Маҳмадуллолейтенанти гвардия
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 848
Дар деҳаи Хосабоӣ оилаҳои намунавию бомаърифат зиёданд. Яке аз чунин оилаҳо хонаводаи амаки Раҷабалию холаи Момашариф ба ҳисоб меравад. Онҳо 9 фарзандонро бо як орзую ҳавас ба камол расониданд.
Байни онҳо Маҳмадулло бо қаду басту фаҳмишу идрок ба куллӣ фарқ мекард. Вақте ӯ соли 2002 ба остонаи таълимгоҳи №4,деҳаи Кӯлчашма қадам ниҳод, шавқу рағбаташ ба донишомӯзӣ аз дигар ҳамсолонаш бартарӣ дошт. Ба варзиш, махсусан гӯштин шуғл меварзад. Ҳамин буд, ки пас аз хатми мактаб ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорид. Солҳои пурҷӯшу хурӯши донишҷӯӣ поён ёфтанд.
Аз ҳамин ҷо соҳиби рутбаи ҳарбии лейтенанти хурд гардид. Ба зодгоҳаш ноҳияи Муъминобод омада, ба Комиссариати ҳарбӣ ариза навишт. Чун падару бобояш хоҳиши ихтиёрӣ ба хизмати Модар – Ватанро кард. Соли 2018 хизмати ҳарбии Маҳмадулло дар яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии ҷумҳурӣ оғоз ёфт.
Ду сол пас командири танки (Т- 62)- и ротаи танкии баталиёни зудамал шуд. Ҳамон сол ба нахустин Раҳматнома шарафёб шуд. 15 апрел бошад, сазовори рутбаи лейтенанти гвардия гашт. Воқеаҳои сарҳад дар Воррух вазъро ноором кард. Қирғизистон хоки тоҷиконро рахна карда, аҳди дӯстиро шикаст. Охир, аз миллате, ки гузаштааш дар чӯлу биёбон бо кучманчигӣ сипарӣ шудааст, чи умеди бародарию ҳамсоягии нек мекунӣ. Қирғизҳо ҳам марзро шикаста медароянду ҳам боз миллати ориёнажодро туҳмату буҳтон мезананд, ки онҳоро куштанду ғорат карданд. Дар набардҳои зидди ин нохалафон қисми ҳарбии Маҳмадулло корнамоиҳо нишон дод. Рӯзи 29- уми апрели соли гузашта Маҳмадуллои 27-сола дар вақти адои вазифаи хизматиаш дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара бо гирифтани ҷароҳат ҳалок шуд.
Мадфани ӯ дар манзилгоҳи зодгоҳаш сабзу гулбасар аст. Во дареғи ҷавонии ғӯрамарг! Имрӯз амаки Раҷабалӣ бо холаи Момашариф ба ёди писари ҷигарбандашон Маҳмадулло ашки ҳасрат мерезанд ва ҷанҷӯёнро маҳкум мекунанд. Хотираи ҷавонмарди диловар Маҳмадулло Раҷабализода дар дилу дидаи мардуми Муъминобод ҷой гирифтааст.
Хеле хуб мебуд, ки агар мактаби бунёдшудаистодаи деҳаи Хосабоӣ ё маҳаллаҳои навбунёди Кулчашмаи боло, Чимтол ба номи ин фарзанди фарзонаи миллат номгузорӣ шавад. Пас аз маргаш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло бо медали «Ҷасорат» мукофонида шуд.
Насиба Ҳасанова, ноҳияи Муъминобод