Дар як сатр
» » Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

11-07-2015, 08:29

Бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҳар рӯз бандаро одат шудааст, ки пас аз анҷоми корҳои муқаррарӣ сӯи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ роҳ пеш гирам. Чун вориди утоқи кории ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявӣ мешавам пайваста эшонро саргарми кор мебинам. Гоҳ пушти мизи кориаш дар компютер машғули таҳияи ҳуҷҷате мебинамаш, гаҳе сар фурӯ рафта дар таҳлилу баррасии маводи илмие ҷиҳати пайдо намудани роҳҳои пуртаъсир барои тарбияи ҷавонони донишҷӯ. Одатан бо шунидани шарфаи поям рӯяшро сӯям мегардонад ва табассуми малеҳе, ки хоси ӯст, дар чеҳрааш ҳувайдо мегардад. Пас аз салому аҳволпурсӣ ҳатман аз ҷараёни корҳоям чӣ дар факулта ва чӣ дар телевизион пурсон мешавад. Аз муваффақиятхоям хурсанд мешавад ва ҳар гоҳ аз норасоиҳои кориам шикоят кунам, ҳатман бо лаҳни маслиҳатомез ва рӯҳбардорӣ роҳи ҳалли он масъаларо бароям нишон медиҳад. Кам метавон бо чунин устодоне дучор омад, ки бо шогирдон на ҳамчун омӯзгор, балки чун бародар ё хоҳари мушфиқ муносибат намояд.

Худойдодова Шарофат Зардовна аз зумраи он устодоне мебошад, ки ҳастии хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Дар саргузашти банда шиносоӣ бо ин муаллимаи меҳр бо шогирдон дошта, нақши равшан ва мондагор барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Соли 2008-ум дар шаҳри Кӯлоб бунгоҳи минтақавии Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» кушода шуд ва банда ба ҳайси хабарнигори минтақавӣ дар ин бунгоҳ шомили кор гаштам. Рӯзи нахустини кориам ба коргоҳ омадам ва бунгоҳи мазкур дар як бино бо намояндагии муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар шаҳри Кӯлоб ҷой дошт. Дар роҳрави бино муаллима Шарофат Худойдодова бо ҳамроҳии танзимгар Дилшод Назирмадов бо ҳам суҳбат мекарданд. Бо дидани банда муаллима даст ба салом дароз карда, бо табассуми ширин гуфтанд: «касби авлодӣ шахсро ба сӯи худ мекашад». Пас аз шиносоӣ ва ошноӣ пайдо кардан бо рафти кор фаҳмидам, ки муаллима дар баробари муҳаррири телевизиони «Сафина» будан, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ҳайси декани факултаи филологияи хориҷӣ низ кору фаъолият менамояд.

Соли 2009 бо кушода шудани шуъбаи журналистика дар назди факултаи филологияи тоҷик ва журналистика бо тавсияи муаллима ба он ҷо ба ҳайси ассистент ба кор даромадам. Соли 2013 дар донишгоҳ шуъбаи магистратура кушода шуд ва бо пешниҳоди Шарофат Худойдодова ва дастгирии бевоситаи ректори донишгоҳ Абдулло Ҳабибулло дар баробари дигарон банда низ ба шуъбаи номбурда ҳуҷҷат супорида, магистранти ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик гардидам. Зери роҳбарии муаллима дар мавзӯи «Муҳтавои эҷодиёти шоир, нависанда ва рӯзноманигор Сайид Раҳмон» рисолаи магистриамро бомуваффақият ҳимоя намудам.

Шоиста ба гуфтан аст, ки Шарофат Зардовна ба монанди ман садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки айни замон дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот фаъолият доранд. Муаллима бо вуҷуди ҷавон будан дар ҷодаи меҳнат роҳи пуршараферо тай намудааст.

Ӯ соли 1984, пас аз ба поён расондани таҳсил дар мактаби миёнаи № 9-и шаҳри Кӯлоб, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Кӯлоб супорида, онро комёбона хатм менамояд. Аз ин ки ба омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик шавқу рағбати беандоза дошт, пас аз хатми факултаи мазкур соли 1989 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи номбурда супорида, соли 1995 онро бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик бомуваффақият хатм намуд ва ба ҳайси омӯзгор фаъолияти меҳнатияшро дар кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ оғоз намуд.

Аз соли 2004 то соли 2013 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сифати мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус, муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш», декани факултаи филологияи хориҷӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ва мудири кафедраи журналистика ифои вазифа намуд. Дониш, кордонӣ ва хизматҳои шоистаи муаллима Шарофат Худойдодоваро дар самти таълиму тарбия ба назар гирифта, бо пешниҳоди ректори ДДК, профессор Абдулло Ҳабибулло ва фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи апрели соли 2014 ноиби ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ таъйин гардид.

Соли 2010 дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ – маъноии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Пажӯҳиши донишманди ҷавон дар риштаи реклама аввалин кори илмӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки дар ҷараёни омӯзиш ва баррасии ин мавзӯъ паҳлӯҳои гуногуни корбурди реклама ҳамчун жанри муосири журналистикаи тоҷик арзёбӣ гардидааст.

Шарофат Худойдодова муаллифи 3 дастури методӣ ва 16 мақолаи илмӣ мебошад. Дастовардҳои фаъолияти кориашон бо сарафроз гаштан аз нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2012), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (соли 2013), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (соли 2013), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (соли 2014) ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардидааст. Муаллима дар байни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз эҳтирому эътибори шоиста бархурдор мебошад. Шоири шаҳир Ғоиб Сафарзода дар мавриди гиромидошти чунин устодон фармудааст:

Аё устод, аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард,
Чароғи дар дили шогирд хомӯшат нахоҳам кард.


Манучеҳр Сафарзода,
омӯзгори кафедраи журналистикаи
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Олими комёб дар чор самти таҳқиқ

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ
Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---