Рӯзномаи Хатлон » Арсаи кишоварзӣ » БАРОҲАТ РОҲАТИ ЗИНДАГИРО АЗ ЗАМИН ДИДААСТ


БАРОҲАТ РОҲАТИ ЗИНДАГИРО АЗ ЗАМИН ДИДААСТ


Барои як зан рӯйи даст ҷон додани ҳамсари ҷавон ва бо ӯ видоъ гуфтан кори осон нест...

Барои як зан дар 32-солагӣ танҳо мондан ва бадбахт шудан осон нест...

Барои як зан нигоҳубину ба камол расонидани шаш кӯдаки хурдсол ва дар батн тифли ҳафтум аз бахт маҳрум шудан осон нест...

Бояд гуфт, ки аз ҳамон садҳо зани бевамондаи замони ҷанги шаҳрвандӣ якеаш бо ҳафт фарзанди ноболиғ холаи Бароҳат Қурбонова аст, ки мардонавор бори гарони зиндагиро рӯйи шонаҳояш кашонид ва ба роҳати умр низ расид.
 
Ибтидои пурмашаққат

Бароҳат Қурбонова, аз Ҷамоати деҳоти “Ориён”-и ноҳияи Кӯшониён, занест, ки мардонавор ҳафт фарзандро бо меҳнати ҳалол ба воя расонидааст. Барои ин зани танҳо осон набуд, бахусус баъди ҷанги шаҳрвандӣ калон кардану хӯронидану пӯшонидани ҳафт фарзанди хурдсол. Ҳарчанд аз замони марги ҳамсари азизаш 33 сол сипарӣ гаштааст, аммо Бароҳатхола бо алам ашк мерезаду аз он рӯзҳои шум ёд меорад:

– Ман фасли пойизро дӯст намедорам. Зеро охири моҳи октябри соли 1992 ҳамсари бегуноҳамро аз даст додаму бо ҳафт фарзанд танҳо мондам. Ҳамсарам депутат буд ва дар мағозаи ҷамоатамон низ кор мекард. Ӯ шомили ягон гурӯҳ набуд, дар ҳеҷ сангаре қарор надошт, танҳо дар фикри фарзандону аҳли оила буд. Аммо қурбони тири дайдуе гардид. Солҳо мегузаранд. Ман соли оянда шастсола мешавам, аммо нигоҳи пурҳасрати ҳамсарам дар лаҳзаҳои охирини умраш ҳеҷ гоҳ аз пеши назарам дур намешавад…

Аз ҳамон рӯз Бароҳатхола пеши худ мақсад гузошт, ки фарзандонашро ҳамон гуна ба воя мерасонад, ки касе аз одобу ахлоқи онҳо шикоят накунад ва онҳо дар зиндагӣ аз чизе кам набошанд. Сад шукр мекунад, ки ба мақсадаш расид. Баъди таваллуди фарзанди ҳафтумаш, ки замони марги шавҳар дар батнаш чаҳормоҳа буд, ба бозор баромад ва мевафурӯшӣ кард. Мехост беҳтарин хӯрокро барои фарзандони ятимаш омода созад, то пай набаранд, ки падарашон нест. Аммо баъзан суолҳои онҳо мағзу устухонашро сӯрох мекард.
 
- Рӯзона ба бозор мерафтаму шабона ҳафт фарзандамро гирди дастурхон мешинонидаму онҳоро насиҳат мекардам,- мегӯяд Бароҳат Қурбонова. - Духтаронро ҳунар меомӯзонидаму кору бори хонаро ба онҳо тақсим мекардам. Писари калонӣ ҳамроҳам буду дуи дигараш дар замини назди хона деҳқонӣ мекарданд. - Ҳарчанд бароям мушкил буд ба воя расондани онҳо, аммо аз касе то имрӯз кӯмак нахостам ва ягон нафар, на худию на бегона, ба ман дасти ёрӣ дароз накардаанд. Ягона нафаре, ки маро дарк мекарду ғамхорам буд, падари бузургворам буд. Он кас барои ману фарзандонам ду гови ҷӯшоӣ оварданд ва тавсия доданд, ки ҳам фарзандонамро бо ғизои ширӣ таъмин намояму ҳам боқимондаашро ба бозор бурда фурӯшам.

Дувумин сарчашмаи кӯмаки Бароҳат нафақаи шавҳари ҷавонмаргаш буд. Азбаски ҳамсараш депутат буд, то ба балоғат расидани ҳафт фарзандаш Бароҳат нафақа мегирифт, ки он ҳам як миқдор пасандоз мешуд барои сару либоси фарзандони ятимаш.
 
Арӯси чилрӯза - пахтачини пешсаф

- Солҳое, ки ҷавон будем, ҳама занону духтарони ҷавон ба пахтачинӣ мерафтем, - қисса мекунад Бароҳатхола. - Ҳамагӣ чил рӯз ҳамчун наварӯс дар хона будаму халос. Мо ҳар субҳ якчанд арӯс қатор шуда тӯри арӯсӣ дар сар аввал салом медодему сипас ба пахтачинӣ шурӯъ мекардем. Ман дар як рӯз то 150 кило пахта мечидам. Бо зиёда аз бист Ифтихорнома ва чандин мукофот қадрдонӣ шудаам. Ҳарчанд арӯс будам ва ба мисли ман садҳои дигар ҷавондухтарон ва гуларӯсон аз кори замин шарм намедоштем. Ҳатто рӯзе аз шавқи кор ман тӯри арӯсиамро даруни пахта фаромӯш карда, ба хона баргаштам. 
 
«Заҳмат дар замин баракати зиндагии маро даҳчанд намуд»

- Баъди калон шудани фарзандон тасмим гирифтам, ки ба кори замин машғул шавам, - мегӯяд Б. Қурбонова. - Зиёда аз понздах сол мешавад, ки ҳамроҳи фарзандон ба деҳқонӣ машғул ҳастем. Мо ҳамагӣ даҳ сотих замини президентӣ ва панҷ сотих замини наздиҳавлигиро барои ҳосил гирифтан истифода мекунему халос. Даромади бештарро аз парвариши помидор ба даст меорем. Аз ҳамин миқдор замине, ки дорем, солона то 80-90 ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорем. Бояд бигӯям, ки ҳамакаса кор мекунем. Ману фарзандон ва келинҳо. Шабҳои сарди зимистон бо ҳар ниҳоли помидор кор гирифтан кори саҳлу осон нест. Аз ҳисоби даромади ҳосил мо тавонистем барои се писарам қитъаи замин гирифтаю хона бисозем. Ҳарчанд фоида осон ба даст намеояд, вале ба хотири солу рӯзҳои гузаштаи фарзандони ятимам кӯшиш мекунам, ки дар оянда зиндагиашон беҳтару хубтар шавад. Мо на танҳо худи помидорро мефӯрӯшем, балки афшураи помидор ва тухмашро алоҳида хушк карда мефурӯшем. Баъди чидани помидор барои хӯроки чорво ҷуворимакка мекорем. Вақте онро ғун медорем, дар ҷояш кабудӣ мекорем, ки аввали фасли сармо барои фурӯш тайёр мешавад. Аз худи кабудӣ қариб то ду-се ҳазор сомонӣ фоида ба даст меорем. Баъдан турбча (редиска) мекорем, ки охири зимистон ва аввали баҳор ҳосили онро низ ба бозор мебарем ва аз он ҳам фоидаи хуб ба даст меорем.
 
«Ҳар кӣ ба замин рӯ биорад…»

Имрӯз шумораи занони босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ дар Тоҷикистон зиёд аст. Бонувони тоҷикро на танҳо чун сиёсатмадори пуртаҷриба, донишманди асил, табиби ҳозиқу устоди роҳнамо, балки чун сарвари муваффақу соҳибкори саховатпеша ва кишоварзи пуркору пухтакор низ мешиносанд, ки ин мояи ифтихори мо мебошад. Занони фаъолу кордонро барҳақ зевари миллати сарбаланди тоҷик меноманд, чун рушди кишвар аз ҳушмандии занон, тасмимгирии дурусти онҳо дар оила ва ҷомеа ибтидо мегирад.

- Дар ин кор аз Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр хушнуд ва сипосгузор мебошам, - мегӯяд Бароҳатхола. - Чунки ӯ ҳамеша ғамхор ва дастгири мо - занони меҳнатдӯст буда, бо дастуру ҳидоятҳо ва қабули қарорҳои рӯзмарра барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагиамон мусоидат мекунанд. 

Бале, Бароҳатхола ба замин меҳри зиёд дорад. Ӯ оғӯши муҳаббаташро ба замин боз карда, рӯз то шом кори деҳқонӣ мекунад. Замин дар ҷавоби ин ҳама меҳру муҳаббат ӯ ва аҳли оилаашро мехӯронаду мепӯшонад.

- Боварӣ дорам, ҳар кӣ заминро дарк мекунаду аз сидқи дил ба кори деҳқонӣ мепардозад, беподош намемонад, - афзуд Б. Қурбонова. - Замин аз зар камие надорад. Замин инсонро ба мартабае бурдааст, ки ҳатто малоик талаби инсон шуданро кардаанд. Барои мисол, ҳазрати Идрис (а), ки ӯ низ ошиқи замин буд, вақте ки дар замин кор мекард, тамоми фариштаҳо ба кори ӯ ҳасад мебурданд. Ҳатто ривоят аст, ки қисме аз фариштаҳо мегуфтанд, агар мо низ инсон мешудем, ба мисли Идрис (а) дар замин кор мекардему нони ҳалол мехӯрдем. Хуллас, ҳазрати Идрис (а) ошиқи замин буд ва замин ба ӯ ному нон ва зиндагии шоиста доду миёни мардум соҳибэҳтиром гашт. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар Паёмҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳар кӣ ба замин рӯ биорад, замин ба ӯ ризқу рӯзӣ медиҳаду хонаю дари обод».

Ба қавли Бароҳатхола, маҳз меҳри зиёд дош-тан ба замин ва кишоварзӣ буд, ки давоми ин ҳама солҳо пешаашро иваз накард. Кӯшиш кард, то доираи фаъолияташро фарохтар гардонад. Бароҳат Қурбонова ва фарзандонаш ҳар як пораи заминро самарабахш истифода мебаранд, дар замин заҳмату ранҷ мекашанд ва барои беҳбудии зиндагиашон ганҷи хуб ба даст меоранд. 
 
Ҳангомаи ИСМАТ,
 "Хатлон"
 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода