Дар як сатр
» » Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавад

Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавад

2-02-2015, 18:55

Чӣ хуб, ки нафақапулии мо 20% зиёд мешавадМан ҳамчун як шаҳрванди ҷумҳурӣ, собиқадори меҳнат аз бахти худ меболам. Ифтихор аз он дорам, ки дар чунин як ҷомеаи озоду демократӣ зиндагӣ намуда, аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда бархӯрдорам. Ҳамаи инро тавассути сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати самаровари мардуми Тоҷикистон медонам.

Ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбати мардуми Тоҷикистон, алалхусус нафақахӯрон пайваста эҳсос мегардад. Шаҳодати ин Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аст, ки чанд рӯз қабл тавассути оинаи нилгун - телевизион тамошо кардем. Сардори давлат баробари дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба масъалаи нафақахӯрон низ дахл намуда, иброз дошт, ки беҳбудии шароити зиндагии ин табақа доимо дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад. Барои боз ҳам хубу гуворо шудани зиндагии нафақахӯрон, ҳамчунин маъюбон қарор дода шуд, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ нафақапулии онҳо ба қадри 20 фоиз зиёд карда шавад.

Тасмими Сардори давлат нисбати нафақахӯрон, беҳбудии шароити зиндагии онҳо мо, нафақахӯронро хеле шод намуд. Барои чунин як ғамхории зиёд ба Ҳукумату давлати ҷумҳурӣ, алалхусус Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем. Дар ҷавоби ғамхориҳои давлату Ҳукумат тамоми кӯшишу ғайратамонро ба он равона менамоем, ки кори таълиму тарбияи насли наврасро боло бардошта, ҷавонони шоистаи ин Ватани аҷдодиро тарбия ва ба камол мерасонем.

Х. ҶОЛМАТОВА,
омӯзгори мактаби №1,
ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Аз 1 июл маошу нафақа зиёд мешавад

Аз 1 июл маошу нафақа зиёд мешавад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Лимити барқ муваққатист

Лимити барқ муваққатист

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Баррасии Паёми Сардори давлат дар тамоми шаҳру навоҳии Хатлон

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА