Дар як сатр
» » Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

3-02-2015, 16:27

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст
«Бемории норасоии масунияти бадан бемории шадид буда, яке аз сарчашмаҳои асосии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон дар сайёра гаштааст. Бори аввал ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба таври расмӣ ба қайд гирифта шуд. Гирифторони он дар кишвар имрӯз беш аз шашуним ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддии Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа мебошад.
(Аз Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015)


Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқии амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ)-ро танзим намуда, барои пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар кас ва тамоми ҷомеа нигаронида шудааст.

Имрӯзҳо дар миқёси вилояти Хатлон мардум бо шунидани калимаи «СПИД» дар ҳарос меафтанд. Албатта, риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ва эпидемиологӣ оид ба ин беморӣ оқибатҳои нохуш дорад. Аммо ҳар як шахс метавонад худро аз ин беморӣ ҳифз намояд. Дар ин маврид қоидаҳои зеринро бояд риоя кард:

- пок будан (рад кардани алоқаи ҷинсии бетартибона бо шахсони ношинос);

- даст кашидан аз истифодаи маводи нашъадор;

- истифода набурдани сӯзандоруҳои тамизношуда ва хуне, ки аз ташхис нагузаштааст;

- ҳомиладороне, ки гирифтори ин бемориянд, бояд дар қайди диспансерии марказҳои СПИД бошанд. Таваллуди кӯдак бояд бо роҳи буриши қайсарӣ гузаронида шуда, кӯдак аз шири модар маконида нашавад.

Бояд гуфт, ки ҳар як шахси солим ин қоидаҳоро бе сарфи маблағ риоя карда метавонад.

То охири моҳи декабри соли 2014 дар вилоят 1572 нафар сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо 1049 нафар мард ва 523 нафар зан мебошанд. Аз шумораи умумии бақайдгирифтагон 41,9 фисадаш ба воситаи сӯзандору, 47,4% бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ, 3,5% аз модар ба кӯдак ва 7% бо роҳҳои номаълум ба қайд гирифта шудаанд. Қариб 70%-и сироятёфтагон шахсони синни аз 20 то 40-сола мебошанд, ки қувваи асосии истеҳсолотанд. Аз шумораи умумӣ 7,2%-ро кӯдакони то синни 18-сола ташкил медиҳанд.

Рақамҳои болозикр ҳарчанд ташвишовар бошанд ҳам, вале илоҷи аз ин фоҷеа баромадан ҳамеша мавҷуд аст.

Маркази СПИД-и вилояти Хатлон ба падару модарон, муаллимони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, донишкадаҳо, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва шахсӣ, ҳар як фарди ҷомеа барои пешгирии сироятшавӣ аз ин беморӣ тавсияҳои зайлро пешниҳод менамояд:

- пеш аз барпо кардани оила ҳам зан ва ҳам мард аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам дар марказҳои СПИД гузаранд;

- шахсони гирифтори бемориҳои сил, дарунравии дарозмуддат, таби дарозмуддат, бемориҳое, ки бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, дар марказҳои СПИД аз муоина гузаранд;

- ҳар як шахс метавонад ба таври махфӣ, бе нишондоди ҳуҷҷат, ном ва номи падар аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам гузарад ва саломатии хешро муайян кунад.

Ба ҳар як шахси барои муоина муроҷиаткарда аз тарафи мутахассисони марказ, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи С. Айнӣ-90 (телефон: (83222) 2-42-32) машварати ройгон мешавад. Дар вақти гузаронидани машварат роҳҳои гузариш ва пешгирии ВНМО фаҳмонида мешавад.
Бояд қайд кард, ки гузаштани ташхис ихтиёрӣ аст.

Чуноне ки дар Паёми Сарвари давлат таъкид гардидааст, пешгирии ин беморӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, мутахассисони Маркази СПИД дар вилояти Хатлон тибқи дастурҳои Сарвари давлат амал намуда, фаъолияти марказро ҷиҳати мубориза алайҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ аз ВИЧ/СПИД боз ҳам ҷоннок менамоянд.

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт астАкрам Давлатов,
директори Маркази мубориза
бар зидди СПИД-и вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Агар гирифтори зуком шудед…

Агар гирифтори зуком шудед…

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҷорӣ намудани дарси маърифати оиладорӣ ба нафъи кор аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Дар эмгузаронӣ фаъол бошед

Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
559 мубталои бемориҳои сироятӣ

559 мубталои бемориҳои сироятӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Тандурустӣ ва экология