Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: Масъулин бояд масъулиятшинос бошанд

Д. Гулмаҳмадзода: Масъулин бояд масъулиятшинос бошанд

18-06-2015, 11:26

Д. Гулмаҳмадзода: Масъулин бояд масъулиятшинос бошандРаиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода тибқи реҷаи корӣ бо дастоварду камбудиҳои ҳамаи ҷабҳаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз наздик шинос шуд.

Бино ба хабари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, Д. Гулмаҳмадзода дар толори Қасри фарҳанги ноҳия ҷарасаи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти ноҳия дар 5 моҳи гузаштаро доир намуд.

Пас аз шунидани маърӯзаи раиси ноҳия А. Сулаймонзода, раиси вилоят аз иҷро нагардидани нақшаи андоз, ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи барқ, коҳиш ёфтани кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин оид ба иҷрои сифатноки андоз, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд дод.

Д. Гулмаҳмадзода доир аз вазъи кунунии ҷаҳон, гароиши баъзе ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки раисони ҷамоатҳо, муаллимон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо ба сиёсати бобарори Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас бо ифтихор аз ватандорӣ ҳиссаи сазовори худро гузоранд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Д. Гулмаҳмадзода:Аз зарфиятҳои вилоят барои рушди иқтисод истифодаи пурсама ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Қаноатмандӣ аз фаъолияти ҳомиёни тартибот

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Шӯрообод. Бозсозии 1,5 км роҳҳои маркази ноҳия бо сарфи 3 миллион сомонӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси вилоят шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро маҳкум кард

Раиси вилоят шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро маҳкум кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳисоботи телефонии раиси вилоят ва роҳбарони баъзе ноҳияҳои Хатлон ба Прези ...

Ҳисоботи телефонии раиси вилоят ва роҳбарони баъзе ноҳияҳои Хатлон ба Прези ...

Сиёсат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА