Аз нос даҳону дандон ифлос!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 сентябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 787
Носкашӣ низ як амали номатлуби рӯз маҳсуб меёбад. Агар яке аз рӯйи ҳавову ҳавас нос кашад, дуюмӣ аз таассуб ба дигарон, сеюмӣ барои ором кардани асабҳояш ва шахси дигар бошад, гӯё барои шифои дарди дандон ба ин амал даст мезанад. Дар оқибати кор онҳо ғофил мемонанду ҳавасу таассубашон ба одати ҳамешагӣ табдил ёфта, нос онҳоро вобастаи худ менамояд. Аз ин одат ба осонӣ халос шуда натавониста, аз карда пушаймон мешаванд.
Мухбирамон “фоида” ва зарари носро фаҳмиданӣ шуда, бо нафарони гуногунандеш ҳамсуҳбат гардид, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагон мегардонем.
ТАРКИ ОДАТ-АМРИ МАҲОЛ
Шамси Муҳаммад, нафақахӯр: -Синнам ба 65 расидааст. Аз 15-солагӣ ба носкашӣ сар кардам. Инак, дар носкашӣ таҷрибаи калон дорам. Ин хуб аст ё бад? Албатта, бад аст, хеле бад. Тайи ин солҳо фоидаи онро надидам.
Аз нос танҳо дандонҳои зардшудаю қисман рехта, решаҳои пӯсида ва бӯйи бад дар даҳон мондаю халос.
... Ҳамааш аз он сар шуд, ки дар оила падарам нос мекашиданд. Чӣ тавр носро ба кафи даст монда, зери забон кардани ӯро мушоҳида намуда, ҳавас мебурдам ва ҳисси кунҷковӣ оромам намегузошт. Бисёр мехостам ба падар пайравӣ карда, кайфи носро фаҳмам. Гумонам он ба кас ҳаловат мебахшад. Ҳаваси кӯдакона ва тақлидкорӣ ба одати падар-бандаро ба носкашӣ тела дод. Аз носкадуи зебою нақшунигоршуда ва даҳонпӯши муҳрадори падар нос дуздида, пинҳонӣ ба даҳон мепартофтам. Боре ба дасти падар задам, гӯшмолам дод, насиҳат намуд, ки ин одати бад аст, хатои ӯро такрор накунам.
Беҳуда нагуфтаанд, ки агар кӯдакро насиҳат карда, фалон корро накун гӯйи, вай аз ҳисси кунҷковӣ, барои фаҳмидани сабаби он, албатта, он корро мекунад. Банда низ бо ҳамин сабабҳо носкаширо давом додам. Ҳаваси наврасӣ дар синни камолот оқибат одати баде гашту ба беморӣ табдил ёфт. Нос маъқулам шуд. Зеро ба пиндорам он роҳат мебахшиду асабро ором мекард, хастагиро мебаровард.
Вале ин одат ба завҷаам, ки русзабон буд, хуш намеомад ва пайваста ғур-ғур менамуд, то носкаширо партоям. Аммо аз одати бад ба осонӣ даст кашида намешудааст. Борҳо кӯшиш кардам, ки нос накашам, вале иродаам намерасид.
Бо гузашти со лҳо ҳис нам удам, ки ҳан гоми суҳбат бо одамон бӯйи ғализи нос аз даҳон мебарояд ва ҳамсуҳбатонам нороҳат шуда, рӯй турш мекарданд ё майли идомаи суҳбатро надоштанд. Дар ҷом еа худро ноҳинҷор ҳис менамудам. Ҳатто боре барои дандонканӣ назди духтури дандон рафта, таънаи ӯро шунидам.
-Даҳону дандонҳоятро шуста, бӯяшро рафъ карда биёед, баъд муолиҷа мекунам,- гуфтани духтур маро зинда ба гӯр кард. Ҳамин баҳона шуд ва инак ҳашт моҳ мешавад, ки ин одати бадро партофтаам. Аз ин амали ман зану фарзандонам, инчунин ҳамкоронам хурсанданд.
«Носак мезанӣ, дар гӯр алосак мезанӣ»
Ҷонибек, тоҷири бозор, шаҳри Бохтар: -Нос мекашам, вале завҷаам аз ин одати бади ман бехабар аст. Чаро пинҳонӣ, мегӯед? Зеро ӯ носкашро чашми дидан надорад. Ман бошам, носкаширо партофта наметавонам.
Салима, соҳибхоназан, ноҳияи Дӯстӣ: -Чаро занҳо нос мекашанд? Ҳаминаш намерасид! Ба ёдам омад, бибиам боре зуком шуда, роҳи нафаскашиаш баста шуд. Барои задани атсаи сахт ба биниаш нос мемонд. Аз бӯйи тези нос пайдарпай атса мезад ва роҳи нафаскашии ӯ кушода мешуд.
Ҳамин тавр, ин амал барои бибӣ одат шуда монд. Раҳматии бибиам то охири умр (дар 92-солагӣ аз дунё гузаштанд) ба бинӣ нос мемонд. Дигар ягон зани носкашро надидаам. Тавба-тавба!
Умедҷони ҚОДИР, ноҳияи Кӯшониён: -Ҳар гоҳе, ки тавассути ҳавопаймо аз Россия ба хона бармегардам, амали баъзе тоҷикбачаҳо хориамро меорад. Онҳо дар дохили ҳавопаймо нос кашида, онро дар кисачаи (халтачаи) паси курсиҳои нишаст, ки барои рӯзнома ё китобгузорӣ пешбинӣ шудааст, туф мекунанд. Тӯли парвоз дохили кисача ифлос мешавад. Ин бефарҳангӣ аст, албатта!
Х.ДАВЛАТ, ронандаи таксӣ: -Дар наврасӣ тез-тез дандондард мешудам. Дард ҳамеша шабона хуруҷ мекард. Аз дору истифода намекардам. Барои гирифтани дард ба дандон нос мегузоштам. Ин “усул-и табобат маро носкаш кард ва чил сол аст, ки аз он халос шуда наметавонам.
РАЪНО, донишҷӯ: -Ҷавоне ки маъқулам буд, маро ба мулоқот даъват намуд. Дар наздам зуд-зуд нос мекашид, аз даҳонаш бӯйи бади нос баромада, нороҳатам мекард. Ҳатто ба мулоқот омада, дандонҳои бадбӯяшро бо хамираи дандоншӯйӣ тоза наменамуд. Аз баҳри ӯ гузаштам.
Бобои Файзалӣ, меҳмон аз ноҳияи Ховалинг: -Аввал носак мезанӣ, баъд дар гӯр алосак мезанӣ, мегӯянд. Ба ин ҳама зарару фоидаи нос гуфта шудааст.
Фоидаи нос ҳам зарар дорад
Бердибой, собиқ истеҳсолкунандаи нос: -Чанд сол қабл барои фоида ба даст овардан нос тайёр мекардам. Тамоку парвариш карда, баргҳои зардшудаи онро дар ҷойи соя хушк намуда, сипас ба хока табдил медодам. Онро бо як миқдори муайяни хоб ва оҳаксанги ношукуфта (обнарасида), дар шакли орд карда, омехта мешӯридам. Оҳак барои баланд шудани таъсири нос ҳамроҳ мешуд. Носи оҳакдор зери забонро месӯзонад ва носкаш гумон мекунад, ки чунин нос “зӯр” аст ва харидор меафзояд. Ҳамчунин, ба нос хокистари арча ва бедро, ки хосияти тезӣ доранд, ҳамроҳ менамудам. Барои зиёд шудани миқдори нос ба он баргҳои караму картошка илова мешуд.
Нос низ мисли тамоку дар таркиби худ никотин дорад. Ба мурури вақт он дандонро мерезонад. Оби носолуди даҳон ба меъда рафта, онро илатӣ мекунад. Ҳамчунин, роҳҳои хунгардро халалдор намуда, камари мардро заиф мекардонад.
С. АТТОР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...