Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » “Ман ва Эйнштейн”


“Ман ва Эйнштейн”



Омӯзгори ҷавон ба фаъолияти пуршарафи хеш оғоз намуд. Ӯ ба тарзи замонавӣ дарс хонда буду бо ҳама роҳу усулҳои муосири таълим гӯё мусаллаҳ буд. Пеш аз оне, ки ба тадрис оғоз намояд, аввал дарсҳои омӯзгорони собиқадорро мушоҳида намуд. Аммо ба таври худ “қонеъ” нашуд.

Ин чӣ хел таълим?

Рост шин!

Гап назан!

Навис!

Дафтарат куҷост?

Магар дар асри XXI бо чунин усул дарс мегӯянд? Аз усулҳои беҳтарину муосир истифода бояд бурд. Насли замони нав комилан дигар аст. Ба онҳо озодии амалу андешаро бояд дод.

Бо ҳамин фикрҳо ӯ вориди шабакаи ҷаҳонии интернет гардиду бо як матни аҷибе вохӯрд, ки аз хотираҳои олими маъруф Алберт Эйнштейн буд. Матн “Нуҳ қоидаи муаллимӣ аз Эйнштейн” ном дошту барои омӯзгори ҷавон ниҳоят писанд омад. Ӯ ба худ гуфт:

-Ана чунин омӯзгорӣ бояд кард. Бо чунин тарз шахсиятҳоро тарбият бояд намуд. Ӯ ба худ аҳд кард, ки ҳатман қоидаҳои олимро дар фаъолияти омӯзгориаш татбиқ хоҳад кард.

Қоидаҳо чунин буданд:

1. Ман ҳеҷ гоҳ дафтари ҳозиру ғоиб надоштам; чун синф бояд он қадар ҷаззоб бошад, ки бидуни дафтари ҳозиру ғоиб шогирдат ба дарс биёяд.

2. Ҳеҷ гоҳ саъй накардам, ки синфамро ғамгин ва афсурда нигоҳ дорам, чун синф хонаи дувуми шогирд аст.

3. Ҳар шогирде дер омад,ба синф роҳаш додам. Чун медонистам, ки 10 дақиқа ҳам ба синф биёяд, эҳсоси масъулият кардааст.

4. Ҳеҷ гоҳ беш аз ду бор ҳарфҳоямро такрор накардам, чун он қадар ҷаззоб дарс мегуфтам, ки ҳеҷ кас нагуфт, бори севум такрор кун.

5. Ҳеҷ гоҳ 90 дақиқа дарс надодам, чун медонистам зарфияти шогирди мутавассит, камҳуш ва боҳуш аз ҳам фарқ дорад.

6. Ҳеҷ гоҳ шогирдеро ҷаримаи нақдӣ накардам, чун медонистам бачаи мустазъаф (заиф, нотавон ) бошад, ё ятим.

7. Ҳеҷ гоҳ шогирдеро дар дафтар (идора, кабинет) мунтазир накардам, чун медонистам дар дафтар истодан шикасти ғурури шогирд аст.

8. Ҳеҷ гоҳ танбеҳи инфиродӣ накардам, балки гурӯҳӣ танбеҳ кардам, чун медонистам, танбеҳи гурӯҳӣ ҷанбаи шармовар дорад, вале танбеҳи инфиродӣ ғурурро мешиканад.

9. Ҳамеша ва доим ба шогирд наздики тахта омаданро омӯзонидам ва аз онҳо ҳамеша саволҳоеро мекардам, ки мутмаин будам ҷавобашро медонанд. Чун медонистам куҷояшро намедонанд, намепурсидам.

Вақте омӯзгори ҷавон бо такя ба қоидаи таҷрибаи якуми Эйнштейн дафтари ҳозиру ғоибашро барҳам дод, якто-якто омадани донишомӯзон ба дарс камтар ва дертар шудан гирифт.

Ҳеҷ гап не, ин оғоз аст, гӯён ӯ ба риояи қоидаи дуюм гузашт ва он чунин натиҷа дод, ки дигар оромиши синфхонаро барқарор кардан тамоман душвор гардид. Акнун завқи шӯхиву хандаҳои толибилмони дар таҷрибаи нокифояи омӯзгори ҷавон санҷидашаванда афзудан гирифт.

Аммо ӯ боз ҳам ҷуръатро аз даст надоду ба иҷрои қоидаи сеюм гузашт. Ва кор ба ҷое расид, ки дигар донишомӯзони деромада бе иҷозат ва ба гуфти мардум “бе пош-пош” вориди синфхона мегардиданд.

Вақте марҳилаи қоидаи чорум расиду як муддат онро таҷриба намуд ва пасон дафтарҳои донишомӯзонро санҷид, дар онҳо ҷуз номи мавзуъҳо ва сафҳаҳои сафеди дастнахӯрда чизи дигаре набуд.

Чун ба қоидаи панҷум расид, то ба зарфияти шогирди боҳушу камҳуш мутобиқ дарс гӯяд, акнун парандагони бо шарофати қоидаҳои қаблӣ аз қафас раҳошуда ё ба гӯшзадкунии он ки “устод, занг шуд!”, ё бо озодии аз меъёр зиёди додаи устод мустақилона ба дарс “хотима” мебахшидагӣ шуданд.

Ҳамин тавр, қоидаҳои 6,7,8 низ ҷуз натиҷаҳои манфӣ чизи дигаре ба бор наоварданд. Чун хаставу дилгир қоидаи нуҳумро таҷриба кард, ба ҷое расид, ки акнун ба саволҳои ба донишомӯзон додааш худаш ҷавоб мегуфт.

Ӯ ба фикр ғарқ шуд. Чаро чунин шуд? Чаро ҳама натиҷаи баръакс дод? Бо умеди шахсият сохтан гурӯҳро ба саргаҳи бешахсиятӣ расонидам. Ӯ бо сабабҳои ба сараш омада худро чунин тасаллӣ медод:

-Шояд донишомӯзони Эйнштейн аз донишомӯзони имрӯзаи мо фарқ доштанд? 

Шояд дарку фарҳангашон мухталиф буд; шояд ин масъалаи солҳои пешин буд? Шояд сабаб дар таҷрибаи нокифояи ман буд?

Чунин шоядҳои бешумор ба фикри омӯзгори хасташуда фишор меоварданд, ки ҳамин вақт шоҳбайти Саъдии бузург ба наҷоташ омад:
Устоду муаллим чу буванд беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.

Барои он ки фарҳангу ахлоқи дигаронро талқин ва пайгирӣ намоӣ, аввал бубин, ки фарҳанги миллӣ чӣ мегӯяд. Бо гуфтани ин ҳикмат ӯ оромиш ёфт.

-Бале, равишро иваз бояд кард. Куллан ҷиддӣ дарс бояд гуфт. Ва ӯ ба сафҳаи аввали дафтари хотироташ, ки чанде пеш “Ман ва Эйнштейн” ном гузошта буд, “Ман ва Саъдӣ” навиштанӣ шуд, ки ҳамин дам байти дигаре аз Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ба суроғаш омад:
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.

Ана ёбу гир!

Кадоме аз инҳоро таҷриба бояд намуд?

Дар дарс ҷиддӣ бояд буд ё меҳрубон?

Сари омӯзгор гаранг шуд. Ва билохира, баъди кашмакашҳои зиёди фикрӣ ба чунин хулоса омад:

Бояд таҷрибаҳои дигаронро омӯзӣ ва ба андешаи худ асос гузорӣ. Бигзор ҳар кас дар ҷодаи хеш “кони таҷриба” бошад! Ва ӯ ба сафҳаи дафтари хотироташ чунин навишт: “Ман ва касбам”.

Райҳона РАҲМАТОВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода