Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Нони гарми сарбоз


Нони гарми сарбоз



Сарбози қаторӣ Саид Муродов дар қисми низомии 07256 ба ҳайси нонпаз хизмат мекунад. Ҳамхизматонаш нонҳои гарми пухтаи ӯро истеъмол мекунанд ва лаззати он то дергоҳ аз даҳони онҳо намеравад...

Саид Муродов баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои идомаи таҳсил ба Федератсияи Россия рафт. Ду сол дар он ҷо таҳсил намуда, дипломи магистратураро бо ихтисоси каскадёр гирифт. Ӯ нақл кард, ки баъди огоҳӣ ёфтан аз муноқишаҳои марзӣ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ва далерию ҷонбозиҳои сарбозони тоҷик дар хатти марз тасмим мегирад, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба хизмати аскарӣ равад.

Ҳамин тавр, меҳр ба Ватан ва қарзи шаҳрвандӣ Саид Муродовро моҳи апрели соли 2022 ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ӯро ба Комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе сафарбар карданд. Ҳамин тавр, тӯли шаш моҳ дар он ҷо адои хизмат кард. Бо сабаби оиладори ӯро наздиктар ба маҳалли истиқоматиаш - ба Комедатураи ҳарбии гарнизони Хатлон ба шаҳри Бохтар мегузаронанд. Ва инак, 5 моҳ аст, ки Саид дар ин қисми низомӣ хизмати аскариро пеш мебарад.

...Ҳар рӯз баъди хӯрдани хӯроки шом то вақти хоби сарбозон вақт зиёд аст. Ҳайати шахсие, ки вақти холигӣ доранд, ҷамъ шуда, якҷо саҳнаву қироатҳои Саидро аз “Шоҳнома” гӯш мекунанд. Қариб ҳар бегоҳ Саид як порча аз ин асар қироат мекунад ва баъзе вақтҳо нақши қаҳрамонони асарро офарида, хотири сарбозонро шод мегардонад.

Дар ин қисми низомӣ аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон ҷавонони ватандӯсти кишвар адои хизмат мекунанду дер боз ба дидорбинии волидон нарафтаанд. Масалан, аз Суғду Бадахшон сарбозон хизмат мекунанд, ки тӯли ду сол мешавад, софдилона хизмати аскариро пеш мебаранд. Қаҳрамони матлаби мо пайваста кӯшиш мекунад, ки аз китоби «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ шеър қироат кунаду хумори дили онҳоро шиканад. Нақли қиссаву ривоятҳои ҷолиби Саид боис шуда, ки сарбозон ҳамеша ӯро пазмон мешаванд. Боре вақти суҳбат аз ӯ суол кардам: -Саид, чаро ба хизмати аскарӣ омадӣ? Гуфт: “Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад...”. Ҳар нафари худогоҳу хештаншинос, ватандӯсту поквиҷдон барои ҳимояи он ҷон нисор мекунад. Чун Паёмбари акрам мефармояд: “...Ҳимояи Ватану меҳан аз гӯшаи имон аст”. Ман, ки дар ин сарзамин ба дунё омада, ба камол расидаам, хизмат бароям қарз аст», - сарбаландона посух дод ӯ.

Саид вақти худро ҳеҷ гоҳ беҳуда намегузаронад. Ҳар гоҳе, ки вақти муносиб ёфт, албатта китоби бадеӣ ва рӯзнома, бахусус рӯзномаи “Хатлон”-ро, ки ба қисми ҳарбӣ оварда мешавад. Ӯ то имрӯз беш аз 5 ҳазор китоб мутолиа намудааст. Фонди луғавии хело бой дорад. Ҳар суханашро бо панд ё масалу шеър посух мегӯяд. Он гуна дар байни ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ маҳбуб шудааст, ки афсарон ӯро даъват карда, қироати шеърҳоро хоҳиш мекунанд. Саид дар баробари ин боз ҳунари сарояндагиву навозандагӣ низ дорад. Бо асбоби гитор суруд месарояду лаҳзае ҳам бошад, хизматчиёнро аз хастагиву парешонӣ дур бурда, болидарӯҳашон созад.

14 феврали соли 1997 ба дунё омадааст. Волидон ӯро Саидҷон ном гузоштанд. Соле, ки Саид Муродов ба дунё омад, соли ба имзо расидани “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ” буд. Яъне, дар ин сол Тоҷикистон ба ҷангҳои бародарӣ ва хонумонсӯз нуқта гузошт. Дар рӯзи 14 феврал ба дунё омадани ӯ низ беҳикмат нест. 

Аксарият ин рӯзро ҳамчун рӯзи ошиқон медонанду дилдодаҳо ба ҳамдигар рози ишқ мекунанд. Дар оила низ марди ҳалим асту дар муносибат бо завҷааш самимист. Аз зиндагии пур аз муҳаббату ишқ қаҳрамони мо соҳиби як духтарчаи нозанин аст. Аз эҳтирому муҳаббаташ ба волидон аён аст, ки ба ӯ дуои нек медиҳанд. 

...Кӯдак буд. Ҳанӯз, дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ дарс мехонд. Модараш дар он ҷо мураббия шуда кор мекард. Дар ҳар як ҷашну маросим ба Саид супориш медоданд, ки ягон нақше офарад. Барои офаридани нақш ва нозукиҳои он модар ба вай кӯмак мекард. Ана аз ҳамон лаҳзаҳо меҳри санъат дар дили кӯчакаш ҷо шуда буд. Ӯ модарашро аввалин устоди худ медонад. Чун аввал тақдиру баъд модар сабаб шуд, ки вай ба ин роҳи пурифтихор раваду шуҳратманд гардад. Ҳамин тавр, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳои худро ба ДДФС ба номи М. Турсунзода супорид. Чаҳор сол дар он ҷо таҳсил кард. Дар донишкада Саидро барои иҷрои корҳои мустақилона устодону ҳамсабақонаш дӯст медоштанд. Ӯ пайваста дар ҷустуҷӯ буду болои худ кор мекард. Ҳамин буд, ки дар дили мардум ба зудӣ ҷо гирифт.

Қаҳрамони мо пас аз нақш бозидан дар намоишномаи “Эдип” ба эҳтироми мардуми театрдӯст сазовор гардид. Ӯ дар ин намоишнома нақши асосӣ-Эдипро, ки шоҳ буд, бозидааст. Дар ин намоишнома нақши асосиро бозӣ кардан хело мушкил буд. Вале, Саид, ки маҳорати хуби театрӣ дошт, аз нозукиҳои актёрӣ бохабар буд, аз иҷрои он ба хубӣ баромад. Баъди намоишнома мухлисони ҳунари ӯ зиёд гардид. Вай театри «Аҳорун»-ро ро интихоб мекунад. Аввалин кори худро дар ин театр дар нақши Исфандиёр- аз рӯи асари безаволи Фирдавсӣ- «Шоҳнома» оғоз намуда, ба театр тамошобини зиёдеро ҷалб кард. Сипас, соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту-2021» дар намоишномаи «Макбет», дар нақши аввал бозӣ кард. Садои хело қавӣ ва марғуладори ӯ ба аъзои ҳакамон писанд омада, ҷоизаи «Беҳтарин нутқи саҳнавӣ»-ро дар ин озмун ба вай доданд.

То ин дам Саид Муродов дар даҳҳо намоишномаҳои театриву филмҳо дар нақшҳои асосӣ бозӣ кардааст. Истеъдоди воло дораду ҳамеша дар ҳоли такмили худ аст. Ӯ ният дорад, ки баъди хатми хизмати аскарӣ дар як намоишнома дар нақши Даҷол бозӣ кунад. Пайваста дар нақшҳои асосӣ бозӣ кардани ӯ беасос нест. Коргардонҳо ин гуна нақшҳоро ба ҳар нафар бовар карда наметавонанд.

Ҳамагӣ чанд ҳафтаи дигар мондааст, ки қаҳрамони мо хизмати аскариро ба анҷом расонад. Барояш барори кору парвози баланди эҷодӣ таманно мекунем.

Набиҷони Саидаброр,
сарбози қаторӣ, махсус барои «Хатлон »

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода