Дастаи «Хатлон» дар дербии вилояти Хатлон ғалаба кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 753
3 апрел дар доираи даври аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб қувваозмоӣ кард.
Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, бо бартарии «Хатлон» анҷом ёфт.
Нахуст, дар дақиқаи 7-ум нимҳимоятгари «Хатлон» Тағойзода Тоҳирҷон тӯбро вориди дарвозаи рақиб намуда, дастаашро пешсаф кард. Дар дақиқаи 21-уми рақобат футболбози ҳамин даста Парвиз Баки-Ахунов ҳисобро 2-0 намуд. Хайриддин Турахонов бошад, бо голи задаи худ бартарии комили «Хатлон»-ро таъмин кард.
Футболбози дастаи «Равшан» Абдухалил Боронов тавонист дар дақиқаи 77-ум ягона голи дастаашро ба ҳадаф расонад. Бо ҳамин бозӣ бо ҳисоби 3-1 ба фоидаи дастаи «Хатлон» ба анҷом расид. Муаллифи голи аввали дастаи ғолиб Тоҳирҷон Тағойзода беҳтарин бозингари дидор дониста шуд.
Дар ҳамин давр дастаи дигари вилояти Хатлон - «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби калони 0-5 аз дастаи «Истаравшан» шикаст хӯрд.
Бояд гуфт, ки дар даври минбаъда рӯзҳои 8-9-уми апрел «Хатлон» бо «Истаравшан» ва «Файзканд» бо «Эсхата» дар сафар қувва меозмоянд. Бозии байни дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» ба рӯзи дигар гузаронида шуд.
Д. ИБОДУЛЛ ОЗОДА,
«Хатлон»