Дар як сатр
» » Хатлон хушкмеваи худро ба хориҷ содир мекунад

Хатлон хушкмеваи худро ба хориҷ содир мекунад

17-05-2018, 12:15

 Боғи  зардолу дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон (га)

Афзоиши бо суръати боғи зардолу дар минтақаи Хатлон боиси авҷ гирифтани меваи хушк ва

таъмини бозор бо ин навъи маҳсулот  мегардад.

 

Сардии шадиди соли 2015 дар шимоли Тоҷикистон боиси авҷ гирифтани коркарди меваи хушк ва рӯ овардан ба усули хушккунии муосири он дар вилояти Хатлон гардид.

Ба иддаои Давлатпочо Атоева замоне онҳо зардолуро бо усули анъанавӣ хушк карда, ба мушкилии калону нархи арзон ба фурӯш мегузоштанд. Меваи дарахтони пурбори зардолу рӯйи замин афтида, дар бештари маврид хӯроки чорво мешуд.

Ҳатто бархе аз боғдорон ниҳолҳои худро канда, ҷойи он дигар навъи мева мешинонданд, то фоидае ба даст биёранд. Фикр мекарданд, ки аз зардолу даромад ёфтан амри маҳол аст…

«Танҳо пас аз оне ки бо усули муосир хушккунии меваро омӯхтам,  сифати меваҳои хушк баланду муштарияш зиёд шуд. Ҳоло  ду навъи зардолуи хушк (ғулинг)-ро дорем, ки аз 20 то 40 сомонӣ қимат доранд. Вақте ки худи ман навъи муосири хушконидани зардолуро аз худ кардам, ба ҳамсояҳоям низ онро омӯзонидам.  Дар якҷоягӣ бо ҳамсояҳо соли 2017 як зардолубоғро харидорӣ карда, меваашро бо навъи муосир хушконидему ба бозор баровардем. Аз ин фоидаи хубҳам дидем. Кишоварзони моро мебояд бо усули муосир ва техникаи нав кор карданро омӯзанд, то фоидаи хуб биёранд. 

Бояд гуфт, ки танҳо давоми соли 2017 аз ҷониби Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ  барои 10 ҳазор сокинони хатлонӣ омӯзиш бо усули наву муосир хушкконидани меваи зардолу гузаронида шуд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки хоки зархез ва боду ҳавои Хатлон  барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳои зардолу мусоид мебошад. Ин аст, ки сол то сол майдонҳои боғзори ин навъи мевагӣ дар вилоят афзоиш меёбад.

Ин омор нишон медиҳад, ки кишоварзону боғдорони хатлонӣ ҳамқадами замон будан мехоҳанд. То маҳсули дастони худро дар баробари бозорҳои дохилӣ ба хориҷи кишвар низ содирот кунанд.

Ба назари таҳлилгарон парвариши зардолу маҳз пас аз соли 2015 афзоиш ёфт. Ёдовар мешавем, ки баҳори ҳамон сол  дар шимоли Тоҷикистон якбора барф борид ва ҳарорати ҳаво аз сифр поён шуд. Махсусан ноҳияҳои зардолупарвар зарари бештар диданд. Соҳибкорони маҳаллӣ роҳи нави содироти онро пеш гирифтанд: Аз шимоли Тоҷикистон омада, зардолуи Хатлонро харидорӣ карданду фурӯши мева авҷ гирифт. Боғдорони хатлонӣ дарк карданд, ки аз зардолу низ пули калон кор кардан мумкин аст.

-Ҳамин тавр, тиҷорати хушкмева дар Хатлон ҳам ривоҷ ёфт,-мегӯяд Сабоҳатулло Музаффаров, коршиноси соҳа. –Аз навъи муосири хушккунии зардолу кор гирифтани сокинони Хатлон фаровонии бозори минтақа дигаргун гашт. Имрӯз ҳатто соҳибкорон аз вилояти Суғд ташриф оварда, меваи хушки инҷоро  яклухт харидорӣ намуда, ба Русия содирот мекунанд.

Вобаста ба ин, коршиносон тахмин мекунанд, ки агар ҳамчунин босуръат хушккунии мева ва содироти он давом ёбад, солҳои наздик вилояти Хатлон метавонад  яке аз минтақаҳои асосии рушд гирифтаи истеҳсоли меваи хушк ва содироткунандаи он гардад.

Низомиддин ИСОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Доброго времени суток!
Сейчас поделюсь с вами новостью о как открыть машину, если сел аккумулятор чистка пальто в домашних условиях - чистим не хуже, чем в химчистке. Только теперь можно приступать непосредственно к нанесению красной помады.. Последние 3 варианта отлично подходят для маленькой квартиры, где некуда поставить обычную гладильную доску как в разложенном, так и в сложенном виде, или есть маленькие дети, которые так и норовят залезть везде, где можно и нельзя.
31 май 2018 19:15
3 июн 2018 06:51
3 июн 2018 15:05
Valoriser les comportementsau . objectif doffrir un support Г  la discussion avec des adolescentsdesadultes jeunesdes troublesappareil respiratoire, notamment au . Le risque de malformation augmentefonction. 10150 taches rouges sur la langue." coГ»t de viagra en nzaugmenteoГ№ puis-je acheter . En excГЁs, ils obstruent les artГЁres etrisquecardiovasculaire. . Ce nest pas la mГЄme doctrine pour leau, cleocin 600 mg po il peut en effet arriver dans certain cas que votre bГ©bГ© refuse de boire Г  satiГ©tГ©.
5 июн 2018 00:38

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , АМОН МАҲКАМОВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Чӣ тавр нархи зардолуро то 50 карат афзоиш додан мумкин аст?

Чӣ тавр нархи зардолуро то 50 карат афзоиш додан мумкин аст?

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА