Дар як сатр
» » Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа

24-01-2015, 14:19

Шаби эҷодии Усмон Билолӣ дар Қӯрғонтеппа


Имрӯз, 24 январ, дар "Кохи Ватан"-и шаҳри Қӯрғонтеппа шаби эҷодии шоири соҳибноми хатлонӣ Усмон Билолӣ барпо гардид.

Дар ин маҳфили ширу шакар, ки бо ибтикори шаҳрдории Қӯрғонтеппа ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сурат гирифт, беш аз 200 нафар аҳли зиё ҳузур доштанд. Солеҳа Қосимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа шоир Билолиро аз номи шаҳрдор Амирулло Асадулло бо 40-умин солгарди собиқаи кори эҷодияш шодбош гуфта, барояш ҳадяҳо дод.

Усмон Билолиро ҳамчунин Аҳмадҷон Ализода, раиси Комиҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шоир Рустами Ваҳҳоб, адиб Файзуллоҳи Муҳаммадӣ ва дигар чеҳраҳои саршиноси ҳавзаи адабӣ табрик гуфтанд.

Дар баробари ин ки Усмон Билолӣ аз эҷодиёти худ шеъру рубоиҳо хонд, инчунин Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Маҳмадризо Ашӯров, Маҳмадалӣ Аюбӣ ва овозхонҳои дигар сурудҳоеро бо матни ин шоир тақдими тамошогарон намуданд.

Усмон Билолӣ муҳаррири нашрияи шаҳрии "Набзи Қӯрғонтеппа", узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи маҷмӯаҳои шеърии "Бистари хор" (2003), "Ширинтарин таронаи оғоз" (2005), "Сад шукри Рӯдакӣ" (2008), "Замини сабзи ҳавасҳо" (2011) ва барандаи ҷоизаи адабии вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин мебошад.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Хонаи адибони Фархор» 10 сола шуд

«Хонаи адибони Фархор» 10 сола шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

«Асрори тақдир» муаррифӣ гардид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ