Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Б. Сайдалиев: «Оламиён тавассути журналистон таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро пазируфтанд»


Б. Сайдалиев: «Оламиён тавассути журналистон таҷрибаи нодири сулҳи тоҷиконро пазируфтанд»



Мусоҳибаи ихтисосии рӯзномаи “Хатлон” бо Боймурод Сайдалиев, журналист, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон (1993-1997), лауреати Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (16 ноябр-2 декабри соли 1992)

- Боймурод Ҳалимович! Шумо яке аз журналистоне ҳастед, ки бевосита дар иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон иштирок карда, ҷараёни онро инъикос намудаед. Дар мавриди аҳамияти таърихии ин иҷлосия дар китобҳоятон «Ҳабдаҳ рӯзе, ки олам нигарон буд», «Аз Қасри Арбоб то минбари башар», «Ҳадяи қисмат» ва «Фотеҳи қуллаи армон» батафсил навиштаед. Аммо мехостам, суҳбатро дар мавриди саҳми журналистон дар бозтоби ин рӯйдод, ки инак, 25 сол аз он сипарӣ мешавад, оғоз намоем, чун дар ин бора то ин вақт камтар гуфтаанд.

Лутфан, бигӯед, ки чӣ гуна ба Қасри Арбоб рафтед ва аввалин таассуротатон ҳамчун журналист аз ҳолу ҳавои он иҷлосия чӣ буд?

- Солҳои 90-уми садаи гузашта мардуми Тоҷикистон мушкилоти зиёдеро пушти сар карда, дар набардҳои хунин шаҳрвандони зиёде ба ҳалокат расида, як қисм шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо, корхонаҳо ба харобазор табдил ёфтанд. Он айём сохтори фалаҷшудаи ҳокимият аз уҳдаи идоракунии давлат намебаромад. Дар ин ҳама гирудорҳо бештар водии Вахш хисорот бардошт. Мо, ки дар ин водии зархез кору зиндагӣ доштем, он замон медидем, ки санги маломат задан ба гузашта, аз буда бештар баҳо додан ба воқеият, таҷрибаи кофӣ надоштан дар демократикунонии ҷомеа, ба арсаи сиёсат по гузоштани як гурӯҳи мансабхоҳон боиси парокандагии миллат ва нооромии ҷомеа гардид.

Онҳо барои расидан ба мансабу вазифа талошҳо ва кашмакашиҳо карда, оташи низоъро аланга медоданд, мардумро ба митингу эътирозҳо даъват менамуданд. Майдоннишиниҳо, гаравгонгириҳо ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфта буд. Халқ аз мақомоти давлатӣ, роҳбарони кишвар, вакилони худ тақозо мекард, ки барои муътадил сохтани вазъият тадбирҳои таъҷилиро андешанд.

Бо дарназардошти ин, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар миёни мардум ҳамчун таҳаввулоти сарнавиштсоз ном бурда мешавад, дар ҳақиқат, дар таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол як рӯйдоди тақдирсоз буд.

Камина ба сифати рӯзноманигор, ҳамчун намояндаи радиои Фронти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Мавҷи Вахш”, ки он рӯзҳо ҳайати эҷодиашро сарварӣ мекардам, дар Иҷлосияи 16-ум иштирок доштам. Ин сафар бо ризоият ва шаҳодатномаи роҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров имконпазир шуд, зеро ҳар як журналист дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) ба қайд гирифта мешуд ва танҳо дар сурати доштани шаҳодатномаи махсус ва ризоият барои иштирок кардан дар иҷлосия иҷозат мегирифт. Хулоса, аз ҳуҷҷатгузориву санҷишҳо гузаштем ва дар Иҷлосия XVI ба сифати журналист ширкат варзидем. Бояд бигӯям, ки шумораи журналистон аз ВАО-и давлатӣ дар он иҷлосия ба он андоза, ки мехостем, зиёд набуд. Аммо аз расонаҳои ғайридавлатӣ хабарнигорони бисёр ширкат доштанд. Аз ҷараёни Иҷлосияи XVI рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”, инчунин нашрияҳои ғайриҳукуматии “Ориён”, “Иттиҳод” ва дигар ВАО силсилаи хабару гузориш ва иттилоияҳо ба чоп мерасониданд.

Ногуфта намонад, ки дар баробари нашри ахбори расмӣ, мақолаҳои таҳлилию муқоисавӣ, мухбирнома, репортаж, инчунин дар баъзе расонаҳо маводи яктарафа, муғризона ва гоҳе ҳатто бардурӯғ низ ҷой дода мешуданд. Яъне рӯзномаҳо ҳам ба ду сангар ҷудо шуда буданд, ҳамон гуна ки мардумро дар оғози солҳои 90-ум ба майдонҳо ҷудо карда буданд. Масалан, дар рӯзномаи “Ориён”, ки онро “нашрияи демократҳо” ном мебурданд, силсилаи мақолаҳои таҳрифӣ оид ба иҷлосия нашр шуда буд. Яке аз чунин мақолаҳо “Десанти Достиев - иғво” чоп шуд. Абдумаҷид Достиев, вакил аз ноҳияи Бохтар, сардори котиботи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, яке аз вакилони фаъол буд. Ба Достиев таклиф кардам, ки ба ин мақолаи буҳтономез бояд ҷавоб гуфт, чун хомӯширо мардум дуруст намефаҳманд. Ҳамин тавр, дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” вокуниши мо таҳти сарлавҳаи “Иғвогарӣ дар саҳифаи “Ориён”” чоп шуд. Илова бар ин, азбаски А. Достиев сардори котиботи Иҷлосия буд, бо муроҷиатҳои мардум, бо мактубҳои аз дигар кишварҳо расида сарукор дошт ва воқеияти реалиро хуб медонист, мақолаи навбатиашро бо номи “Ҳақиқатро завол нест” дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ба нашр расонид. Ин ҷавоби саҳеҳу конкретӣ ба ҳама он мақолаву гузоришҳои ғаразолуди баъзе ВАО-и ғайриҳукуматӣ, ки аз ҷараёни Иҷлосияи 16-ум чоп шудаанд, буд.

- Яъне аз ҷониби на ҳамаи расонаҳои хабарӣ раванди ин иҷлосия ба таври шаффофу воқеъбинона инъикос мегардид?

- Албатта, шумораи нашрияҳое, ки хабарнигоронаш аз рӯйи виҷдон ва бо риояи стандартҳои журналистӣ кор мекарданд, кам набуд. Ба ғайр аз рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”, инчунин ТВ “Ленинобод”, нашрияҳои ҳизби коммунистӣ ва баъзе созмонҳои дигар кӯшиш мекарданд, ки раванди ин иҷлосияи тақдирсозро пурра ва бидуни таҳриф инъикос намоянд. Дар ҳар шумораи “Ҳақиқати Ленинобод” қарору санадҳои ҳуқуқии дар иҷлосия қабулшуда, андешаву пешниҳодоти вакилони мардумӣ ва дигар иштирокчиён дар шакли гузоришу мусоҳиба ба чоп мерасид. Ёд дорам, ки дар саҳифаи якуми рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” (№163) рӯзи 16 ноябри соли 1992 байти зерин ҷой дода шуда буд:
Зиҳӣ, кабӯтари сафеди оштӣ,
Ки дил барад суруди ҷонфизои ӯ!

Дар ҳамон шумора ду шеър ҳам чоп шуда буд, бо номҳои “Моро кӣ мераҳонад?” ва “Ватанро дар амон монед!”. Шеъри дувум, ки муаллифаш Назар Ашӯрзода буд, орзуи аксари мардуми Тоҷикистони азизро ифода мекард:

Ватанро дар паноҳи одамони меҳрубон монед,
Заминро бе садои тиру бе шӯру фиғон монед.
Камонро пора бинмоеду андар кӯра сӯзонед,
Ҳаёти одамонро, одамон, андар амон монед!

Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ва дигар рӯзноманигороне, ки аз вилояти Хатлону маркази ҷумҳурӣ ба Иҷлосия рафта буданд, ҳар воқеаву лаҳзаҳои ҷараёни ҷаласаҳои Иҷлосияи XVI, фикру мулоҳизоти вакилони мардумиро дуруст, шаффоф ва ҳадафмандона нашр мекарданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар ҷараёни иҷлосия аз ҳама фаъол ба назар мерасид. Хабарнигорони парлумонии ин нашрия ҳар як рӯзи иҷлосияро воқеъбинона инъикос мекарданд.

Вале ҳамзамон, баъзе журналистоне буданд, ки ба кори иҷлосия баҳои объективона намедоданд. Онҳо шояд супоришеро иҷро мекарданд, ки гоҳе ба шӯрандозии вакилон даст мезаданд. Олег Панфилов ном журналист яке аз онҳо буд. Ёд дорам, ки 19 ноябри соли 1992 вакили мардумӣ аз ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев дар Иҷлосия пешниҳод намуд, ки ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ карда шавад. Ин таклифро депутати мардумӣ аз шаҳри Хуҷанд Ҷаҳон Набиев дастгирӣ намуд. Дар овоздиҳӣ аз 197 вакил 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон аз ин муждаи ҳаётбахш неру гирифтанд ва ба ояндаи неки кишвар умедвор шуданд, Олег Панфилов ба назди Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои Олӣ, омада гуфт: “Шуморо намояндагони маҳалли дигар аз кор гирифтанд. Изҳороти сиёсӣ диҳед, ки мо ба ҷаҳон паҳн кунем. Дар изҳорот гӯед, ки аз кор озод кардани Шумо бо ташаббуси гурӯҳи муайяни вакилон ба амал омад”.

Дар ҷавоб Акбаршо Искандаров табассум карду гуфт: “Аз вазифаи раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон озод шудани ман қонунӣ буд ва дар чаҳорчӯбаи муқаррароти Конститутсия сурат гирифт. Ман Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи инструктори райком буданаш мешиносам. Одами уҳдабаро, масъулиятшинос аст. Агар дар канораш муттаҳид шавем, ӯ давлатро аз вартаи ҳалокат наҷот дода метавонад”. Шояд шодияш аз он буд, ки бори вазнини масъулият аз шонаҳояш холӣ шуд, зеро вазъияти кишвар он замон бисёр мураккаб буд. Ҳамин тавр, Олег Панфилов ва он журналистоне, ки ақидаҳо ва мавқеи мухолиф доштанд, хомӯш монданд. Бояд бигӯям, ки дар толори иҷлосия ҳуҷраи хурде буд, ки журналистон он ҷо кор мекарданд. Аксари онҳо вазифаҳои худро поквиҷдонона анҷом медоданд. Шумораи журналистони беғараз, албатта, бештар буд.

- Аз ҷониби ВАО -и хориҷӣ Иҷлосияи 16-ум чигуна бозтоб меёфт?

- Агар хато накунам, аз ҷараёни Иҷлосияи XVI хабарнигорони оҷонсиҳои “Франс-пресс”-и Фаронса, ДПА-и Канада, «Рейтер», «Интерфакс», телевизиони “ОРТ” (Москва), Агентии телеграфи Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС), ИРНА-пресс, телевизиони “Россия”, аз расонаҳои Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзномаи «Труд» ва намояндагони хабаргузориҳои дигар матлаб омода карда, ирсол медоштанд. Аммо вазъияти он замон имкон намедод, ки тамоми хабару гузоришҳои ВАО-и хориҷӣ таҳлилу баррасӣ шавад.

Ҳамчунин, гурӯҳи калони кормандони телевизиони “Ленинобод” (имрӯза ТВ “Суғд”) пуркор буданд. Мухбирон ва суратгирони “Ҷумҳурият”, АМИТ «Ховар», радиои “Тоҷикистон” низ фаъол буданд.

- Дар китоби худ “Ҳабдаҳ рӯзе, ки олам нигарон буд” навиштаед, ки ба муносибати Иҷлосияи 16-ум шумораи махсуси рӯзномаи “Хатлон” ҳам бо мактуб, муроҷиат, таклифу дархостҳои мардуми азияткашида ва дар муҳосирамондаи собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ба нашр расид ва онро рӯзноманигор Сайид Барот ба Хуҷанд бурда буд. Мегуфтед, ки муҳтавои ин нашри махсуси рӯзномаи “Хатлон”, ки ҳоло дар бойгониҳои Қӯрғонтеппа, мутаассифона, дастрас нест, аз чӣ иборат буд?

- Ман, ки сарвари радиои “Мавҷи Вахш” будам, ҳамроҳи сардабири “Ҳақиқати Хатлон” – нашрияи Фронти халқии Тоҷикистон, ба Иҷлосияи 16-ум бо дасти холӣ нарафтем. Шумораи махсуси рӯзномаро омода намудем, ки дар он муроҷиатҳо, таклифу пешниҳодоти сокинони вилоятҳои собиқи Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ҷой дода шуда буд. Мазмуни ҳамаи ин арзу муроҷиатҳо қариб як хел буд: “Дар Тоҷикистон сулҳу салоҳ барқарор ва мардум бо озуқаворӣ таъмин карда шавад”. Азбаски сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида буд, мардум дар лаҳзаҳои зарурӣ намедонистанд, ки ба куҷо муроҷиат кунанд. Мо беш аз 300 ариза, барқия, номаҳои доди шаҳрвандонро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ҷамъ оварда, ба вакилони Иҷлосияи 16-ум бурдем.

Вазъият он айём дар ҳақиқат мушкилу ташвишовар буд. Ҷанг ҳанӯз давом дошт, дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа шаҳру ноҳияҳо ба харобазор табдил ёфта, беш аз 563 ҳазор одамон гуреза шуда, макони зисти доимии худро тарк карда буданд, ки аз ин миён 49200 нафараш дар давлати исломии Афғонистон фирорӣ гашта буд. Беш аз 33 ҳазор манзили истиқоматӣ дар ин минтақа сӯхтаю валангор гашта, ба муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ зарари ҷиддӣ расида буд.

Ҳамсафарам шодравон Сайид Барот дар роҳ ба Хуҷанд хушҳолӣ мекард: “Нияти аксари одамони муътабари Тоҷикистон нек аст. Мардум фикру зикри вакилонро фаҳманд, шод мешаванд, зеро аксариятро абри ғаму андуҳ фаро гирифтааст. Худо кунад, ки мардуми кишвар сарвари адолатхоҳ, сулҳпарвар ва соҳибхираду боҷасорати худро пайдо кунанд ва давлатамон дубора орому обод шавад”. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Бояд бигӯям, ки раҳматӣ Сайид Барот дар ноҳияи Бохтар, дар маркази даргириҳо зиндагӣ карда, дар шароити пурташвиш як гурӯҳ рӯзноманигоронро муттаҳид намуда, рӯзномаи “Ҳақиқати Хатлон”-ро чоп мекард. Дар он лаҳзаҳои фалокатбор рӯзнома ягона воситае буд, ки ҳақиқатро дастраси мардуми собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва тамоми кишвар кунад.

Одамони муътабар, фардони соҳибмаърифат ва хирадманди шаҳру ноҳияҳо дар саҳифаҳои ин рӯзнома бо матлабҳои хонданибоб ва пуртаъсир баромад намуда, аҳолиро ба оромӣ, созиш, якдигарбахшӣ ва кори пурсамар баҳри ояндаи нек даъват мекарданд. Арзи дили садҳо одамони одӣ дар саҳифаҳои рӯзнома чоп мешуд...

- Дар мавриди нахустин мулоқоти роҳбари он замон тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма чӣ ба ёд доред? Чун медонам, ки ин мулоқот аз ҷумла бо ибтикори Шумо сурат гирифтааст...


- Вақте ки Иҷлосия ба охир расид, ба назди Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даромадам. Гуфтам, ки муҳтарам раис, дар инъикоси ҳамаҷонибаи иҷлосия аз ҳама бисёр кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» заҳмат кашиданд ва ба пуррагӣ мазмуну мундариҷаи онро холисона ба мардум расониданд. Илова бар ин, дар бораи рафти иҷлосия фикру мулоҳизаҳои мардум дар ин рӯзнома бештар нашр гардидааст. Хуб мебуд, ки вохӯрии Шумо бо кормандони рӯзнома як барпо шавад. “Ба ҷону дил, ман қабул мекунам”, - гуфтанд Роҳбари давлат. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

4 декабри соли 1992 дар Комиҷроияи вилояти Ленинобод вохӯрии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли қалами рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» барпо гардид. Байни журналистон ва Раиси парлумони ҷумҳурӣ оид ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамъбасти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба чӣ гуна хомӯш кардани алангаи ҷанг ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон дар он вохӯрӣ журналистонро даъват намуд, ки минбаъд низ қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро баҳри пойдор гардонидани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд.

Дар он мулоқоти таърихӣ журналистон роҷеъ ба мушаххастар ва ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», таъминоти моддию техникӣ ва молиявии рӯзномаҳои маҳаллӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ аз ҷониби ҳукумат ва дигар масоили муҳими рӯз фикру мулоҳиза баён доштанд, ки аз ҷониби Раиси парлумон хуш пазируфта шуд.

Дар ҳамон суҳбат Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки “Барои оромии Тоҷикистон, агар лозим ояд, ҷонамро нисор мекунам”. Ин ҳарфи Роҳбари давлат баъдан дар муроҷиатномаашон ба мардуми шарифи кишвар низ такрор ёфт. 

Яке аз журналистони ошкоргӯ, шодравон Ҳасан Шарифов ба Ҷаноби Олӣ муроҷиат кард: “Муҳтарам раис, ба Шумо дар бораи Абдумалик Абдуллоҷонов (он вақт сарвазир таъйин шуда буд) саволе доштам. Оё Шумо ба садоқати ӯ эътимод доред?”

Роҳбари давлат дар ҷавоб гуфтанд: “Ба ӯ бовар дорам, зеро ӯ дар назди модараш қасам хӯрд, ки содиқона дар паҳлуи ман ба Ватан хизмат мекунад. Қавли ҷавонмардӣ дод, ки хиёнате аз ӯ сар намезанад”. Аммо гузашти вақт қавлшикании Абдуллоҷоновро нишон дод.

- Муаррихону муҳаққиқон бар ин андеша ҳастанд, ки маълумоти нисбатан воқеию муътамадро дар бораи воқеаву рухдодҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ аз матбуоти даврии он айём метавон дарёфт. Аммо муруре ба саҳифаҳои матбуоти даврии он замон нишон дод, ки матбуот ва бархе аз журналистон ҳам дар сангарҳо қарор гирифта буданд. Ё шояд аз неруи ВАО сӯистифода мешуд?

- Сӯистифода аз неруи ВАО бисёр сурат мегирифт. Журналистон ҳам вобаста ба мавқею назарҳои сиёсиашон аз ҳукумати қонунӣ ё неруҳои мухолифин пуштибонӣ мекарданд. Фаромӯш намекунам як ҳолатро. Радиои ҷумҳурӣ муддате зери тобеияти неруҳои мухолифин қарор гирифта буд. Аз тариқи ин радио хабар дода шуд, ки қувваҳои мухолифин шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Калининобод (Сарбанд)-ро ишғол карда, роҳи Кӯлобро бастааст.

Ин дурӯғи маҳз буд ва ба хотири безобита кардани халқ, ноором сохтани вазъ чунин иғвогарӣ сурат гирифт. Он замон роҳбари радиои Фронти халқӣ будам. Сангак Сафаров маро ба назди худ хонда, хоҳиш кард: “ягон хабари дурӯғро ба аҳолӣ нарасонед. Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Одамони роҳгумзада намедонанд ва кӣ бовар кунанд. Мардумон ба сухани дурӯғи радиои ҷумҳурӣ бовар карда, роҳи Душанберо пеш гирифтанд. Аммо дар роҳ нохушиҳои зиёде рӯй дод...”. Вақте Давлат Худойназаров, яке аз чеҳраҳои таъсиргузор аз ҷониби мухолифин, аз  шаҳри Кӯлоб ба водии Вахш омад, бо ӯ суҳбат оростам ва сабти яксоатаи он мусоҳиба тариқи эфири радиои Фронти халқӣ пахш гардид. Аз ӯ суол кардам: “Муҳтарам Худойназаров, шумо дидед, ки дар водии Вахш воқеан ҷанг рафта истодааст?”. “Оре, дидам. Бо чашми худ дидам, ки одамон ҳалок мешаванд, хонаҳояшонро месӯзанд, сар мебуранд”, - тасдиқ кард Д. Худойназаров. Хулоса, вақте ин мусоҳиба пахш гардид, вақте шуниданд, ки “одами худашон” ҳақиқат доштани ҷангу хунрезиро дар водии Вахш тасдиқ мекунад, бовар карданд. Дигар касе ҷангро инкор карда натавонист.

- Бархе маҳз журналистон ва расонаҳоро дар шиддат гирифтани низоъҳо ва афзоиши нофаҳмиҳо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта айбдор мекунанд. Шумо ба чӣ назаред?

- Ҳамчун журналист наметавонам, ки ба чунин иддаоҳо пурра розӣ шавам. Дар ҳақиқат, буданд ҳолатҳое, ки баъзе расонаҳо ва қаламкашони нотавонбин вазъи реалиро ба таври бояд инъикос намекарданд. Аммо мо мекӯшидем, ки барои мардум ахбори дақиқ ва объективонаро пешниҳод кунем. Кор ба ҷое мерасид, ки ба хотири ором кардани мардум тавассути нашрияҳо ва радио ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ инкор мешуданд. Масалан, дар саҳифаи аввали рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”, дар шумораи рӯзи 13 ноябри соли 1992 “Муроҷиатномаи мардуми Ванҷу Дарвози маскуни ноҳияи Колхозобод” (ҳоло ноҳияи ба номи Ҷ. Балхӣ) чоп шудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: “21 сентябр кӯлобиҳо вориди ноҳияи Колхозобод шуданд. Ҳама гумон доштанд, ки онҳо ба одамкушию ғоратгарӣ сар мекунанд. Онҳо ягон касро “ҳайфи ту” нагуфтаанд. Мо ҳамдиёрони худро даъват мекунем, ки ба суханони бофтаю бадномкунанда, овозаҳои дурӯғин бовар накарда, барои пойдории сулҳ кӯшиш намоянд...”.

Баъзе журналистоне ҳам буданд, ки дар ибтидои солҳои 90-ум ба гурӯҳи одамони муайян хизмат мекарданд. Хабару гузоришҳои бӯҳтономез нашр мекарданд. Онҳо маводашонро бо дарназардошти манфиатҳои кордиҳандаи худ, ки хориҷиҳо буданд, таҳия месохтанд. Дар ин ҷода журналистони поквиҷдон низ буданд. Ҳарчанд воқеиятро холисона менавиштанд, ба онҳо таҳдид ҳам мекарданд.

Лекин бисёр одамон ақидаи худро дигар накарданд, медонистанд, ки поёни ин ҳама бебарориҳо муваффақият аст. Журналистон ҳам дар мавқеи худашон истоданд. Рӯзномаи “Ҳақиқати Хатлон” фикру ақидаи одамони муътабар, фардони соҳибмаърифат ва хирадманди шаҳру ноҳияҳоро ба чоп мерасонд, ки онҳо аҳолиро ба оромӣ, созиш, якдигарбахшӣ ва кори пурсамар баҳри ояндаи нек даъват мекарданд. Арзи дили садҳо одамони одӣ дар саҳифаҳои ин рӯзнома чоп мешуд.

Мардум дар номаҳояшон дархост карда буданд, ки вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро муттаҳид карда шаванд, то мардуми Кӯлоб дар барқарор кардани харобазорҳои водии Вахш мусоидат карда тавонанд. Иқтисодиёти вилоят ҳам беҳтар мешавад. Бо дарназардошти ин, мо имзои 116 вакили мардумиро барои дастгирӣ кардани афкору пешниҳодоти мардуми минтақаҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҷамъ овардем ва дар натиҷа 2 декабри соли 1992 бо дастгирии бевоситаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ масъалаи муттаҳидшавии ин ду вилояти ҷанубии Тоҷикистон ҳал шуда, дар заминаи онҳо вилояти Хатлон таъсис ёфт.

Яъне, қисмати аъзами журналистон рисолати худро аз рӯйи виҷдон, содиқона ва бо дарназардошти манфиати умум иҷро мекарданд.

- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои 90-уми асри пор матбуоти даврӣ орӣ аз алфози қабеҳ ва тундгӯӣ набуд. То куҷо меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар он замон риоят мегардид?

- Журналистони ҳақиқӣ ахлоқи касбиро ҳамеша риоя мекарданд. Лекин дар ҳамон замон журналистони “навбаромад”-у шуҳратхоҳеро дучор омадан мумкин буд, ки онҳо аз кӯчаи журналистикаи ҳирфаӣ нагузашта буданд. Шояд онҳоро “қудратҳо”-е ҳам маҷбур мекарданд, ки тунду носазо нависанд. Ҳатто баромади журналистеро шоҳид будам, ки вазирро “вазирча” мегуфт. Таҳқир дар матбуот дар ҳамон давра бисёр ҷой дошт. Як давраи бесомонӣ, бесоҳибӣ, давраи бесалоҳиятӣ буд дар фазои иттилоотии Тоҷикистон. Дар Душанбе ҳокимият вуҷуд надошт, фалаҷ шуда буд. Дар минтақаҳо низ ҳокимият фалаҷ шуда буд.

Шояд ҳамин ҳам сабаб шуда буд, ки расонаҳои ғайрикасбӣ, одамони тасодуфӣ дар матбуот пайдо шуданд. Баъзеҳо гумон доштанд, ки бо танқиди таҳқиромез, бадгӯйӣ, ба шева сухан гуфтану навиштан дар ВАО тез шуҳрат меёбанд. Ҳамин хел сабукфикрӣ, нофаҳмиҳо буд.

- Солҳои 90-ум дар вилояти Хатлон, аз ҷумла водии Вахш, ки нуқтаи доғ ҳам ба ҳисоб мерафт, ба ҳайси журналист кор кардан чандон саҳлу сода набуд. Таърих куштаву нопадид гардидани даҳҳо рӯзноманигорро дар он солҳо сабт кардааст. Шумо он замон раҳбарии бахши иттилоотии Фронти халқӣ ва радиои “Мавҷи Вахш”-ро ба уҳда доштед…

- Дар ҳақиқат, журналист шуда кор кардан он замон бехатар набуд. Мутаассифона, журналистони хуби ростгӯ, профессионале, ба мисли Т. Қобилов, Ш. Кишварова, О. Ёрасенов ва дигарон дар водии Вахш он айём кушта ё беному нишон гардиданд.

Рости гап, дар он замон ҳодисаҳо, вазъият тезутунд буд, рӯйдодҳо босуръат ба вуқӯъ мепайвастанд. Чопи рӯзнома мушкил буд, коғаз, пули зиёд даркор мешуд. Матбаа дар шаҳри Қӯрғонтеппа буд, ки он ҷо ҳеҷ рӯзномаро ба нашр расонидан имкон надошт. Аз ин рӯ, ба хулосае омадем, ки радиои Фронти халқиро ташкил диҳем, бо мақсаде, ки ба мардум ҳақиқатро фаҳмонем. Бояд мардум дарк мекарданд, ки ҳақиқат чист, бояд онҳо бо ахбори муътамад ва холисона таъмин мешуданд. 

Дар мавзеи Гулистони ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ. Балхӣ), ки он ҷо радиостансия мустақар буд, дафтари кории радиоро қарор додем. Барои мо, 22 нафар коркунони радиои фронти халқӣ, кор осон набуд. Роҳи мо аз ноҳияи Вахш то мавзеи Гулистон аз ҳудуди хоҷагии “Москва” мегузашт. Ин мавзеъ зери назорати силоҳбадастон буд. Чанд маротиба ба даст афтодем. Базӯр аз дасти онҳо раҳо шудем. Баъд роҳамонро дигар кардем, ба Тошробод, яъне ба ҷойи корамон, аз миёни кӯҳу теппаҳо гузашта мерафтем. 10 маротиба роҳ дур мешуд, лекин роҳи нисбатан бехатар буд.

Ҳамин тавр, мо ҳамаи барномаҳои радиои Тоҷикистонро гӯш карда, таҳлил менамудем, агар туҳмате ба эфир мерафт, дурӯғ будани он хабари радиои ҷумҳуриро аз тариқи радиои худамон ба шунавандаҳо мерасонидем. Радиои мо дар шаҳри Душанбе хабарнигори худро дошт. Пай дар пай маълумот мегирифтем аз Душанбе. Хабарнигорони хатлоние, ки дар Душанбе буданд, вазъияти воқеиро аз пойтахт ба мо мефаҳмонданд, гузоришҳояшон дар радиои мо пахш мегардид.

- Фарогирии ин радио чӣ қадар буд?

- Барномаҳои радиои фронти халқӣ аз тариқи мавҷи шабакаи дуюми радиои ҷумҳурӣ пахш мешуд. Мо дар тамоми вилоят, ҳатто дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ шунаванда доштем. Фарогириаш васеъ буд.

Шумо дар мавриди нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон асарҳои зиёд навиштаед. Мехостам дар мавриди муносибати Роҳбари давлат ба ВАО ва журналистон низ андешаҳоятонро баён намоед...

- Роҳбари давлат ба журналистон то имрӯз таваҷҷуҳи хос доранд. Ҳамеша дастгирӣ мекарданд. Он кас ба журналистон эътиқоди зиёд доранд, дар байни журналистон дӯстон ҳам доранд. Матбуотро меписанданд. Ҳамарӯза аз навигариҳои ВАО воқифанд. Бисёртар диққат медиҳанд, ки сифати кори ВАО беҳтар бошад.

Ёдам меояд боз ҳамон суҳбати аввалини Пешвои миллат бо журналистон, ки соли 1992 дар вилояти Суғд доир гардид, ки он ҷо журналистонро ба фаъолтар будан дар раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват карда буданд. Ҳамон вақт Эмомалӣ Раҳмон журналистонро ҳамчун ёрдамчии давлату Ҳукумат таъриф карда буданд ва саҳми матбуоти даврӣ, умуман, кулли ВАО-ро дар ташаккули афкори омма ва пешрафти давлат бориз мехонанд.

Дар охир, як мисоли дигари эътимоди баланд доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба журналистон ва аҳли қаламро меорам. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки раисиашро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, дар ҳайати роҳбариаш ду парвардаи мактаби журналистика фаъолият мекунанд: яке Саидмурод Фаттоҳзода - муовини якуми раиси ҳизб, ки фаъолияти меҳнатиашро аз рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” шурӯъ карда маълумоти олии журналистӣ дорад ва дигаре Раъно Бобоҷониён – муовини раиси ҲХДТ, ки доктори илми филология, журналисти соҳибном, муҳаққиқи соҳаи журналистикаи тоҷик. Ҳарду муовини раиси ҲХДТ журналист ҳастанд. Ин ҳам далели рӯшани иддаои мост.

Суҳбати Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон», соли 2017

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода