Дар як сатр
» » Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

7-02-2015, 12:41

Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»
- Ман мулло Абдураҳим. Ман мавлавӣ Абдураҳим. Ман Абдураҳим Каримов. Имрӯз ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ташриф овардам ва омода ҳастам ба ҳамаи саволҳоятон ҷавоб гӯям.

- Хуш омадед, Абдураҳим Каримович! Шумо ҳарчанд айни замон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ба сифати устод фаъолият дошта бошед ҳам, дар Тоҷикистон шуморо чун чеҳраи сиёсӣ мешиносанд. Шумо асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб, собиқ раиси Кумитаи гумрук, собиқ муовини раиси агентии мубориза бар муқобили гардиши ғайр қонунии маводи мухаддир ҳастед. Андаке аз сиёсат дур рафтани шуморо мардум антракт дар театри сиёсӣ медонанд ва бар он назаранд, ки шумо дар интихоботи парломонӣ номзадии худро мегузоред. Агар пӯшида нест, номзадии худро аз кадом ҳавза ё ҳизб пешбарӣ мекунед?
- Аз оғози саволатон маълум, ки суҳбат бо шумо вазнин мегузарад. Ростӣ, дар ин масъала то ҳол фикр накардаам. Муддати 4-5 сол мешавад, ки дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам кор мекунам. Дар ин ҷо ба муҳассилин дарс мегӯям. Фикр мекунам, бо ҳамин саҳми худро дар ҷомеа гузошта истодаам.

- Мардум бар он ақида ҳастанд, ки шумо имрӯз ҳам бо Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамкорӣ доред. Албатта, фикри дигар низ ҳаст. Мегӯянд, ки шумо одами Ҳукумат ҳастед.
- Ман воқеан асосгузори ҳизби наҳзат дар ҷумҳурӣ, махсусан дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Бо амри тақдир солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун гуреза дар Афғонистон паноҳ бурдам. Дар Афғонистон қариб панҷ сол, аз соли 1992 то 1997, қумандон будам. Манро чун яке аз қумандонҳои пешқадам ва мубориз мешинохтанд. Пурсед, имрӯз ҳам инро тасдиқ мекунанд. Хаттоб, ки ӯро дар дунё ҳамчун террористи рақами аввал мешинохтанд, муовини ман буд. Айни замон ман узви Ҳизби наҳзат нестам ва ба он ҳамкорӣ ҳам надорам. Ин беҳуда нест, зеро аз таҷрибаи рӯзгор дарк кардам, ки ҳизбҳои исломӣ бар манфиати ислом нестанд. Дар Афғонистон ба ҷомеа фоида не, зарар доштани ҳизбҳои исломиро амиқтар фаҳмидам. Афғонистон бароям як мактаби бузург буд.

- Чаро шумо гумон мекунед, ки ҳизбҳои исломӣ бар зарари исломанд?
- Гумон не, ман инро бо қатъият мегӯям. Вақте ки ҳизб барпо мешавад, ҳадафи асосиаш рӯ ба сиёсат овардан, сари қудрат омадан аст. Барои ба чунин ҳадаф расидан яке аз воситаҳо тафриқа дар ҷомеа андохтан мебошад, ки хилофи фармудаи Қуръон аст.

Кори ин дунё ва охирати мо бар асоси чор унсур бунёд дорад: якум, китоби Қуръон, дуюм, суннат, яъне гуфтору рафтори паёмбари ислом, сеюм, иҷмои уммат, чорум, қиёси муҷтаҳид.

Ин ҳама асли ислом мебошанд. Унсурҳое, ки зикр кардам, мухолиф ва гузашта аз ин, намегузоранд, ки ислом ҳизб дошта бошад. Ислом ихтилоф, парокандагӣ ва хунрезии мардумро намехоҳад. Ҳизб хунрезӣ, ихтилофпартоӣ аст. Фаъолияти ҳизб мардумро ба мардуми дигар ҷанг меандозад. Ҳизб қудратхоҳу манфиатхоҳу маблағхоҳ аст. Ҳизб мардуми мусулмонро пора ва пароканда месозад.

- Аммо ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё дар китоби Қуръон калимаи ҳизб зикр ёфтааст. Магар ин наметавонад асос барои таъсиси ҳизби исломӣ гардад?
-Не, ин андеша нодуруст мебошад. Дар Қуръон гуфта мешавад, ки ду гурӯҳ, ё ба истилоҳ ҳизб вуҷуд доранд. Якум, ҳизбуллоҳ, дуюм, ҳизбушшайтон.
Ҳизбуллоҳ ҷонибдори чор унсур: китоби Қуръон, суннат, иҷмоъ, қиёс аст. Ҳизбушшайтон муқобили чор унсури болост. Ҳизб маънои гурӯҳро дорад. Гурӯҳ ба ду қисм тақсим мешавад. Яке гуфтаҳои чор унсурро тасдиқ ва пайравӣ мекунад, дигаре муқобил. Ҳизбҳои исломии имрӯза аз исломи воқеӣ дур афтодаанд. Онҳо исломро бадном мекунанд. Дигар ҳеҷ.

Мисол, Афғонистони ҳамсарҳади мост. Вақте ки ба Афғонистон рафтем, он ҷо гуфтанд, ки 18-20 сол ҷанг идома дорад. Аҳмадшоҳи Масъуд ва оғои Ориёямпур гуфтанд, ки то дасти хориҷ ба Афғонистон омада 3-4 ҳизб насохт, ҷангро дар кишвар оташ афрӯхта натавонистанд. Акнун ҳолати Афғонистонро имрӯз худ бинеду қазоват кунед. Яъне то имрӯз ҷанг ба охир нарасидааст. Дасти хориҷ дар Афғонистон ба мақсад расид. Ҳоло ҳизб ба ҳизб мезанад, хуни мусулмон рехтан мақсади асосии онҳост. Ин шакли ҷанг нест кардани мусулмон ва насли мусулмонон аст.

Метавон Тоҷикистонро низ мисол овард. То вақте ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ташкил нашуд, ин ҷо ҷанг сар назад.

- Ҳизби наҳзат чӣ иртиботе бо ҷанги шаҳрвандӣ дорад?
- Вақте ки ҲНИТ ташкил ёфт, қувва, маблағ, қудрат пайдо шуд. Аз хориҷ ба ҳизб маблағ меомад. Гурӯҳҳои хориҷ мухолифинро бо Ҳукумат ҷанг меандохтанд. Инсоне, ки ҷангро надида буд, фикр мекард, ки гурӯҳҳои берун пешрафти исломро мехоҳанд ва роҳи дуруст нишон медиҳанд. Аммо ин тавр нашуд.

Дар Афғонистон мо як чиз омӯхта будем. Ҳамон гурӯҳҳое ба ҷанг кардан талқин мекарданд, ба мо мегуфтанд, ки шумо ҳунари ҷангу ҷиҳод надоред. Дар Бухоро як матал будааст: «Пеш аз чой хӯрдан ҷанг намешавад». Онҳо инро ба таври масхараомез ба мо мегуфтанд. Бо лаҳни «деҳ» (бизан) ишора карда мегуфтанд, ки ҳамин хонаро бо занед. Аммо намегуфтанд, ки дар он хона кист. Зану фарзанд ҳаст ё каси дигар, фарқе надошт. Мегуфтанд, ки куштаҳои ин хона хубаш ба ҷаннат мераванду бадаш ба дӯзах. Ҳол он ки Худои таъоло дар Қуръон мефармояд, ки агар як инсон инсони дигарро мекушад, ҷазои вазнин интизораш аст. Ҷазо дӯзах аст. Ин маъно дар ояти 93, сураи Нисо омадааст:
و من يقتل مومناً متعمدً فجزآوه جهنًّم خلدً فيها...
Ва ҳар кас муминеро ба ъамд (қасдан) бикушад, кайфар (ҷазо)-и ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он ҳамвора хоҳад буд…”.

Ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд, ки агар як инсон хуни як инсони дигарро мерезонад, гӯё ба муқобили Худо ҷанг эълон кардааст.
Вақте китоби Қуръонро варақ мезанед, ҳама суханҳои ҳазрати Муҳаммад (с) он ҷо тасдиқи худро ёфтааст. Тамоми гуноҳҳоро Худо мебахшад, ба ҷуз хунрезӣ.

- Пас, чаро шумо бо ҳаммаслаконатон даст ба хунрезӣ задед?
- Мо фикр кардем, ки дар Тоҷикистон ҳизб месозем, мардумро ба роҳи ислом мебарем ва онҳоро аз ҳар гуна равияҳову гурӯҳҳо озод мекунем. Ба ҳамин мақсад даст ба ин кор задем. Таҷриба кардему амал кардем, ба ҳамин хулоса расидам, ки ҷое, ки ҳизбе бо номи ислом ҳаст, он ҷо фитна ҳаст, он ҷо хунрезиву ихтилоф ҳаст. Мо дарёфтем, ки асосгузорони ҳизбҳои исломӣ аҳли ислом нестанд. Онҳо ба хотири бадном кардани дини мубини ислому тафриқа андохтан дар он ҳизб сохтанду месозанд.

- Ин суханонро бар кадом асос мегӯед?
- Ҳизби исломиро аз берун маблағгузорӣ мекунанд. Вақте ки роҳбарони ин ҳизбҳо манфиатдоранд ва айшу ишрат аз ҳисоби хоҷагони хориҷӣ доранд, дигар ба қафо баргашта наметавонанд. Барои фаҳмиши шумо як мисол меорам. Ман дар Афғонистон қумандон будам. Хаттоби араб муовинам буд. Ӯ яке аз ҷангиёни боқувват дар дунё ба ҳисоб мерафт. Нафари дигарро Ҳоҷӣ Ҷамшед мегуфтанд. Аз ӯзбекзабонҳои Афғонистон буд. Ӯ низ муовинам буд. Мо дар рости Саричашмаи Шӯрообод ҷабҳаи ҷангӣ доштем. Он ҷо бо мо Ҳоҷӣ Ҷамшед фаъолият дошт. Ҳамроҳи Саид Абдуллоҳи Нурӣ маслиҳат карда, хостанд, ки ба қишлоқҳои Шӯробод ҳуҷум кунанд. Ман намондам. Ҳоҷӣ Ҷамшед, ки як ҷангии таҷрибадор буд ва маблағҳои калон гирифта буд, ба ман мухолифат кард. Тавассути ратсия ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ баромад. Гуфт, ки Мавлавӣ барои несту нобуд кардани душманони ислом монеагӣ дорад. Чӣ бояд кард? Ӯ ратсияро ба ман дод. Саид Абдуллоҳи Нурӣ гуфт, ки ин ҷо дигар гунаҳгору бегуноҳ нест. Ҳамаро як зайл мезанед. Баъд аз ин душманон метарсанду мегурезанд. Гуфтам, ки устод, чуқур фикр кун. Ин ҷо сарҳадбонҳои тоҷику рус ҳастанд. Мо бояд онҳоеро занем, ки бо мо ҷанг мекунанд. Нурӣ гапамро гӯш накард, ратсияро монд.

- Шумо фидоии ҳизби наҳзат, афсари Саид Абдуллоҳи Нурӣ будед. Чи гуна метавон бовар кард, ки аз иҷрои супориши ӯ сар печидед?
- Ман афсари одие набудам, ки фикрам ба инобат гирифта нашавад. Ҳамчунин, ман дӯсте доштам бо номи Омир Башири Чоёбӣ, ки яке аз қумандонҳои номдори шимоли Афғонистон буд. Аз ӯ меҳаросиданд. Чун ӯ аз қазияи ихтилофи мо огаҳӣ пайдо кард, тавассути ратсия ба роҳбарияти мо баромада, гуфт, ки агар касе бо Мавлавӣ сар ба сар мешавад, ман бо ӯ мубориза мебарам. Вай суханашро ба замин нагузошт. Ҳоҷӣ Ҷамшедро Омир Башир бо хоҳиши ман аз сарҳади Тоҷикистон дур сохт.

- Ҷанги шаҳрвандӣ боиси сари қудрат омадани мардуми минтақаи Кӯлоб гашт. Ҳарчанд, ки мардуми минтақаи Кӯлоб танҳо ба мақсади дифоъ аз Ҳукумати конститутсионӣ ба мубориза бархоста буданд. Аммо шумо, як чеҳраи маъруфи Кӯлоб, бар муқобили ҳамдиёрони худ мубориза бурдед. Чаро?
- Аввал, мо фикр мекардем, ки инро ислом мехоҳад. Ман фикр доштам, ки аз ислом дифоъ мекунам. Аммо дар Афғонистон суҳбат, дӯстӣ бо уламои барҷастаи Афғонистон, онҳое, ки аз асли ин тафриқаандозиҳо бохабар буданд, маро ба чунин хулоса овард.

- Мардум бар он ақидаанд, ки дар ҲНИТ нафарони ватанпарвар, дилсӯзи меҳану миллат ҷамъ омадаанд. Чаро шумо фикр мекунед, ки онҳо бо роҳи ғалат мераванд?
- Дар ояти 103, сураи “Оли Имрон” омадааст:
واعتصموا بحبل الله جميعا و لا تفّرَّقوا واذكرو ا نعمت الله عليكم ...
“Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед...”.

Аз ин бармеояд, ки бояд мусулмонон барои манфиату хоҳишҳои худ миёни мардум ихтилоф, тафриқа наандозанд. Мо хуб медонем, ки сарчашмаи ихтилофандозӣ аз куҷо ва аз ҷониби кист. Онҳо дар ин кор таҷрибаи бузург доранд ва неруҳоеро ба мисли ҳизби наҳзат зиёд ба майдон оварданд ва меоваранд. Мақсади онҳо ноором сохтан, кам кардани шумораи мусулмонон аст. На ҳама одамон инро дарк мекунанд. Махсусан, насли ҷавон, ки меваи истиқлолро чашидаву ҷанги шаҳрвандиро надиданд. Мегӯянд, ки адолат нест, демократия нест. Бо ин баҳона мардумро фиреб медиҳанд. Ёд доред, атрофи ҲНИТ қувваҳои демекратия, Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайра ҷамъ шуда буданд. Онҳо мақсадҳои худро доштанд. Бар замми ин, ҲНИТ аз дигар ҷо маблағгузорӣ мешуд. Оқибати ин ба ҳама маълум. Офтобро бо доман пӯшонида намешавад.

- Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки қувваҳои беруна мехоҳанд тавассути ҳизби исломӣ мақсадҳояшонро дар кишвари мо амалӣ созанд. Ҳол он ки онҳо имкон доранд тавассути ҳизбҳои дигар, аз ҷумла, ҳизбҳои сотсиал - демократӣ, сотсиалистӣ, коммунистӣ ва ғайра мақсадҳояшонро амалӣ созанд.
- Наметавонанд.

- Чаро?
- Қувваҳои хориҷӣ ҷойи заифии мардуми мусулмонро медонанд. Онҳо ба мардум нишон додан мехоҳанд, ки ислом месозанд. Бо ин роҳ мардуми содаи мусулмонро ба по мехезонанд. Бубинед, ки замоне ҳизбҳое, ки шумо ном бурдед, дар атрофи мо, яъне ҲНИТ сарҷамъ шуда буданд. Ҳадафашон чӣ буд? Тавассути мо ба сари қудрат расидан.

- Ба назари шумо, қувваҳое, ки ноором сохтани кишварҳои мусулмон ва кишварҳои шаҳрвандонаш мусулмонро мехоҳанд, кадом воситаҳоро истифода мебаранд?
- Аслан бо роҳи маблағгузорӣ. Баъдан, яроқу аслиҳа ва дуздидани фикри мардум. Ин қувваҳо ба мардуме наздикӣ пайдо мекунанд, ки дониши диниашон заиф аст. Бо дурӯғ давлати исломӣ месозем гуфта, аз мардуми гумроҳ истифода мебаранд.

Албатта, тафриқа, фитна андохтан миёни мардум усули маъмулии ин қувваҳо аст. Як ҳодисаро бароятон ёдрас мекунам. Миёни муҳоҷирини мо ва собиқ роҳбарияти оппозитсия гуфтугузор буд, ки гӯё кулобиҳо кофиранд. Дар Афғонистон гурӯҳи Ҷирга ва Луи Ҷирга ҳаст. Онҳо давлатӣ нестанд, аммо мақомоти давлатӣ сухани онҳоро ба эътибор мегирад. Як нафар аз гурӯҳҳои Ҷирга дар Тахор омада мегӯяд, ки оё ягон нафар аз Кӯлоб ҳамроҳи шумо - муҳоҷирин ҳаст? Ҷавоби «Не» мегирад. Аслан мардуми Афғонистон кунҷкобанд. Ба як гап қаноат намекунанд. Каси дигарро мепурсанд. Баъд як нафар мегӯяд, ки «Ҳаст. Қумандони калон Мавлавӣ Абдураҳим аз Кӯлоб аст». Як нафарро дар Тахор масъул мемонанд ва мегӯянд, ки «Ҳамон нафар омад, ҳатман моро хабардор кунед». Рӯзе гурӯҳи Ҷирга маро доштанд ва ба Ҷирга оварданд. Савол доданд, ки «Шумо кӯлобӣ ҳастед?». «Бале» гуфтам. Боз савол доданд, ки «Кӯлобиҳо кофиранд?». Ман гуфтам, ки «Кофир не, ҳама мусулмонанд». Ман аз аҳли Ҷирга пурсидам: «Чаро пурсиш ба миён омад?». Онҳо гуфтанд, ки «Овозаҳо зиёданд, ки мардуми Кӯлоб мусулмон нестанд, бар зидди исломанд. Ин Аҳмадшоҳи Масъуд ва устод Раббонӣ водор месозад, ки як ҳайат таъсис диҳанд, ба Тоҷикистон фиристанд, то муайян созанд, ки мардуми минтақаи Кӯлоб мусулмонанд ё не». Бо сардории устод Раббонӣ як ҳайат омад, аз наздик бо мардум вохӯрд. Дар Кӯлоб мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадониро дидан кард. Аз роҳбарияти ҳизби наҳзат даъват ба миён оварданд: «Миёни ҳамдигар ҷудоандозӣ накунед. Ҳама мусулмон ҳастед. Дар андешаи сулҳу салоҳ бошед. Ин ҷо дасти сеюм пайдо шудааст, ки шуморо мехоҳад несту нобуд кунанд». Ана, ҳамин тавр миёни мардум фитна меандохтанду онҳоро аз ҳам ҷудо месохтанд. Танҳо сухани устод Раббониву Аҳмадшоҳи Масъуд мардумро бедор кард. Танҳо ҳамин шахсиятҳои баномус сабаб шуданд, ки мардуми тоҷики дар Афғонистонбуда ба Тоҷикистон баргаштанд. Сарсупурдагии Эмомалӣ Раҳмон нақши бузург дар баргаштану ба ҳам омадани мардуми тоҷик бозид. Чӣ ҷойи пӯшидан, агар ӯ ҷон ба кафи даст гирифта, барои мулоқот ба Афғонистон намерафт, касе ба Тоҷикистон барнамегашт.

- Нақши киро дар сулҳи тоҷикон бештар медонед?
- Аввал, нақши Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бофарҳанги тоҷик, ки дар талоши якпорчагии Тоҷикистон буданд. Дувум, пешвоёни мардуми Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, устод Раббонӣ ва Омир Башир. Агар инҳо намешуданд, ба даст овардани сулҳ миёни тоҷикон аз имкон берун буд.

- Тасаввур кунед, ки раиси ҲНИТ ҳастед, дар даст қудрат доред. Дар шароити кунунӣ ба чӣ иқдоме даст мезадед?
- Аз раисӣ даст мекашидам, ҳизбро барҳам медодам. Чунки ман ҳамчун раиси ҳизб сабаби хунрезӣ ва норомӣ дар Тоҷикистон мешудам. Агар Худованд маро ба ин муяссар мегардонид ва воқеан мусулмон бошам, бояд ин корро кунам. Дар акси ҳол, назди гузаштагону имрӯзиёни миллати тоҷик сархам ва дар таърих қарнҳои қарн ба бадномӣ боқӣ мемондам.

- Дар чунин шароит чӣ бояд кард, ки Тоҷикистон луқмаи абарқудратҳо нагардад ва сулҳу оромӣ таъмин бошад?
- Онҳое, ки бо ташкили ҳизбҳо дар ислом тафриқа андохтанд, дар Афғонистон ва дигар кишварҳои исломӣ ба ҳадафашон расиданд. Ҳоло тири туфангашон ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, ки ҳизбҳо ва гурӯҳҳо ташкил кунанд, нооромӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба роҳ андозанд. Вақте ки бо тафриқаандозӣ ба ҳадафҳои ниҳоияшон расиданд, аз нигоҳи худ собит сохтанд, ки мардуми мусулмон, ҳизбҳои исломӣ ҳаргиз бе дахолати ғайри исломиён ба ифоқа омада наметавонанд мегӯянд: «Биёед, мусулмонҳо, мо шуморо ба ифоқа меандозем». Вале он вақт дер мешавад.
- Дар ояти 35, сураи “Иброҳим” омадааст:
و اذ قال رب اجعل هذا البلد ءامناً.....
“Ва Иброҳим алайҳисалом гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро эмин гардон ...(Ишора ба Макка)”. Бубинед, ки пайғамбарон ба чи андоза тинҷию амониро муҳим ва дар мақоми аввал гузошта дуо мекарданд.

Дар ҳадиси пайғамбари Худо (6631) омадааст: «Муҳаммад алайҳисалом дар ҷамъияти бузурге, ки саҳобагон ҳузур доштанд, ба анбуҳи мардум рӯй меорад ва мепурсад:

- Медонед муъмину мусулмон кист?
- Мо намедонем. Худову шумо - расули Худо медонед», посух медиҳанд онҳо.

Ҳазрати Муҳаммад гуфт: «Муъмини мусулмон касест, ки нафс ва амволи дигар бандагон аз ӯ дар амон аст».
Ин суханон беасос нестанд. Агар мо воқеан худро мусулмону бандагони Худо донем, бояд дар талоши оромии мардуму кишвар бошем ва бозичаи дасти бадхоҳони миллату давлатамон нагардем.

- Шабохун дар нуқтаи сарҳадии 12 таҳти сарварии шумо сурат гирифта буд. Ин амалиёт чи гуна буд ва кӣ онро тарҳрезӣ кард?
- Ин мавзӯест, ки мехостам сари он баёни андеша кунам. Дуруст аст, ки ман қумандони минтақаи сарҳадӣ аз Дарвоз то Фархор будам. Ҳеҷ амалиёте дар ин минтақа бе мувофиқа бо ман сурат намегирифт. Мо масъулият доштем, фаъолияти мо таҳти муроқибат қарор дошт, низомиёни хориҷӣ таълим медоданд. Мо худро аскари ислом меҳисобидем. Фикр мекардем, ки амаламон дар заминаи фармудаи Худованд аз рӯйи Қуръон сурат мегирад. Мо бовар доштем, ки дар роҳи ҳақ қарор дорем. Баъд дарк кардем, ки бозичае беш нестем. Сарнавиштамон дар дасти онҳое буд, ки аз зери парда моро раҳнамоӣ мекарданд. Замоне асли масъаларо дарк кардем, ки аллакай дер шуда буд.

- Мо аз савол дур афтодем. Омодагӣ барои ҳуҷум ба нуқтаи сарҳадӣ кай ва чӣ гуна сурат гирифт?
- Омодагӣ барои задани Кӯлоб барвақт сурат гирифта буд. Ҳатто ҳуҷум ҳам оварда будем. Азбаски сари задани Кӯлоб ба ман эътимод набуд, ба ин амалиёт қумандони дигар бо номи Ҳаким ҷалб гашт. Ӯ бисёр ҷасур ва бомаҳорат буд. Агар дар ёд дошта бошед, Тавилдараро як муддат таҳти назорат гирифта буд. Баъдан зери фишори қувваҳои Ҳукуматӣ ба Афғонистан ақибнишинӣ кард. Дар Афғонистан ба ӯ унвони Фотеҳ дода буданд. Ӯ бо супориши роҳбарияти наҳзат бо дастаи беш аз 200-нафара аз сарҳад, дар қисмати Зардолуҳак ва Офтобзамин вориди Тоҷикистон шуда, барои задани Кӯлоб омодагӣ мегирад. Ман аз ҷониби роҳбарият дастур гирифта будам, ки ба ӯ халал нарасонам. Қариб ду-се моҳ дар он ҷо буд. Кӯлобро зада натавонист. Абдуллоҳи Нурӣ даъват карда пурсид, ки «Чӣ гап аст? Магар ба ту мулло Абдураҳим халал мерасонад? Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки «Халал намерасонад, аммо аз чӣ бошад, ки ин амалиётро пеш бурда наметавонад». Қисме аз аскарҳояш ҷинвара шуданд. Оқибат ӯ ба Афғонистан бенатиҷа баргашт.

- Дар мавриди задани Кӯлоб чаро ба шумо эътимод набуд? Бароятон магар ҳисси маҳал аз ҳамбастагию ҳамназарӣ бо ҳамсафони наҳзатиатон болотар меистод?
- Шояд Ватанамро дӯст медоштам. Вале ман намехостам, ки мардуми бегуноҳ қурбон шаванд. Ҷанг, ки шуд, ҳамаро мезанӣ, на тар мемонад, на хушк.

- Чаро чунин андеша ҳангоми задани нуқтаи сарҳадии 12 ба саратон наомад?
- Мақсад аз пӯста (пост)-и 12 задани Кӯлоб буд. Он вақт ман дар минтақаи Роғи вилояти Бадахшони Афғонистон қарор доштам. Саид Абдуллоҳи Нурӣ одамони Ризвонро равон кард ва гуфт, ки «Равед, Мавлавиро гиред ва Кӯлобро занед». Ман ба онҳо иҷозат надодам. Зеро, аввал он ки қумандони ин минтақа будам ва нуфузам имконият намедод, ки онҳо бе иҷозати ман ба чунин амал даст зананд. Онҳо пурсиданд, ки «Чаро мухолифи задани Кӯлоб ҳастӣ?» Ман барояшон посух додам, ки «Вақте ки шумо ба Кӯлоб меравед, сарҳадбонон аз ин хабардор мешаванд ва аз пушт хатти ақибнишинии шуморо мебанданд. Мо банд мемонем. Дигар имкони баргаштан ба Афғонистан аз миён меравад ва ҳама нобуд мешавем. Дар ин ҳолат ҷавобгарӣ ба гардани қумандони минтақа меафтад». Ман дастур додам, ки «Баргарданд ва ин нақша амалӣ намешавад». Онҳо хулосаи маро ба роҳбарият расониданд.

Абдуллоҳи Нурӣ тариқи мухобира манро ба Тахор даъват кард. Ӯ дастур дод, ки «Барои ҷабҳаро пурқувват кардан ба Покистон барои ғизою аслиҳа меравӣ». Он вақт масъули пулу молу аслиҳа Ҳимматзода буд, ки дар Покистон менишаст. Тӯраҷонзода дар Эрон масъули гуфтушунидҳо ва музокирот буд. Ман пурсидам, ки «Чаро маро ба Покистон мефиристед?». «Дар Покистон шуморо хуб мешиносанд», гуфтанд. Ман ҷонишине доштам бо номи Ҷоншо. Ӯ ҳам аз Кӯлоб, бисёр ҷанговари номӣ, таълими Хатобро гирифта буд. Худаш силоҳро таъмир мекард, маводи тарканда омода месохт. Ҷоншо ба ҷоям буд. Ман сафар кардам. Дар набудани ман зарба ба пӯстаи 12 зада шуд.

- Шумо дар як мулоқот бо Президенти кишвар задани нуқтаи сарҳадии 12-ро эътироф кардед. Инро чӣ гуна бояд фаҳмид?
- Вақте Президент маро дар ҷаласа ба аҳли нишаст муаррафӣ карда гуфт, ки ин ҳамон мулло Абдураҳиме аст, ки ҳизби наҳзатро дар Кӯлоб бунёд карда буд, лидери мухолифин буд, ҳамон мулло Абдураҳиме аст, ки застави 12-ро зада буд. Ман дар ҷавоб "Дуруст аст" гуфтам. Он вақт мавқеи гуфтан набуд. Агар ман бо Президент аз наздик суҳбат мекардам, ин ҳолатро ба таври муфассал нақл мекардам.

- Шумо ҳоло имкон доред, ки ба мардум онро муфассал шарҳ диҳед.
- Ман аз ҷониби роҳбарияти ҳизб дастур гирифта будам, ки ба Покистон равам. Ин амалиёт дар набудани ман сурат гирифт.

- Пас чаро он рӯзҳо радиои Би Би Си хабар пахш кард, ки «Қумандон мулло Абдураҳим пӯстаи 12-ро зад»?
- Ман ҳам баробари аз радио шунидани ин хабар бо мухобира дар алоқа шуда, кӯшиш намудам донам, ки чӣ гуна дар набудани ман ин амалиёт рух дод.

- Ин ҳуҷум кай сурат гирифт?
- Тобистони соли 1993, 13 июл.

- Чаро маҳз 13 июл?
- Албатта, метавонист барвақттар сурат гирад, вале чунин тасодуф пеш омад. Разведка бисёр хуб кор мекард. Миёни афғонҳо одамоне буданд, ки бо сарҳадбонони рус додугирифти маводи мухаддир доштанд. Онҳо дутарафа кор мекарданд: ҳам маълумоти моро ба онҳо мебурданд, ҳам маълумоти онҳоро ба мо мерасониданд. Мо баъзан маълумот мепартофтем, ки фардо ҳуҷум мекунем. Сарҳадбонони рус аз ин зуд огоҳӣ меёфтанд ва омодагӣ мегирифтанд. Мо аз ҳамааш бохабар будем. Вақти хоб, хестан, истироҳат, ҳар қадами гузоштаашонро медонистем. Мо муддати тӯлонӣ аз паси сарҳадбонон мушоҳида мебурдем. Онҳо пайваста, тахминан то соати 2-и шаб ҷониби хатти сарҳад тир, мушак мепарониданд. Баъд аз соати 2-и шаб хомӯшӣ ҳукмфармо мешуд. Як моҳи дароз ин ҳолат таҳти мушоҳида қарор дошт. Бовар ҳосил шуд, ки баъд аз соати 2 сарҳад дар ихтиёри мо аст. Маълумоти барғалати тавассути қочоқбарони афғон паҳнкардаи мо онҳоро раҳгум занонида буд. Сарҳадбонон умедашонро канда буданд, ки мо ҳуҷум мекунем. Барои ҳамин ин ҳуҷум барояшон ногаҳонӣ буд, дар ғафлат монданд.

- Ҳуҷум кадом соат сурат гирифт?
- Соати 3-и шаб.

- Барои ҳуҷум ба застава чанд нафар сафарбар шуданд?
- Тахминан 200 нафар.

- Аз тасаввур берун аст, ки аз ҳуҷуми 200 нафар сарҳадбонон огаҳӣ пайдо накарда бошанд.
- Амалиёт дар як рӯз сурат намегирад. Ба он пешакӣ омодагӣ мегиранд. Ба тарафи дигари соҳил партофтани қувва қаблан амалӣ гашта буд. Масалан, маводи хӯрокворӣ, силоҳи ҷангӣ, хусусан, силоҳи вазнини ҷангӣ пешакӣ ба он тарафи соҳил интиқол дода, дар наздикии пӯстаи 12 захира мекарданд. Ин ҷанги чиррикӣ - партизанӣ буд. Яъне дар ҳолати ғафлат дарёфт ва мағлуб кардани ҳариф.

- Қувваҳои муҷоҳидин аз чанд гурӯҳ иборат буд?
- Гурӯҳҳо аз 12, 50 ва 100 нафар иборат буданд. Гурӯҳҳои 12-нафара зиёдтар буданд. Онҳо бештар маводи ғизоиву аслиҳаро ба ҷойи лозимӣ бурда мерасониданд. Робитаи бисёр хубе тавассути мухобира ба роҳ монда шуда буд.

- Ба ин миқдор ҷанговарон,дар фасли обхезии тобистон чӣ гуна дарёи Панҷро убур карданд?
- Тавассути тал. Пӯсти говро тавре аз тан ҷудо мекунанд, ки ягон сӯрохӣ надошта бошад. Онро дам карда, рӯйи 4-5-тои он тахтаю чӯб мепартоянд ва тавассути он аз об мегузаранд. Аз камераҳои балони мошинҳои калон ҳам истифода мешуд. Чунки тал камӣ мекард.

- Муҷоҳидон давоми чанд рӯз аз сарҳад убур карданд, чӣ гуна аз назари сарҳадбонон пинҳон монданд?
- Давоми як ҳафта аз дарё гузаштанд. Соҳили дарёи Панҷ ҷангалзор аст, назорат кардан ғайриимкон. Одамоне буданд, ки ҳар лаҳза маълумот дастрас мекарданд. Сарҳаду сарҳадбонон пурра таҳти назорати мо буданд. Одамҳои аз дарё гузашта, пинҳон мешуданд, барои ҷанг омодагӣ мегирифтанд.

- Муҷоҳидон аз кадом мардум иборат буданд?
- Бештарашон арабҳо. Миқдори онҳо беш аз 70 нафар буд. Онҳо аз Бангладеш, Миср, Яман ва дигар кишварҳои араб буданд. Пешвояшон Хатаб буд.

- Хатаб магар дар ин амалиёт иштирок дошт?
- Не, ӯро то амалиёт ба Чеченистон равон карда буданд.

- Боқимонда аз кадом миллатҳо буданд?
- Тоҷикон кам, боқимонда афғонҳо буданд. Чизу чораро афғонҳо аз дарё мегузарониданд. Танҳо афғон инро метавонист. Зеро афғон мисли оҳуст. Пул деҳ, барои вай фарқ надорад, ки кӯҳ аст ё пушта, гарм аст ё хунук.

- Кадом намуди силоҳҳо истифода шуданд?
- Ба ҳар 12 нафар 1 гранатомёт, сари ҳар кас 1 автомати Калашников, ба ҳар 5 нафар як пулемёт рост меомад. Ҳамагӣ 6 минамёт буд. Ҳуҷум соати 3-и шаб, ки ҳама дар хоби ғафлат буданд, шурӯъ шуд. Албатта, агар ин ҷанг дар ҳолати бедории сарҳадбонон мебуд, муҷоҳидин қувваи зиёд аз даст медоданд. Онҳо ҳатто фурсати либос пӯшидан пайдо накарданд. Аз сарҳадбонон мувофиқи маълмоти онвақтаи мо ҳамагӣ ду нафар зинда монда буданд. Вале баъдтар рақамҳои дигар пайдо шуданд.

- Чӣ чиз боиси пирӯзии муҷоҳидон дар ин амалиёт гашт?
- Аввал, мавқеи ҷойгиршавӣ. Дуюм, чирики (партизанӣ) будани ҷанг. Вақти ҳуҷум сарҳадбонон ҷойи гурехтан надоштанд. Ҳама дар ғафлат буданд.

- Ин амалиёт чанд соат идома кард?
-Чор соат. Аз соати 3-и шаб то 7-и саҳар.

- Аз ҷониби муҷоҳидин чанд нафар ҳалок шуд?
- Шаш нафар. Даҳ нафар захмӣ. Ин талафот аз ҳисоби аз даст додани вақи буд. Дар пӯста ба микдори калон пул ба ғанимат омад. Як Газ-66 пур аз пул шуд. Пулҳоро ба мошини Газ- 66 бор карда, лаби дарёи Панҷ интиқол доданд, ки аз дарё гузаронанд. Аммо аз снаряди вертолёт мошин таркид ва ҳама пулҳо сӯхтанд. Баъди ин амалиёт бори аввал маблағи калон аз хориҷ ворид шуд.

- Магар ин маблағ арзиши ҷони 25 нафар сарҳадбон ва 6 муҷоҳидонро дошт?
- Албатта, не. Он вақт ҳама дар он андеша будем, ки дар роҳи ҳақ шаҳид мешавем.

- Ҳоло ҳам дар ин андеша ҳастед?
- Ин мавзӯи баҳси дигар аст....Вале як нуктаро мехоҳам зикр кунам: иғвову тундравию ихтилоф мӯҷиби ҷанг ва парешонист. Худованд мардуми мусулмон, хусусан, тоҷиконро аз фитна дар канор нигаҳ дорад. Он вақт ба ман аз зоҳири Қуръон ҳарф мезаданд, ҳоло ман ботини онро дарёфтам.

- Забони арабиро дар куҷо омӯхтед?
- Дар назди домулло Саидраҳмон. Ӯ дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, маъмул бо номи «Южний» зиндагӣ дошт. Баъд дар Афғонистон бо арабҳо, олимони афғон якҷоя шудам, онро такмил додам.

Мусоҳиб
Шарифи Ҳамдампур
(Бознашр аз ҳафтаномаи «Тоҷикистон», №2 (1096) аз 15.01.2015 ва №3 (1097) аз 22.01.2015)



Шарҳи хонандагон +
Levitra In Hamburg Order Generic Accutane viagra Amoxicillin Invention Soft Fruit Flavor Viagra Cytotec 400 Troubles Menstruels British Online Pharmacy cheapest kamagra uk europe Zithromax 750 Mg Non Us Pharmacies Pharmacy Online 365 Acyclovir Without Insurance Acheter Cialis A Montreal levitra orodispersible 20 mg Secure Amoxicilina Medicine Shipped Ups Kamagra Oral Jelly Packungsbeilage Viagra Ou Autres Cheap Viagra Samples Generic Propecia Best Price generic viagra Viagra Cialis Combo Propecia Valor Farmacia Amoxicillin Dry Throat Funciona Propecia Zithromax Effectiveness Chlamydia isotretinoin Lilly Cymbalta
10 декабр 2016 00:48
Cheap Canadian Hydrochlorothiazide kamagra 100 without prescription Why Amoxicillin Before Surgery Should I Take 1mg Or 5mg Of Propecia Propecia Uso Cialis Generika Tipps Cialis Pills Cheapest Buy Silagra Online In India comprar cialis sin tarjeta Discount Cheap Clobetasol How To Buy Amex Precio Propecia 1 Mg Finasteride Discount viagra cialis Cialis Xtc Levitra Quanto Dura L'Effetto cialis price Levonorgestrel Dapoxitina Basso Prezzo Cheapest Viagra Online India viagra Levitra 10 Mg Precio En Farmacia Misoprostol Order Online Order Plavix Online
19 декабр 2016 22:07
How To Get Viagra In Indiana Precio Cialis Diario 5 Mg Amoxicillin Chocolate cialis Generic Priligy Kaufen Buy A Viagra Pills Ataraxto Buy Doxycycline Hyclate Online Amoxicillin Ear Infection Compra Viagra Sin Receta viagra Le Prix Du Propecia Viagra Wirkung Bei Frau Viagra Une Heure cialis online pharmacy Can You Get High Off Cephalexin Comparativa Precio Viagra Generico Acheter Baclofene En France Antibiotic Alternative To Keflex Allergy Popularity For Amoxicillin cialis Propecia With Birth Control Pills Prix Tadalis Sx Boite De 8 Doxycycline For Dogs For Sale Information On Keflex Buy Propecia Forum Para Comprar Levitra Se Necesita Receta cialis online pharmacy Cialis 10mg Posologie Amoxicillin Regimen For Tooth Acquisto Levitra Free
25 декабр 2016 01:13

Матолиби дигар:

Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Сиёсат, Хабарҳо
С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

С. Сорбонхӯҷа: «Ҷиҳод»-и ҷавонони тоҷик дар Сурия ҷиҳоди исломӣ нест

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Дар оянда кӣ шуданӣ ҳастӣ?

Сиёсат, Номаҳои Шумо
Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Сиёсат
Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА