Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » АНДЕШАИ ХОНАНДА. Рӯзномаи «Хатлон», ба пеш!


АНДЕШАИ ХОНАНДА. Рӯзномаи «Хатлон», ба пеш!




Профессорон  А.  Комилӣ,  Д.  Алимов, дотсентон Д. Маҳкамзода, С. Шарипов,  Б.  Наимзода,  омӯзгорон  Э.  Набизода, С. Раҷабализода, М. Нуралиев, донишҷӯёни  ихтисоси  рӯзноманигорӣ М. Раззоқов, Р. Холов, С. Иброҳимова, Т.  Саидов  пайваста   дар   саҳифаҳои нашрия маводҳои илмӣ, тарбиявиашонро интишор мекунанд.

Дар  шароити  имрӯза,  ки   фазои иттилоотӣ аз маълумот пур асту масъалаи  тарбияи  худшиносӣ,  ватандӯстӣ, масъулияти  шаҳрвандӣ,  пешгирӣ  аз таҳдидҳои  терроризму  экстремизм ва  костагии  ахлоқ  ба  миён  омадааст, нақши матбуоти тарғибгару созанда боз ҳам  муассиртар  шудааст.  Ин  рисолати касбиашро  рӯзномаи  “Хатлон”  сарбаландона иҷро карда истодааст. Инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти вилояти Хатлон, вокунишҳои  саривақтӣ  ба  иттилооти бардурӯғи  душманони  миллат,  ташкили  озмунҳои  эҷодӣ,  чопи  китобҳои публитсистӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки “Хатлон” чун рӯзномаи пешқадам ва  ибратомӯз  ҷойгоҳи  хосса  дорад. 

Хондани  маводи  Н.  Маъмурзода, Саттор Қарахонов, Ҳангомаи Исмат ба кас завқи хуш мебахшад. Ҳар шумораи “Хатлон” бо силсилаи аксҳову рубрикаҳои  гуногун,  кроссворду қиссаҳои  аҷоиб  ба  хонанда  таассуроти нек медиҳад. Рӯзномахонӣ чун китобхонӣ бояд одати ҳар яки мо бошад.

Ба  ҳайати  эҷодии  “Хатлон” комёбиҳои  эҷодӣ  мехоҳам  ва ҳамеша “Ба пеш!” буданро таманно мекунам.

Абдукибор ГАДОЗОДА,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода