Дар як сатр
» » «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

«Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» бароям мактаби бузург буд

10-04-2018, 11:47

14 апрел поягузори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» (имрӯзаи
«Хатлон») собиқадори матбуоти тоҷик Муқим Абдураҳмонов 80-сола мешавад

Дар ташаккули камина ҳамчун журналист нақши калидиро ӯ бозидааст. Вохӯрии тасодуфие бо устод дар моҳи декабри соли 1981 ҳаёти маро ба куллӣ тағйир дод. Сеюним соли кор дар идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» таҳти сарварии ӯ барои ман мактаби бузурги эҷодӣ буд. Ҳар вақте ки ба биографияи эҷодиам руҷӯъ мекунам, ба чунин хулосаи бебаҳс меоям, ки агар он мулоқоти бароям сарнавиштсози охири соли 1981 барпо намешуд, шояд имрӯз номи журналист Саломиддин Мирзораҳматов ба ҳеҷ кас ошно намебуд.

Рӯзҳои охирини соли 1981 ба суҳбати муҳаррири газетаи русии вилоятӣ «Курган-Тюбинская правда» Геннадий Петрович Шербатов мерафтам (бо ӯ баъдан мо дӯст шудем. Ӯ рӯзноманигори боистеъдод, роҳбари хуб ва инсони наҷибе буд). Ҳар ду редаксия дар бинои куҳнаи якошёнагӣ ҷойгир буданд. Дар долони бино котиби масъули рӯзномаи тоҷикӣ Мирзо Гадоевро вохӯрдам.

- Биё, дар идораи мо кор кун, - гуфт ӯ, аз ҳадафи ташрифам огоҳ шуда. – Дар шуъбаи ҳаёти партиявӣ танҳо як рӯзноманигор боқӣ мондааст. Ду ходими ин шуъба муҳаррири газетаҳои ноҳиявӣ таъйин шуда рафтанд. Ту коммунист, собиқ омӯзгори мактаби олӣ ҳастӣ, барои кор дар рӯзномаи мо мувофиқ ҳастӣ.

Инро гуфту мутаваҷҷеҳи посухи ман нашуда, аз дастам гирифта ба ҳуҷраи кории муҳаррир Муқим Абдураҳмонов бурд. Маро ба муҳаррир муаррифӣ намуда, махсусан таъкид кард:

- Саломиддин чанд рӯз қабл аз Афғонистон баргашт. Он ҷо ӯ ба ҳайси мутарҷим фаъолият мекард.

- Агар ӯ тарҷумон бошад, бигзор ин мақолаи ҷолибро аз Прессбюрои рӯзномаи «Правда» ба тоҷикӣ баргардон кунад, - гуфт Абдураҳмонов. – Мо онро дар шумораи наздиктарин ба чоп расониданием.

Мақоларо гирифта зуд ба хона рафтам ва пас аз ду соат ба назди Гадоев баргашта, дастнависро ба рӯйи мизаш гузоштам. Расо дар ним соат мақолаи тарҷумашуда дар мошинка ҳуруфчинӣ шуду ману М. Гадоев онро гирифта ба назди Муқим Абдураҳмонов даромадем. Муҳаррир матнро мехонду чанд дафъа сар ҷунбонд ва бо ин аломат медод, ки тарҷума барояш хуш омадааст.

- То фарорасии соли нав рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд, - бо табассуми малеҳ ба чашмонам нигариста гуфт ӯ. – Пас аз таътили солинавӣ ба сифати мухбири шуъбаи ҳаёти партиявӣ ба кор сар кунед. Аризаатонро имрӯз ба котиба супоред.

Ана ҳамин тавр, бо рӯзномаи русии вилоятӣ ҳамкорӣ карда, ман журналисти нашрияи тоҷикӣ шудам. Ба муҳити журналистӣ ворид гардида, ҳамчун собиқ котиби комсомол ва ҳизб таҷрибаи ғании омодасозии маърӯзаҳоро доштам. Баромадҳоямро дар ҷамъомадҳои ҳиз-бию комсомолӣ бо шавқ гӯш мекарданд. Шояд таъсири ҳамин буд, ки дар оғози фаъолияти журналистӣ мақолаҳоро дар услуби маърӯзаҳои комсомолӣ-ҳизбӣ таҳия мекардам. Тибқи тартиби кории муқарраргардида, ҳамаи муаллифон маводи худро ба котибот месупурданд ва аз он ҷо ба муҳарриру ду ҷонишини ӯ равона мешуданд. Аммо барои ман Муқим Абдураҳмонов тартиби дигареро муайян кард: тамоми мақолаҳо, хабару гузоришҳоямро бевосита ба худи муҳаррир мебурдам. «Ин маънои онро дорад, ки шеф нисбат ба ту муносибати ҷиддӣ дорад, - мегуфт Мирзо Гадоев. – Вай гавҳаршинос аст ва қаламкашони ояндадорро зуд мешиносад. Аз ин рӯ, кӯшиш кун, ки ба эътимодаш сазовор бошӣ!»

Банда низ сахт мекӯшидам, ки корамро хубу шоиста анҷом диҳам. Ҳар дафъа, ки матлаби маърӯзамонанди маро мутолиа мекард, муҳаррир мегуфт: «Шумо қадамҳои аввалро дар журналистика мегузоред, биноан, ҳоло ҳамин тавр ҳам навиштан мумкин». Ва ҳар бор навиштаҳоямро худаш таҳрир карда, ба қолаби жанри рӯзнома медаровард.

Аммо ин тавр то дер давом карданаш мумкин набуд. Эҳтимол, тамоми маводи таҳиякардаамро таҳрир намудан барояш дилбазан шуд, ки рӯзе маро ба суҳбати ҷиддӣ даъват кард. Аз табассуми меҳрбори пешинаи муҳаррир дар чеҳрааш осоре набуд. Ман ҳам ҳаяҷони худро пинҳон карда натавониста, мунтазири хулосаи ниҳоии ӯ будам, ки мегӯяд: «Бубахшед, аз шумо журналист намебарояд!». Аммо, тавре ки маълум шуд, ман равоншиноси беқобилият будаам.

- Саломиддин, тамоми матлабҳои шумо дорои муҳтавои бой ҳастанд, - гуфт ба ман бо тамкини ба худ хосаш. – Агар шумо одати навиштани мақолаҳоро дар қолаби маърӯза тарк намоед, журналисти хубе хоҳед шуд. Ман ба ин ягон шубҳа надорам. Услуби хоси нигорандагӣ, сабки муайяни худро дарёбед ва ин шуморо ба тамоми ҷумҳурӣ муаррифӣ хоҳад кард. Аз маводи нашрияҳои марказии «Литературная газета», «Известия», «Правда», «Комсомолская правда» омӯзед. Ягон шумораи ин нашрияҳоро сарфи назар накунед, хонед.

Муҳаррир инро гуфта ба ман чанд шумораи маҷаллаи «Журналист» (наш-рияи Иттифоқи журналистони ИҶШС) ва китоби «Газетные жанры» («Жанрҳои рӯзнома»)-ро дод. Баъдан, аз паси мизаш берун наомада дастамро фишурд ва илова кард: «Ба шумо бовар дорам, доманаи фикратон васеъ аст. Шуморо ояндаи дурахшоне интизор аст!».

Аз назди муҳаррир мутаассир шуда баромадам. Ҳамон суҳбатро бо тамоми ҷузъиёташ то ҳанӯз хуб ба ёд дорам. Ҳар гоҳ муҳтавои он мулоқот дар сарам чарх мезанад.

Пас аз ин суҳбат ман давоми чанд моҳ бидуни истироҳат кор кардам. Рӯзҳои шанбею якшанберо низ дар ҳуҷраи корӣ бо мутолиаю омӯзиши бастаи газетаҳо, маҷаллаҳо, китобу варақаҳо мегузаронидам. Барои худ чанд муаллифро, ки маводи хонданӣ иншо мекарданд, маълум намудам, ки инҳо Евгений Богат, Аркадий Сахнин аз «Литературная газета», Виктор Кожемяко, Нина Ткаченко, Отахон Латифӣ аз «Правда», Виталий Кобиш ва Станислав Бовин аз рӯзномаи «Известия», устоди бузурги журналистикаи шӯравӣ В. Песков аз «Комсомолская правда» ва чанде дигарон буданд.

Меомӯхтаму менавиштам. Ба он ҳад зиёд ва бетанаффус менавиштам, ки мушакҳои дасти ростам ба дард меомаданд. Ёдам меояд, боре, ҳини берун омадан аз идораи рӯзнома, посбон Аҳрор-ако шӯхиомез тавсия дод, ки дафъаи оянда бо худ кӯрпаю болишт оварда, шабро дар редаксия рӯз кунам.

Шеф ва устодам Муқим Абдураҳ-монов бошад, ҳамчун инсони ҳушманду бомулоҳиза, зуд дар бораи беш аз вақти муқаррарӣ кор карданам хабар ёфт. Ҳар рӯзи шанбе ба ман занг зада, саволи анъанавии худро медод: «Имрӯз сари кадом мавзӯъ кор мекунед?». Рӯзе ба муҳаррир чунин ҷавоб додам: «Сабки фосиду олудаи нигорандагии худро бартараф намуда истодаам». «Шумо аллакай ин мушкили эҷодиатонро рафъ сохтаед, такмили маҳорати худро идома диҳед!», - маслиҳат дод ӯ.

Пас аз даҳ моҳ, 10 ноябри соли 1982, муҳаррир маро мудири шуъбаи ҳаёти партиявии рӯзнома таъйин намуд.

Боре М. Абдураҳмонов маро ҳамчун мудири шуъбаи пешоҳанги идора ва котиби ташкилоти ҳизбӣ муваззаф кард, ки ҳисоботи солонаи фаъолияти коллективи рӯзноманигоронро барои кумитаи ҳизбии вилояти Қӯрғонтеппа ба забони русӣ омода созам. Бо гузашти як ҳафта маводи ҳисоботии иборат аз бист саҳифаи мошинканависро ба рӯйи мизи муҳаррир гузоштам.

- Ман бо мароқ ҳисоботи шуморо хондам, - гуфт ӯ рӯзи оянда. – Ҳисоботи навиштаатон хушку холӣ не, балки чун як қиссаи пуробурангу воқеӣ аз фаъолияти мо таҳия шудааст. Зимнан, идеяе дар ман пайдо гашт: пешниҳод дорам, ки мақолаҳоятонро ба забони русӣ навишта, ба рӯзномаи ҷумҳуриявии «Коммунист Таджикистана» ирсол кунед. Мутмаинам, ки навиштаҳоятон он ҷо мақбул мегарданд. Аллакай соли сеюм аст, ки ин газета дар водии Вахш мухбири махсуси худро надорад. То ҷое воқифам, муҳаррир Борис Николаевич Пшеничний мехоҳад, ки тоҷикеро ба сифати мухбири махсус ба кор қабул намояд. Ба ин рӯзнома нависед ва аз худ дарак диҳед!

Аз ҳуҷраи кории муҳаррир берун шуда истода, ба худ андешидам: чаро то ин вақт ин идея ба сари худам наомад?!

Матлаби якуми маро ба рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» дӯст ва ҳампешаи ман, журналисти маъруф, нависанда-драматург, мудири шуъбаи ҳаёти партиявии рӯзномаи вилоятии русии «Курган-Тюбинская правда» Владимир Захватов равон намуд. Таъсири обрӯю эътибори ӯ буд, ки дари нашрияҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ба рӯям боз гардид. Барои ин аз Владимир Василевичи азиз бисёр сипосгузорам.

Устодам Муқим Абдураҳмонов бошад, пас аз чопи ҳар як матлабам дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» маро ба наздаш хонда, аз пешравиҳоям шодӣ мекард. 

Панҷуми июни соли 1985 дар бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон маро ба вазифаи мухбири махсуси «Коммунист Таджикистана» дар вилояти Қӯрғонтеппа расман таъ-йин намуданд.

- Шумо шогирди мактаби эҷодии рӯзномаи мо ҳастед ва ман аз ин ифтихор дорам, - гуфт рӯзи дигар М. Абдураҳмонов дастамро сахт фишурда. – Ёдатон ҳаст, ки се сол қабл бароятон гуфта будам, ки шуморо ояндаи равшане интизор аст. Акнун мебинед, ки ман саҳв накардаам. Имрӯз, ҳамчун раиси ташкилоти вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ба хотир овардам, ки шумо ҳанӯз узви ин иттифоқ нестед. Ҳуҷҷатҳоятонро омода созед, ман ба шумо тавсиянома менависам…

Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» на танҳо нашрияи даврӣ, балки мактаби бузургу эътирофшудаи журналистӣ маҳсуб мегардид. Муқим Абдураҳмонов муҳаррири таҷрибадор ва устоди ғамхори тамоми журналистон буд. Асосан дар ин редаксия рӯзноманигорони ғайратманд фаъолият мекарданд. Онҳо ба шарофати роҳнамоию ҳидоятгарии муҳаррир - устоди худ ба ин дараҷаҳо расиданд.

Вай газетаро беҳад дӯст медошт ва ин муҳаббаташ ба ҳар як узви коллективи эҷодӣ мунтақил мегашт. Ҳар дафъа гурӯҳи журналистон шумораи навбатии рӯзномаро дар матбаа ба чоп расонида, ба истилоҳ корнамоӣ нишон медоданд. Зеро дастгоҳҳои пасмондаи чопӣ, линотипист (ҳуруфчин)-ҳои камсавод мусаҳҳеҳону журналистони навбатдорро водор мекарданд, ки якчанд маротиба саҳифаҳои рӯзномаро хонда, ғалатҳоро ислоҳ намоянд. Гоҳе мешуд, ки рӯзнома то саҳар дар чопхона омода ва пасон ба нашр мерасид. То поси шаб ва субҳи барвақт устоди гиромии мо ба типография занг зада, маъзаратхоҳӣ менамуд ва худро нороҳат ҳисоб мекард (дар ҳоле ки аслан ӯ дар чунин ранг гирифтани кор ҳеҷ ҷурме надошт), ки шумораи навбатӣ бо чунин азоб рӯйи чопро мебинад.

«Шумо имрӯз дам гиред, ба кор наоед. Хеле хаста шудаед, ҳолатонро дарк мекунам, аммо, чӣ илоҷ, газетаро чоп кардан лозим. Ташаккур барои кори босифат ва таҳаммулпазирӣ!» Чунин буд муҳтавои сухани Муқим Абдураҳмонов, ки ҳар вақти дар матбаа навбатдори шумора буданам тавассути телефон аз ӯ мешунидам. Пас аз ин ҳарфҳои гарму самимӣ одам мехост боз як шабонарӯзи дигар навбатдорӣ кунад. Тақрибан ҳеҷ кас пас аз шаби навбатдорӣ дар матбаа дар рӯзи оянда худро аз кор фориғ намекард. Нимаи дуюми он рӯз бо чашмони аз бехобӣ сурхшуда ба ҷойи кор ҳозир гардида, мехостанд донанд, ки дар вақти ғоиб буданашон дар редаксия чӣ гапу хабари наве буд.

Дар котибот ҳамкорони пурғай-ратамон - Мирзо Гадоев, Саидҷаъфар Сафархоҷаев,Тоҳир Асомиддинов, Абдусаттор Қарахонов кор мекарданд. Ҳамарӯза, аз душанбе то ҷумъа (газета дар як ҳафта панҷ маротиба чоп мешуд), вақти кории аҳли котибот аз соати 9 то 24 идома мекард. Саидҷаъфар, ки шоиру нависандаи соҳибқалам ва ба зарофатгӯӣ маъруф буд, ҳар саҳар ба утоқҳои корӣ даромада, ягон хушгӯӣ ё латифа нақл мекарду садои хандаи ҳамкорон ба ҳаво мехест. Рӯзе ӯ ба утоқи банда даромада, аз суҳбати дирӯза бо ҳамсараш қисса кард: «Рӯзи гузашта, чун одат, нисфи шаб ба хона омадам. Занак гуфт, ки ту қариб шабу рӯз кор мекунӣ, мабодо бимирам, кӣ маро гӯру чӯб мекунад? Дар ҷавоб гуфтамаш, ки мурданро танҳо дар рӯзҳои шанбею якшанбе бароят иҷозат медиҳам, дар рӯзҳои корӣ мо бояд газета чоп кунем!».

Имрӯз, фикр мекунам, ки он машваратҳои эҷодии мо дар идора машғулияти амалӣ оид ба такмили маҳорати журналистӣ буданд. Моҳе ду маротиба мо матлабҳои дар ду ҳафтаи охир чопшударо мавриди муҳокима қарор медодем. Ба ин машваратҳои эҷодӣ бештару беҳтар аз ҳама муҳаррир ва устоди мо Муқим Абдураҳмонов омода мешуд. Вай гоҳе ба мисли кӯдаки покдил шод мешуд, агар ягон маводи чопӣ вокуниш ба бор оварда, боиси ташаккули афкори омма мегардид. «Офарин, Ҳусейнҷон! Офарин, Абдувалӣ! Офарин, Олимҷон! Шумо боз ҳам беҳтар навишта метавонед!», - рӯҳбаланд мекард муҳаррир. Сарфи назар аз инсони табиатан орому пурсабр будан, М. Абдураҳмонов бо эҳсоси баланду шодмонӣ аз мақолаҳои хуб ёдовар мегардид.

Инчунин, ӯ ба унвони намуна ва маводи омӯзишӣ дар пеши аҳли эҷод саҳифаи рӯзномаҳои марказиро мекушод: «Дар «Правда» хондед? Ана ин мақоларо дар «Литературная газета» ҳатман мутолиа кунед! Ман бо шавқи том очеркро дар шумораи дирӯзаи «Комсомолская правда» хондам. Ба шумо ҳам тавсия медиҳам. Пушаймон намешавед!».

Рағбати бемисли муҳаррир ба мутолиа ба мо – журналистони ҷавон низ бетаъсир намемонд.

Ҳар гоҳ, ки ба Тоҷикистон оям, кӯшиш мекунам, ки ба дидори Муқим Абдураҳмонов дар шаҳри Исфара мушарраф гардам. Баҳори соли гузашта, вақте дар манзили устод солҳои 80-умро ба ёд меовардем, ба худ андешидам, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», ки М. Абдураҳмонов дар соли 1979 онро таъсис доду раҳбарӣ кард, барои ҳамаи мо – кормандонаш мактаби хуби эҷодӣ буд.

- Ин рӯзнома барои камина низ мактаби бузург буд, - қайд кард устод. – Ман ҳам дар ин мактаб таҳсил  мекардам,  бисёр чиҳоро, ки қаблан намедонистам, омӯхтам. Чаҳордаҳ сол ман ҳам устод ва ҳам шогирди ин мактаб будам. Он давраро беҳтарин ва ҷолибтарин марҳилаи умри худ мешуморам. 

Соли 1992, замоне, ки алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба водии Вахш кӯчид, хонаи Муқим Абдураҳмоновро ғорат карданд. Ӯ ба шаҳри Исфара кӯч баст. Дар Исфара, дар пайравӣ ба аҷдодонаш, устод боғи зардолу бунёд намуд. Ин боғ солҳои зиёд аст, ки мева медиҳад. Вақте ба зиёрати устод меравам, вай маро бо зардолуи хушконидашуда меҳмондорӣ мекунаду дар бозгашт ба борхалтаам аз маҳсули дастранҷаш мегузорад.

- Зардолу аз калий – як ҷузъи барои дил заруру фоидаовар бой аст, - мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, дар минтақаи мо одамони дарозумр зиёданд.

Ҳамакнун, банда низ тибқи тавсияи Устодам чандин сол аст, ки аз ин неъмати бебаҳои табиат истеъмол мекунам.

Ба устоди арҷмандам дар арафаи 80-умин солгардаш таманно дорам, ки шаҳрванди дарозумри шаҳри бостонии Исфара гардад!

Саломиддин МИРЗОРАҲМАТОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Чеҳранигорӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

М. Абдураҳмонов: «Ба нафақа баромада бошам ҳам, қаламам ҳоло коргар аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пайғоме аз қалби шогирдон

Пайғоме аз қалби шогирдон

Маориф ва илм, САИДАЛӢ БОБОХОНОВ
НАҶОТ САФАРЗОДА

НАҶОТ САФАРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ