Ҷозибаи меҳри кӯдакон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 758
Кӯдакон маънии зиндагии мо - ворисони наслҳо ва ояндаи ҷомеаву номбардорони миллатанд. Ба тарбия ва таълими онҳо падару модар, бибиву бобо, ҳамзамон мураббиёну омӯзгорон машғул буда, дар ин кори мушкил саҳми назаррас доранд. Дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон суҳбате доштем бо мушовири муассисаи томактабии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Момогул Хоркашева.
Мураббӣ будан касби душвор аст ё осон?
- Албатта, душвор аст. На ҳар кас метевонад бо кӯдакон кор кунад. Барои ин онҳоро сидқан дӯст доштан лозим аст. Дили бузург метавонад ҷозибаи меҳри кӯдакро эҳсос кунад. Махсусан, дар синну соли томактабӣ, яъне аз 1-сола то 7-солагӣ онҳоро ба ҳаёти коллективонаи ҳамсолонашон мутобиқ кардан душвор аст. Маҳз муносибати хуби мураббӣ метавонад кӯдакро ба кӯдакистон моил кунад. Барои дониши педагогӣ, донистани психологияи кӯдакон, усулҳои ҷолиби гузаронидани бозиҳо лозим аст. Имрӯз талабот дар назди мураббиён барои таълиму тарбияи тарбиятгирандагон зиёд аст. Мураббӣ будан ҳам масъулият ва ҳам ифтихор мебошад. Мураббиёни муассисаҳои томактабии шаҳри Бохтар аз 137 нафар занони соҳибкасб иборатанд. Дар фаъолияти онҳо модар будани худи онҳо низ таъсир мерасонад. Зеро, зан-модар метавонад нисбати тарбиятгирандагонаш, ки волидони онҳо ба ӯ бовар кардаанд, бештар бо меҳру самимият муносибат намояд.
-Дар муассисаҳои томактабии шаҳр барои таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон кадом нақшаҳо доред?
-Имсол бахшида ба ин ид нақшаи чорабиниҳо ва барномаи “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” таҳия ва амалӣ шудааст. Бояд қайд кард, ки дар 21 кӯдакистони шаҳр, ки аз онҳо дутоаш, “Фарзона” ва “Ҳафтранг” хусусӣ, яктоаш - “Роҳи оҳан” соҳавӣ мебошад. Дар онҳо 3080 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.
Тибқи даври аввал аз моҳи апрел дар худи муассисаҳои томактабӣ озмунҳо гузаронида шуда, ғолибон ба даври шаҳрӣ пешниҳод гардиданд.
Дар озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” оид ба забонҳои русӣ ва англисӣ 36 нафар кӯдакон иштирок намуданд. Ба ғайр аз он ки муассисаи томактабии №12-и шаҳр 4 гурӯҳи таълиму тарбияашон ба забони русӣ дорад, дар муассисаҳои дигар аз синни 4-солагӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Таъкиди Пешвои муаззами миллат дар бораи забономӯзӣ дар давраи кӯдакистон ҳам хеле муҳим аст, чунки онҳо дар ин синну сол калимаҳоро хубтар дар хотир мегиранд.
Боиси хурсандист, ки ғолибони ин озмун Нуриддин ва Омина Нарзуллозода (МТТ №20), Абдусаттор Ҷабборов, Фотима ва Зуҳро (МТТ №5), Азимҷон Абдуллоев (МТТ №24) маҳорати хуб нишон доданд. Ин маҳсули фаъолияти хуби 42 омӯзгори забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад.
Озмуни “Расми беҳтарин”, ки 10 майи соли 2022 гузашт, маҳорати зебоипарастии тарбиятгирандагонро маълум кард. Аз 36 кӯдак тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии №7,5, 23, 17, 1, 8, 10, 12 ғолиб омада, бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар Озмуни “Беҳтарин донандаи забони тоҷикӣ”, ки 13 майи соли 2022 баргузор гардид, кӯдакон донистани луғат, шеъру тарона, чистону тезгӯякро сабқат карданд. Ин озмун барои тарбияи худшиносӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ мусоидат намуд.
“Гумон набаред, ки ман хурд ҳастам...”, озмуни навбатие буд, ки аз 4 шарт иборат буд: қироати шеър, кумак ба модар, омода кардани хӯриш, хобонидани зоча бо сурудани алла. Ин озмун ҳам хотирмон гузашт. Ба ҳамаи 21 нафар иштирокчиён ҷойи ифтихорӣ ва туҳфаҳо додем.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо тарбиятгирандагони муассисаҳо ба осорхонаи вилоятии “Авасто”, аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, бо таассуроти хуб баргаштанд. Бозиҳои варзишии “Офарин!” , “Шоҳмот”, “Шашкабозӣ” ва дигар бозиҳои кӯдакона гузаронида шуданд.
Мо кӯшиш кардем, ки ба чорабиниҳои худ волидонро ҳам ҷалб намоем. Озмуни “Кӯдакро меҳрубонӣ мебояд” маҳз ба муносибати падару модар, калонсолони оила ба кӯдакон бахшида шудааст. Тарбиятгирандагон саҳначаҳо омода карда, намоиш медиҳанд.
-Барои суҳбат ташаккур!
Дилором МАҲКАМОВА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...