Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОН ЗИЁДАНД


ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОН ЗИЁДАНД


Дар вилоят 11 маркази ҷавонон фаъолият дошта, дар ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Муъминобод ва Ш. Шоҳин сохтмони марказҳои ҷавонон идома доранд, гуфта шуд дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.

Тибқи иттилоъ, шумораи мактабҳои давлатии варзишӣ 34 адад,  аз ин шумора 6 мактабҳои сатҳи вилоятӣ ва 28 мактаби шаҳриву ноҳиявӣ мебошанд. Шумораи варзишгарон 16 ҳазору 465 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 2166 нафарашон бонувон мебошанд. Ёдовар мешавем, ки аз 10 дастаи ширкаткунандаи Чемпионати Тоҷикистон миёни Лигаи бонувон 8 даста аз вилояти Хатлон аст. 

То охири соли 2020 варзишгарони вилоят 731 медали тилло, 609 медали нуқра, 697 медали биринҷиро аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ бошад, 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷиро варзишгарони вилоят соҳиб гаштанд. 

Фирдавс УМАРОВ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода