин табибони поквиҷдон ва баландихтисос дорем», - гуфт ӯ.
Маълум шуд, ки Сангинов дар бораи воқеаи рӯйдода ба ҳамкасбонаш нагуфтааст. Вақте ки беморхона суханони миннатдорӣ гирифт, ӯ гуфт, ки дигар хел рафтор карда наметавонист. Сардухтури беморхонае, ки духтури дил дар он кор мекунад, низ ба Сангинов миннатдорӣ баён кард.
«Боиси хурсандист, ки дар беморхонаи мо чунин мутахассисони содиқ кор мекунанд», - гуфт ӯ.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00