Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Неруи барқ. Бояд ба исрофу дуздии он роҳ надиҳем!


Неруи барқ. Бояд ба исрофу дуздии он роҳ надиҳем!



Самаранок  истифода  бурдани  не-руи  барқ  ва  пардохти саривақтии  маблағи барқи  истифодашуда  нишонаи фарҳанги  баланд  ва  масъулияти  шаҳрвандии  ҳар  як  сокини Ҷумҳурии  Тоҷикистон  буда,  ба таъмини  фаъолияти  мунтазаму  боэтимоди  шабакаҳои  барқ ва низоми энергетикии кишвар мусоидат  менамояд.  Бо  назардошти  он  ки  истифодаи  неруи  барқ  дар  тамоми  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок  ва  мақсаднок  истифода бурдани  он  аҳамияти  ҷиддӣ диҳем.

Истифодаи  мақсадноки  неруи барқ,  ки  имрӯз  яке  аз  масъалаҳои муҳими  стратегии  давлат  ба ҳисоб  меравад,  аз  ҳар  кадоми  мо-шаҳрвандон  муносибати  ҷиддӣ  ва ғамхоронаро  талаб  мекунад.  Агар хоҳем,  ки  аз  неруи  барқ  мунтазам истифода бурдаву дар фасли сармо ба ҷорӣ намудани маҳдудияти истифодаи  он  зарурият  пайдо  нашавад, бояд  ба  исрофкорию  дуздии  он  роҳ надиҳем.

Дар  асри  XXI  қувваи  барқ  ба  як ҷузъи  ҷудонопазири  ҳаёти  инсон табдил ёфтааст. Аз равшанӣ то гармкунии хона, аз истифодаи таҷҳизоти маишӣ  то  алоқаи  электронӣ  -  ҳама ба қувваи барқ вобастааст. Аммо бо афзоиши талабот ба неруи барқ, ҳам хароҷоти  иқтисодӣ  ва  ҳам  таъсири манфӣ ба муҳити зист меафзояд. Аз ин  рӯ,  истифодаи  оқилонаи  қувваи барқ ва сарфаи он дар шароити хона масъалаи муҳим ва зарурист.

Бар асоси оморҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи кишварҳои рӯ ба рушд, тақрибан 30-40% тамоми қувваи барқ дар бахши маишӣ масраф мешавад. 

Дар хонаводаҳо қувваи барқ асосан ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешавад:

Таҷҳизоти  равшанидиҳанда. Лампаҳои  ҳуҷраҳо  ва  беруни  хона. Масраф: 10-15% аз тамоми истифодаи барқ дар хона.

Таҷҳизоти  гармидиҳӣ  ва  хунуккунӣ. Кондитсионер, обгармкунак.  Масраф:  30-40%  -  ин  гурӯҳ  ис-теъмоли асосиро ташкил медиҳад.

Таҷҳизоти  маишӣ. Яхдон,  теле-визор,  мошини  ҷомашӯйӣ,  микро-волновка, чойникҳои барқӣ. Масраф: тахминан 20-25%.

Дастгоҳҳои иттилоотӣ ва электроника. Компютер,  ноутбук,  телефон ва ғайра.

Роҳҳои сарфаи қувваи барқ дар хона

Иваз  кардани  лампаҳо  ба  LED: Лампаҳои LED 6-10 маротиба камтар барқ истеъмол мекунанд ва муҳлати хизмати  онҳо  то  15  000  соат  мерасад.

Хомӯш  кардани  таҷҳизоти  барқӣ пас  аз  истифода:  Бисёр  таҷҳизот ҳатто дар ҳолати “standby” барқ мегиранд. Хомӯш кардани пурраи онҳо метавонад  то  10%  сарфаи  умумӣ диҳад.

Истифодаи таҷҳизоти каммасраф (энергосарфакунанда): Таҷҳизоте, ки нишони  «A+++»  доранд,  нисбат  ба моделҳои куҳна то 50% камтар барқ истеъмол мекунанд.

Назорати  ҳарорат  дар  хона: Гармкунак  ва  кондитсионерро  бояд бо термостат танзим кард, то барзиёд кор накунанд. Ҳар як дараҷаи кам ё зиёд 7% фарқ дар масраф медиҳад.

Дар  замоне,  ки  масъалаи  самаранокии энергетикӣ  яке  аз  ҳадафҳои  стратегии  ҳар  як кишвар аст, истифодаи оқилонаи барқ на танҳо як  талабот,  балки  нишонаи  маърифати  кориву иҷтимоӣ мебошад. 

Натиҷаҳои истифодаи оқилонаи қувваи барқ

Сарфаи маблағ - бо истифодаи дуруст метавон 20-30% хароҷоти барқро коҳиш дод.

Коҳиши фишор ба шабакаҳои энергетикӣ - ин ба  таъмини  устувори  барқ  дар  тамоми  кишвар мусоидат мекунад.

Муҳофизати  муҳити  зист  -  кам  кардани истеҳсоли  барқ  (махсусан  аз  сӯзишвориҳои маснуӣ) партовҳои CO2-ро кам мекунад.

Пули барқро супоред, вагарна…

Шуруъ  аз  15  апрели  соли  2025  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи ворид  намудани  иловаҳо  ба  Кодекси  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. 

Барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии  назоратӣ  ва  баҳисобгирӣ  ё  бе  шартнома бо  ташкилоти  таъминоти  қувваи  барқ  ва  гармӣ, кандан  ва  шикастани  тамғаҳои  муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани  нишондоди  он  бо  мақсади  насупоридани маблағи  истифодаи  қувваи  барқ  ҳангоми  набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 20 то 30, ба шахсони мансабдор аз 30 то 50 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад.

Тибқи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  ворид  намудани  иловаҳо  ба Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон» барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.

Барои  содир  намудани  ин  ҷиноят  ба маблағи  калон  ё  махсусан  калон,  бо  истифода  аз  вазифаи  хизматӣ,  аз  ҷониби гурӯҳи  шахсон,  гурӯҳи  муташаккил  ё ташкилоти  ҷиноятӣ  ҷазои  маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.

Боздошти кормандони чапдасти шабакаҳои барқ

Се  корманди  шабакаҳои  барқи ноҳияҳои  Ҷалолиддини  Балхӣ  ва Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони азхудкунии маблағҳои пардохтии аҳолӣ барои қувваи барқ боздошт гардиданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ,як нозири барқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз сокинони деҳаи Қизил Байрақ беш аз 58 ҳазор сомонӣ ҷамъ намуда, танҳо 8 ҳазору 797 сомониро ба ҳисоби ташкилот ворид карда, боқимонда 49 ҳазору 953 сомониро ба манфиати шахсӣ истифода кардааст.

Инчунин,  роҳбари  тиҷоратии “Шабакаҳои барқ” ва нозири барқи ноҳияи А.Ҷомӣ  бар  он  гумонбар  мешаванд,  ки бо  маслиҳати  пешакӣ  аз  68  муштарӣ  70 ҳазору  661  сомонӣ  ҷамъоварӣ  карда,  32 ҳазору  774  сомонии  онро  ба  манфиати худ истифода бурдаанд.

Нисбат ба боздоштшудагон бо қисми 2 моддаи 245-и Кодекси ҷиноятӣ (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

P.S. Сари  вақт  пардохт  намудани  маблағи  истифодаи  қувваи барқ  ва  истифода  аз  дастгоҳҳои каммасрафи  барқӣ  масъулияти баланди  шаҳрвандӣ  ва  нақши  ҳар яки  мо  дар  таъмини  кори  муназзами  энергетикии  мамлакат  ва беҳтар  гардидани  вазъи  таъми-ноти неруи барқ мебошад.

Комрони Бахтиёр,
“Хатлон”


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода