Дар як сатр
» » Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон аст

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон аст

4-05-2018, 10:44

Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, оқибатҳои даҳшатбор ба бор меоранд. Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, дӯст доштани ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дар канор бошанд.

Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷ вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳанпарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додаанд. Экстремизм дар байни ҷавонон беш аз пеш доман паҳн карда, аст. Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст: сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, моддӣ, идеологӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ байни шахсиятҳои сиёсӣ, поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, надонистани маданият ва фарҳанги миллӣ, фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалиётҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон: дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Намояндагони гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди инҳо дучор шудаанд. Бо дарназардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардан ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Бо ҳамин сабаб намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маориф дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер мекунанд, ки боиси вусъат пайдо намудани радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон мешавад. Моро лозим аст, ки ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Ба ҷомеаи имрӯзаи мо арзишҳои бегона, таълимот ва назарияҳои ғайр бо роҳҳои ошкорою пинҳонӣ ворид гашта, ба шуур ва тафаккури аъзои ҷомеа таъсир мерасонанд. Таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯйистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пуштибонӣ аз ҳар гуна мазҳабу равияҳо ба назар мерасанд.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст. Ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозанд, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғиб намоем. Барои сохтани оилаи солим ба мо зарур аст, ки дар ҳама ҷанбаҳои зиндагии хонаводагӣ, аввалан худамонро бисозем ва дар хонавода масъулиятшинос бошем.

Падару модарон, масъулони таълиму тарбия барои аз мактаб намондани фарзандон бояд саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии фарзандон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшем ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоем. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи созанда ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари маҳбубамон бошанд.

ИсломиддинНарсов,

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Ёвон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

Сиёсат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҷавонон аз хуруфоту бесаводӣ ба ДИИШ мепайванданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Сиёсат, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш