Дар як сатр
» » Оила маънии хушбахтиро дорад

Оила маънии хушбахтиро дорад

28-05-2015, 18:36

Оила маънии хушбахтиро дорадПешниҳоди Сарвари давлат дар бораи Соли оила эълон кардани соли 2015 тамоми мардуми давлати соҳибистиқлолро умеди хушбахтии ҳаёт ва таъмини зиндагии шоиста бахшид. Мо - масъулони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро муваззаф мекунад, ки дар роҳи ташкил додани оилаҳои воқеан солиму ояндадор бештар кор барем. Зеро оилаи солим маънои хушбахт буданро дорад. Бо мақсади амалӣ гардидани ин тадбир мо нақшаи чорабиниҳои худро ҷиҳати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегирад, таҳия ва амалӣ мекунем.

Дуруст аст, ки солҳои душвори даврони гузариш бо сабаби паст будани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон як муддат дар самти фаъолияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ душвориҳо пеш омада буд. Оила барпо намудан бе гузаштан аз сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё таваллуди хонагӣ оқибат ба зӯроварии хонаводагӣ нисбати зан, ҷудо шудани оилаҳо, бисёрзанӣ барин амалҳои номатлуб оварда мерасонад. Хушбахтона, аз бозе, ки Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар ҳаёт ҷорӣ гардид, самти фаъолияти мақомоти мо низ батадриҷ беҳтар шуд.

Аз ибтидои соли 2000-ум дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура, шуъбаи корҳои дохилӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо дар байни сокинони шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрию суҳбатҳо ташкил намуда, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз рӯйи қонунҳои амалкунанда оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, баробарҳуқуқии марду зан дар меҳнату истироҳат ба он оварда расонид, ки нофаҳмиҳои ҷойдошта батадриҷ аз байн равад ва мардум моҳияти асосии он қисмати моддаҳои Сарқонунро, ки ба оилаву оиладорӣ, баробарҳуқуқӣ бахшида шудааст, дуруст дарк намоянд.

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад, оила, ки аз ояндасозии давлату ҷомеа дарак медиҳад, ҷиҳати ба камолрасии насли солиму тарбияёфта масъул аст. Бунёди оила муқаддасотест, ки оламу одам ниёзманди он аст, зеро ба дунё овардани фарзанд, давомдиҳандагони умр ва таълиму тарбияи ояндаи онҳо аз оила маншаъ мегирад. Оила кори муҳим ва басо масъулиятноки инсон аст, ки масъулиятпазирии он метавонад ба пешрафти давлат таъсири амиқ гузорад. Дар ин маврид зарур аст, ки ҳар оилаи навташкил моддаи 10, қисми 2-и КО ҶТ-ро, ки мегӯяд: «Ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд», риоя намояд. Зану шавҳар дар асоси Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои некӯаҳволӣ ва рушду камоли фарзандон ғамхорӣ намоянд.

Дар ноҳия оилаҳое, ки бо меҳнати садоқатмандона дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ соҳибобрӯ ва дар тарбияи фарзандон, ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят кардани онҳо мактаби таҷриба доранд, зиёданд. Бо мақсади шиносоӣ ба ҳаёту фаъолияти онҳо дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ чунин оилаҳоро даъват намуда, бо дуои онҳо оилаҳои навро ба шоҳроҳи ҳаёт гусел менамоем.

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия минбаъд низ барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар самти беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хеш тадбирҳои зарурӣ андешида, амалӣ менамояд.

Мавлуда РАҶАБОВА,
мудири бахши САҲШ-и
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ба иҷро даромадани «Барномаи рушди оила дар вилояти Хатлон»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оила- асоси зиндагӣ

Оила- асоси зиндагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Дар партави Паём. Оила – ошёни меҳру вафо

Ҳаёти иҷтимоӣ