Дар як сатр
» » Гладиатори тоҷик

Гладиатори тоҷик

3-07-2015, 09:38

Гладиатори тоҷикОилаи Шодихӯҷа Саъдиевро дар деҳаи Обшорон оилаи хушбахту намунавӣ ном мебурданд. Ин бесабаб набуд. Ду ҷавони ташнаи зиндагӣ хона обод намудаю фарзандонро ба дунё оварда, ба қавле ба орзуҳои хеш расиданд. 5 фарзанди дӯстрӯяк зиндагии онҳоро ширину рангин кард. Онҳо аз ин атои худододӣ-афсонаи ширину рангини умр шукрона менамуданд.

Мутаассифона, ҳаёт қонунҳои нонавишта дораду орзу на ҳамеша ба воқеият табдил меёбад. Нияту орзуҳои онҳо якбора ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ рафт…

Шодихӯҷа зодаи шаҳри Душанбе ва дастпарвари Донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Донишкадаро бо ихтисоси муаллими математика хатм карда, бо духтари дӯстдоштааш Моҳтоб издивоҷ кард. Ҳаёти мустақилонаи оилаи ҷавон аз қадамҳои аввал осон набуд. Омӯзгори ҷавонро Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо роҳхат ба ноҳияи дурдасти Қубодиён ба кор фиристонид. Макони нав, мардуми барояшон ноошно, иқлими гарму бодҳои сахти афғонӣ онҳоро гӯё имтиҳон мекард.

Бо мурури замон шаҳриён ба деҳот одат карданд. Ба халқиятҳои гуногунқавму гуногунмиллат унс гирифтанд, бо онҳо рафтуомад ва ҳамсоядорӣ карданд, ба расму ойинҳояшон ошно шуданд.

Шодихӯҷаю Маҳтоб дар ин ҷо одами худӣ шуда монданд. Вале, роҳи онҳо барои ба қуллаи умед расидан бо ҳамин анҷом наёфт. Дар мактабҳои мавзеи навободу дурдасти Бешканд омӯзгори фанҳои алоҳида намерасид. Муаллими фанни математика Шодихӯҷа Саъдиев барои идомаи фаъолияташ ба мавзеи номбурда роҳхат гирифт. Зиндагию кор дар ин ҷо боз сангинтар буд. Иродаи қавӣ ва меҳри касби омӯзгорӣ ғолиб омад ва ҳама мушкилот паси сар шуд. Меҳнати ҳалол, фарҳанги баланди оиладорӣ, муносибати меҳрубонона ба атрофиён зану шавҳарро дар байни мардум соҳибиззат гардонд.

Қобилияту усули корбарии Шодихӯҷаро ба инобат гирифта, шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус ӯро ба муассисаи таълимии №2-и ноҳия ба кори омӯзгорӣ ҷалб намуд. Омӯзгори ҷавон барои таълиму тарбияи фарзандони ин маҳал донишу таҷрибаи хешро дареғ надошт: Оилаи онҳо акнун ноҳияи Шаҳритусро ҷойи зисти доимӣ интихоб намуданд.

Яъне дар ин ҷо фарзандонро ба дунё оварда, ба қавле реша давонданд ва муқимӣ шуданд. Дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Обшорон хона бунёд карданд. Меҳнати зиёда аз бистсолаи Шодихӯҷа бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», инчунин ифтихорномаю туҳфаҳои моливу пулӣ қадр карда шуд.

…Дар ноҳияи Шаҳритус оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад. Овозаи ғорату шиканҷадиҳӣ ва рабудани одамон мардумро ба воҳимаю таҳлука овард. Касе аз тарс беҳуда ба кӯча намебаромад. Вазъ рӯз то рӯз мураккаб мешуд. Дар кӯчаҳо гурӯҳҳои силоҳбадаст пайдо шуда, аз гӯшаю канор садои тир мебаромад.

Шодихӯҷа як субҳи барвақт мақсади ба маркази ноҳия рафтанро кард. Вале янгаи Моҳтоб пеши роҳи шавҳарро гирифта, бо изтироб гуфт: «Мардак, дар ин рӯзҳои қиёмат ба куҷо меравед? Дида истодаед, ки вазъ ноором аст, дар кӯча тири дайду мисли борон меборад. Ба болои ин ҳама мардҳоро рабуда истодаанд, боз як муддат сабр кунед.

- Дар маркази ноҳия як дӯсти ҷонӣ дорам, имшаб ба хобам даромадааст, агар рафта аз ҳолаш хабар нагирам, қарор намеёбам,- посух дод мард.

- Барои ин вақти «муносиб»-ро интихоб кардаед-да?!

- Чӣ чора, ман аз ҳолаш хабар нагирам, ки ин корро мекунад?

Зан дигар баҳонаи шавҳарро аз роҳ боздоштан наёфт. «Ихтиёратон, ба ҳар ҳол худро эҳтиёт кунед», гуфт. Шодихӯҷа ду-се дона нон ва дигар маводи ғизоӣ гирифта, ба роҳ баромад.

Рӯз бегоҳ шуд, шаб фаро расид. Торикӣ зуд ба атроф доман паҳн кард. Хомӯшии шабона тарсу ваҳмро дар дил бештар менамуд. Танҳо садои аккоси сагон аҳён-аҳён ба гӯш мерасид. Шодихӯҷа ҳамон рӯз ба хона барнагашт. Ин янгаи Моҳтобро алахон кард. ӯро шаби дароз хоб набурд. Ба гумонаш ҳамон шаб гӯё саҳар надошт. Ба ҳар як садо зуд рӯйи ҳавлӣ баромада, «шавҳарам омад»,-гӯён дарвозаро боз мекард. Аммо паси дарвоза касеро надида, ноумед боз ба ҳуҷра, назди ҷигарбандонаш бармегашт. Дар сари зан ҳар гуна фикрҳо чарх зада, азобаш медод.

Рӯзу ҳафтаҳо гузаштанд, вале аз Шодихӯҷа дарак нашуд. Зан шабу рӯз, зери борони тир деҳа ба деҳа рафта, шавҳарро суроғ мекард, вале ин ягон натиҷа надод. Нафаре муаллимро надидаю куҷо буданашро ҳам намедонистанд. ӯ ҳатто то хонаи дӯсташ нарафтааст. Вале зан ноумед нашуда, роҳи шавҳарро нигарон буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар саросари деҳа доман паҳн кард. Мардуми бегуноҳ барои ҷон ба саломат бурдан рӯ ба гурез ниҳоданд. Анбӯҳи гурезагон селобаеро мемонду аз пеши роҳаш ҳар чи мебаромад, бо худ мебурд. Янгаи Моҳтоб низ хонаву дари бо обилаи даст бунёдкарда, молу амволи дар зиндагӣ ҷамъовардаашро партофта, давлату дунёи худ-фарзандонро гирифта, бо ашки шашқатор аз манзилаш баромада рафт. Як гурӯҳ ҷониби Давлати исломии Афғонистон, гурӯҳи дигар ба марзи ӯзбекистон мерафтанд. Моҳтоб ҳамроҳи ҷигарбандон ҷониби шаҳри Душанбе, ки он ҷо пайвандону наздиконаш ба сар мебурданд, роҳ пеш гирифт.

Модару фарзандон бо азобҳои зиёд ба шаҳри Душанбе расиданд.

…Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баъди хомӯш гаштани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ нахуст ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Минтақаи ҷангзадаи Шаҳритус гурезагони бештаре дошт. Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баргардонидани онҳо бо мардуми боқимонда вохӯрда, суҳбатҳо гузаронд, гурезагонро ба Ватан, ба манзили доимиашон даъват намуд. Гурезагон ба суханони Сарвари давлат бовар карда, марҳила ба марҳила ба диёри биҳиштосои хеш баргаштанд.

Янгаи Моҳтоб низ ҳамроҳи кӯдаконаш ба ноҳияи Шаҳритус баргашт. Аввал шавҳарашро суроғ карда, даракашро наёфт. Хонаашро низ сӯхтаю валангор ва ба хоки замин яксон дид. Молу амволаш бошад, ба яғмо рафта буд. Дар ин ҳавлӣ дубора зистан нахост. Ҷойи дигар қитъаи замин гирифту ҳамроҳи кӯдаконаш хона бунёд намуд.

Зан барои хӯрондану пӯшонидан ва хонондани фарзандон бозорнишиниро ихтиёр кард. Дар бозор гоҳе нону гоҳе дигар маводҳои ғизоӣ фурӯхта, аз фоидааш шиками фарзандонро сер, намуда, танашонро мепӯшонд. Ҷигарбандонро ҳар гоҳ хумори падар мегирифт ва аз модар тез-тез куҷо будану кай баргаштани қиблагоҳро пурсон мешуданд. Модар намехост, ки онҳо аз бедаракии падар огаҳ бошанд, зеро бе ин ҳам ғаму азобҳои зиёдеро дидаанд. Ба ҳамин хотир бо ханда «Падаратон албатта меояд», мегуфт. Вале хандаҳои модар гирядор буданд. ӯ назди фарзандон бо хандаю хушҳолӣ сухан мегуфт, аммо дар танҳоӣ хун мегирист, дилу ҷигари афгор дошт. Зан низ ба кушта шудани шавҳар бовар намекард, шабу рӯз интизораш буд. Аз интизориҳо қалбаш хастаю ашки чашмонаш хушк шуданд.

Фарзанди хӯрдии оила Қобилҷон азобҳои модарро дида, баъди хатми синфи 10 ба муҳоҷирати меҳнатии давлати Русия рафт. ӯ азобҳои ғарибӣ сардию гармӣ, таҳдиду беҳуқуқӣ надоштани ҷойи хобу беқадриҳоро таҳаммул карда, заҳмат кашид. Дар баробари ин дар Русия ба варзиш шуғл варзида, дар мусобиқаҳои байнирусиявӣ ва байналмилалӣ дар давлатҳои Бразилия, Испания, Чин ва Қирғизистон аз рӯйи намудҳои муҳорибаи тан ба тан, ки бо кашин ва самбо ширкат намуд. Дар бисёр мусобиқаҳо пирӯзӣ ба даст оварда, соҳиби 17 медали тилло гардид.

Қаҳрамонписари тоҷик Қобил Саъдиев соли 2006 ба Тоҷикистон назди оилаи худ-модару бародарону хоҳаронаш баргашт. Фарзандон ҳама банангу номус баромаданд. Ду духтар ва ду писари янгаи Моҳтоб соҳиби маълумоту касб ва оилаи худ шуданд. Қобил дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи Ламоносови шаҳри Москва таҳсил мекард.

Қобил ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди майдончаю варзишгоҳҳо, ҷалби ҷавонон ба варзиш, дар маҷмӯъ оммавигардонии варзиш кори хайру амали некро ба ҷо овард. Дар деҳае, ки имрӯз он номи қиблагоҳашон Шодихӯҷа Саъдиевро гирифтаааст, аз ҳисоби маблағи худ толори дуошёнаи варзишӣ сохта, мавриди истифодабарии ҳамдиёронаш қарор дод. Дар заминаи он қлуби «Гладиатор»-ро таъсис дод, ки дар ҳайати он 55 ҷавонписару духтарон дар намудҳои вазнбардорӣ, бокс, кибоксинг, самбо ва ғайра машқу тамрин мекунанд. Дар 10 соли фаъолияти клуб аъзои он дар мусобиқаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби 60 медали тилло, 100 медали нуқра, 140 медали биринҷӣ ва даҳҳо Ҷому сертификати варзишӣ гашта, Парчами миллиро баланд бардоштанд. Мураббӣ Қобил Саъдиев имрӯзҳо шогирдонаш Умед Бобоёров. Умеда Садриддинова, Шариф Норбӯтаев, Шаҳзод Абдураззоқов, Азиз Саидов, Нозим Полвонов, Шодиҷон Саъдиев, Дилшод Бобоназаров, Саъдӣ Саъдиев, Иброҳим Қосимов ва дигаронро ба мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода месозад.

Хушбахтона, ҳоло шумораи ҷавононе, ки ба варзиш фаро гирифта шудаанд, зиёд шудааст. Ҷавонон аз ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ба клуби «Гладиатор» шомил шудаанд ва мураббӣ Қобил Саъдиев ба варзиш ҷалбашон намудааст, то онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарию ифротӣ шомил нашаванд.

Хамчунин 4 мӯйсафеди 60-70-сола ва 5 бибии 65-сола ба толори варзишии «Гладиатор» омада, машқи бадан мекунанд. Хизматрасонӣ дар ин ҷо барои ҳамагон ройгон аст.

Муваффақиятҳои Қобил Саъдиев сари модари меҳрубонаш Моҳтоббиро баланд бардоштаю руҳи падарро шод гардонидааст. Акнун модар аз пирӯзиҳои ҷигарбанд ашк мерезад, ашки шодӣ ва аз ӯ ифтихор дорад.

- Пирӯзии ман, пеш аз ҳама, аз дуои модар, руҳи падар, ғамхориҳои пайвастаи Президенти давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу ваҳдати кишвар мебошад. Модари ман модари беҳтарини дунё аст. Модар ҳама сахтию нармӣ, ранҷу азоб, гармию сардиҳоро таҳаммул кард, то мо-фарзандонро ба рӯзи нек расонад. ӯ тӯли ин солҳо моро ҳам модар буду ҳам падар, руҳи падари бузургворам низ маро дар ҳар қадам мададгор аст, пирӯзиамро таъмин месозад. Аз ин рӯ, шукронаи Ватан ва сулҳу ваҳдати онро мекунам, шукрона мекунам, ки Тоҷикистон барин ватани обод дорам, - мегӯяд Қобил Саъдиев.

С. АТТОР


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Покию некӣ маромаш буд

Покию некӣ маромаш буд

Маориф ва илм
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сари сахти Бибигул

Сари сахти Бибигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо