Дар як сатр
» » Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

14-10-2015, 09:15

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Бо қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид, ки тибқи он дар 5 соли оянда дар шаҳру навоҳии вилоят 5719,4 гектар боғу токзори нав бунёд хоҳад шуд.

Ба иттилои масъулони дастгоҳи раиси вилоят, ин барнома бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, зиёд намудани ҳаҷми содирот, таъмини амнияти ғизоӣ, мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон мебошад.

Дар барномаи мазкур пешбинӣ шудааст, ки то соли 2020 бештар аз ҳама дар навоҳии Данғара (755 гектар), Муъминобод (530 га), Ховалинг (500 га), Панҷ (440 га), Фархор (405,9 га) ва Вахш (400 га) боғу токзорҳо бунёд мегарданд.

Қарор аст, ки тибқи барнома, дар майдони қариб 1070 гектар боғи себ, дар 787 гектар боғи зардолу, дар 670 гектар боғи бодом ва дар 508 гектар ангурзор бунёд шавад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Восеъ. Тасмими бунёди боғи намунавӣ дар 10 га

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Вазъи обёрии заминҳо беҳбуд мехоҳад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Боғҳо зиёд мешаванд, аммо...

Хабарҳо