Дар як сатр
» » «Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад

«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад

23-05-2015, 11:14

«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарад
Муҳаққиқони дунёи илму маърифат возеҳу равшан баён намудаанд, ки бидуни озодиву истиқлолият муҳимтарин нуктае, ки боиси асорати инсонӣ мегардад, эҳтиёҷ ва ниёзмандӣ ба дигарон аст. Воқеан муҳтоҷӣ ба дигарон ормону хоҳишҳои инсонро озурда мегардонад ва барои амалӣ гардонидани он монеа мешавад. Агар як инсон дар амалӣ нашудани ормону андешаҳои милливу озодихоҳии худ нороҳату раҳгумзада гардад, пас вой бар ҳоли он ҷамъияте, ки парокандаву ниёзманд ва асири миллатҳои дигаранд. Хатари дигари парокандагиву ниёзмандӣ дар он аст, ки шахси раҳгумзада ба ниёзманду асири дигар кӯмак карда наметавонад, зеро худ дар ҷустуҷӯи раҳоист. Мо ҷавонон, воқеан ҳам дарк намудаем, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам аз зумраи давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки ба тозагӣ истиқлолиятро ба даст овардааст ва барои миллати мо, ки садсолаҳо зери тасарруфу ҳукмфармоии дигар давлатҳо қарор дошт, ҳамакнун марҳилаи бароварда сохтани ормонҳои миллӣ, даврони бозсозиву созандагӣ шурӯъ гардидааст. Муҳимтар аз ҳама ин даврони созандагӣ дар шароити орому осуда ва ваҳдати сартосарӣ зуҳур мекунад.

Инак, дар давлатдории навин ба миллати куҳанбунёди мо имкон фароҳам оварда шудааст, ки ба пажӯҳиши амиқи таърихи гузаштаи худ рӯ оварда, дар ҳамин раванд ба ҳама гуна паёмадҳои манфии ҷаҳонӣ истодагарӣ карда тавонад. Имрӯз хатар ва таҳдиду паёмадҳои ногувори терроризму ифротгарии ҷаҳонӣ дар баробари давлатҳои абарқудрат дигар давлатҳоро низ фаро гирифта аст.

Дар ҳамин ҳол, мехостам дар мавриди ҳамроҳшавии ҷавонони тоҷик ба майдонҳои пурдаҳшату хунини давлатҳои Сурия, Ироқ, Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷангзада ибрози назар намоям. Дуруст аст, ки роҳу усулҳои ҷалбшавии ҷавонони тоҷик ба ин майдонҳо тариқи барномаҳои махсуси тарҳрезишуда амалӣ мегардад. Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон, паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, васеъ истифода менамоянд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик чунин иброз намуд: «Дар баробари мақсаднок ва ба манфиати умум равона гардидани натиҷаҳои илми муосир чунин васоит метавонад аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша барои ноил гардидан ба мақсадҳои харобкорона истифода шавад. Дар бисёр маврид шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ васила ҳуқуқи шаҳрвандонро дар масъалаи истифода аз шабакаи интернет маҳдуд карданӣ нест...». Таъкидҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар он аст, ки вобаста ба рушди технологияи асри навин, яъне паҳншавии шабакаи ҷаҳонии интернет, тафаккури техникии ҷавононро ба тарғиби ахлоқи нек, омӯхтани илму дониши муосир ва таърихи гузашта равона бояд кард. Аммо дар ин самт камбуди волидон ва дигар табақаи дахлдори ҷомеаи мо дар он аст, ки дар истифодаи технологияи нави коммуникатсионӣ, махсусан интернет, наврасону ҷавонони мо беназорат мондаанд.

Борҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда, бо расму видео садо ва дигар воситаҳои ҷалби мардум ба майдонҳои ҷанг ошно шудам, дидам, хондам, шунидам ва тамошо кардам. Вале ман ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистонам, аниқтараш воситаҳои ҷалбкунии ин афрод ба ман таъсире нарасонид. Дар ҳамин зимн боварӣ дорам, ки хонандаи ин сатрҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Қисмати аввал, ки шумораашон хеле зиёданд мегӯянд, ки кори хуб кардӣ, ақлатро кор фармудӣ ва зиндагии орому осударо ихтиёр кардӣ. Қисмати дуюм бовар дорад, ки ман буздилам, имони комил надорам ва мусулмони ҳақиқӣ намебошам. Мутаассифона, имрӯз дар мамлакати мо низ чунин ашхосе, ки интихоби маро хато меҳисобанд, то ҳол вуҷуд доранд. Ин гуна одамон аллакай ба доми фиреб афтодаанд ва бо гумроҳии хеш дигаронро низ мехоҳанд ба ин дом афтонанд.

Мусаллам аст, ки ҳамарӯза мардуми Тоҷикистон тариқи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ аз вазъи майдонҳои ба ҷанг кашидашудаи ҷаҳони араб, ки ба нооромиҳои тӯлонӣ ва даҳшатбори ифротиёни хунхор кашида шудаанд, хабардор мешаванд. Хатари ҷанг ва доман густурдани ҳаракатҳои тундгароёна дар давлатҳои арабии Сурия, Миср, Яман, ҳамчунин мамолики дигари исломӣ, аз қабили Афғонистону Покистон идома меёбанд ва ҳамарӯза дар баробари ифротиён даҳҳо нафар занону кӯдакон, хоса мардуми бегуноҳ нобуд мегарданд. Бо таблиғи баъзе миёнаравҳои зархарид ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ иддае аз ин ҷавонони гумроҳшуда, ки аз саводи дунявию динӣ дур мондаанд, ҷиҳодро баҳона карда, вориди ин майдонҳои хунин мешаванд. Феълан таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баҳри шомил шудан ба гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ миёни наврасону ҷавонони мо “гурӯҳи таваккалӣ”(группа риск) ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки бо дидани ин манзараи даҳшатбору роҳи ҳалокат чӣ чиз ҷавонони моро водор менамояд, ки роҳ сӯйи кишварҳои араб бигиранд. Вобаста ба ин ҳолат илми низоъшиносӣ муайян намудааст, ки агар як фард дар миёни хоҳишу талабот ва имконоти худ мухолифатеро пайдо намояд, пас ӯ мувоҷеҳи як нав бемории “низои дохилифардӣ” мегардад.

Ҳатто мардумони абарқудраттарин давлатҳои дунё, ки бештар аз пайи ҳавасу ормонҳои ғайриимкони худ метозанд, ормону ҳавасҳои осмонии худро амалӣ карда наметавонанд. Тибқи омори созмонҳои байналмилалӣ тайи чанд соли охир маоши миёнаи шаҳрвандони Норвегия ба 4600 евро расид, ки ин баландтарин маош миёни дигар давлатҳои дунё ба ҳисоб меравад. Сатҳи зиндагии ин мардум нисбат ба дигар сокинони сайёра хеле хуб арзёбӣ мешавад. Вале аз миёни сокинони фаъоли ин давлат боз ҳам шахсоне пайдо мешаванд, ки зиндагии орому осудаи мардумро халалдор карда, пайи амалӣ кардани низои дохилифардии хеш мегарданд.

Мудҳиштарин ҳодиса ва ҳамлаи террористие, ки 22 июни соли 2011 ҷони 77 нафарро рабуда, 151 нафари дигарро захмӣ кард, аз ҷониби як шаҳрванди шаҳри Ослои давлати Норвегия - Андрес Брейвик бо тахаллуси Сигурд амалӣ шуд. Баъди пажӯҳишҳо маълум гардид, ки ин нафар воқеан ҳам амали террористии худро танҳо ба хотири ба даст овардани маблағи муфт анҷом дод. Андрес Брейвик соли 2005 коргоҳи барномасозии компютерии худро фаъол мекунад ва ӯ ба нокомӣ дучор шуда, коргоҳаш соли 2008 муфлис мегардад. Ҳарчанд Андрес бомаҳорату кордон буд, якбора мувоҷеҳи мухолифати байни хоҳиш ва имконоти худ гардида, ба бемории низои дохилифардӣ гирифтор мешавад. Хоҳишу талаботи ӯро имкониятҳояш қаноатманд карда наметавонад. Муборизаи ботинии Андрес, бархӯрди мақсадҳо, манфиатҳо ва хостаҳои ба ҳам зид, ки дар як вақт амалӣ намудани он ғайриимкон буд, ӯро фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо ва ба амалҳои ғайриқонунӣ даст задан рӯ ба рӯ кард. Аз ин ҳолат хоҷагони хориҷӣ ва таблиғгарони ифротӣ хеле хуб истифода намуда, бо пешниҳоди як миқдор маблағ барои ӯ коргоҳи наверо таъсис доданд ва ӯро водор намуданд, ки ба ин амали террористӣ даст бизанад. Чунин мисолҳо хеле зиёданд ва барои чӣ ман маҳз Андрес Беринг Брейвики дар он вақт 32-соларо мисол овардам? Агар чунин ҷавони оқилу доно, соҳиби коргоҳу бонки шахсӣ, ки ташкилкунии онҳо дар давлатҳои аврупоӣ кори осон нест, гирифтори дасисаву ҳарзагӯии чунин афрод гардад, айни муддао аст, ки мо дар амалу иқдомҳои худ ақлу заковатро пеша кунем ва ба найрангбозию дасисаи дигарон наафтем. Дуруст аст, ки сатҳи зиндагии мо дар он дараҷаи баланде, ки “хоҷагон” ва “дӯстон” бароямон таърифу тавсиф мекунанд, нест. Вале тибқи оморҳои ташкилоти байналмилалӣ, маоши миёнаи сокинони кишвари мо дар миёни зиёда аз 200 давлати дунё ҷойи 72-юмро ишғол мекунад ва расидан ба ин сатҳ барои як давлати навбунёд кори саҳлу осон нест. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисмате аз ҷавонони Тоҷикистон агар аз ҷаҳлу нодонӣ ва ё фирефта шуданашон ба майдонҳои ҷангии давлатҳои арабӣ ҷалб шаванд, қисмате аз онҳо танҳо ба хотири дарёфти маблағи муфт ба гурӯҳҳои ифротии бо ном “ҳомии ислом” ҳамроҳ мешаванд ва ин ҷавонон барои фаъолияти нопок ва анҷоми амалҳои хушунатомез истифода мешаванд.

Агар мо бо низоъҳои дохилифардии худ мубориза бурда, истодагарӣ ва таҳаммулпазириро пеша кунем, рӯз аз рӯз ба зинаҳои баланди зиндагии хушу гуворо мерасем ва ҳам расида истодаем. Махсусан дар истифода аз шабакаи интернет, ки акнун яке аз роҳҳои асосии даъвати ҷавонон ба Сурияву Ироқ, Мисру Яман ва дигар давлатҳо истифода мешаванд, мебояд боэҳтиёт бошем. Худ ва фарзандон, бародарону хоҳарон ва хоса ҳамватанони худро аз шомил шудан ба ҳаргуна сомонаву блогҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем. Ин корро қарзи имониву виҷдонии хеш донем. Муҳимтар аз ҳама, бо умеди фардои нек ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, хоҳишу талаботи худро бо имконоти худ баробар созем ва шукр гуфтанро фаромӯш накунем.

«Низои дохилифардӣ» ҷавононро ба майдонҳои ҷанг мебарадДилшод НАЗИРМАДОВ,
мудири кафедраи журналистикаи
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

"Хатлон", №23, аз 14 майи соли 2015



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Фарзанде, ки худро бадном, оила ва миллатро доғдор мекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Абарқудратҳо - афзояндаи хатар дар минтақа

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

«Ҷанг аз сагон мондааст», мо-ку инсонем!

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , КОМРОНИ БАХТИЁР
Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Гумроҳӣ ҷавононро ба ҷиноят мебарад

Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо