Носирҷон МАЪМУРЗОДА, сармуҳаррири рӯзнома
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳайати эҷодӣ, Боздид 3 091
16 марти соли 1984 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Хатмкардаи факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (рӯзона, бо дипломи аъло) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳсилоти дуюми олии касбӣ) аст.
Ихтисос: журналистика, менеҷменти сиёсӣ.
Аз моҳи апрели соли 2021 сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад.
Солҳои 2006-2008 хабарнигор-ҳамкори телевизиони мустақили «Қӯрғонтеппа», солҳои 2008-2010 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ» - нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, пасон, то соли 2015 мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори оммаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон», аз соли 2015 то соли 2019 муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» буд.
Солҳои 2019-2021 дар вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон фаъолият дошт.
Бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи умумиҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2016), дорандаи нишонҳои сарисинагии “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2009), “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2010), “100-солагии матбуоти тоҷик” (2019), “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” (2020), "Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон" (2023), барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Неруи сухан-2017» дар номинаи “Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ” (2017), барандаи Ҷоизаи Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Пайванди Гулмуродзода барои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи журналистика (2018) мебошад.
Муаллифи ду дастури таълимӣ, ду монография, беш аз 50 мақолаи илмӣ, беш аз 900 таълифоти публитсистӣ, дар он миён китобҳои "Чеҳраи Хатлон" (2013), "Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд" (2015), "Аз ҷудоӣ то ошноӣ" (2017), "Формирование и развитие печати в Хатлонской области" (2020), "Асосҳои таҳрири матни журналистӣ" (2021), "Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо" (2023), "Рисолати муҳаррир" (2024), "Журналистикаи парламентӣ" (2024) аст.
Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, №417, бо мукофоти давлатии медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудааст.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
2-04-2021, 20:35
-
11-03-2021, 22:42