Дар як сатр
» » Родмарде аз ёва

Родмарде аз ёва

3-04-2018, 10:29

Дар бойгонии давлатии вилояти Хатлон ҳуҷҷату парвандаҳои зиёде маҳфузанд, ки аз корнамоии падару бобоён ва ҳаёти рангини меҳтарони водии заррини Вахш гувоҳӣ медиҳанд. Ба таъриху тамаддуни ин водии тиллоӣ таваҷҷуҳи хоса дорам. Ҳуҷҷатҳоро варақгардон намуда, бараъло мебинам, ки нахустфотеҳон дар ободу азхудкунии ин водии дар гузашта туғайзору даштҳои сӯзон паҳлу ба паҳлу истода, дашти ноободро обод намуда, ба водии тиллоӣ табдил додаанд. Дар мактаби дӯстию мардонагии падару бобоён бисёр қаҳрамонҳо ба камол расида, дар меҳнат обутоб ёфтаанд.

Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, ки аз ҳаёти яке аз меҳтарони Вахшзонзамин, дорандаи ордени Ленин, Устоди пахтаи Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Қурбонмурод Холов қисса намоем.

Давраи кӯдакии Қурбонму-род Холов дар деҳаи Ёваи собиқ ноҳияи  Ғозималик (ҳозира Хуросон) гузаштааст. Вақте ки хабари азхудкунии водии Вахш ба мардуми ин кӯҳистон расид, оилаи онҳо якҷоя бо хешу ақрабо ба ин водӣ кӯч бастанд. Акнун Қурбонмуроди ҷавон миёнро маҳкам басту бо панҷ бародаронаш-Ашӯрқул, Чорибой, Одинамаҳмад, Шомаҳмад ва Гулмаҳмад баҳри обод кардани мавзеи асрҳо ташналаби мавзеи Қизил-Қалъа аз субҳ то шом заҳмат мекашиданд. Заҳмати ин мардони майдон барабас нарафт, чун ки дар як муддати кӯтоҳ ба баландии қариб 4000 метр аз сатҳи Вахш об бароварда шуд. Боз як кори хайри ин марди майдон ин буд, ки аз тарафи чапи дарёи Вахш бо роҳбарии собиқ директори совхоз-техникуми ба номи Куйбишев Юрий Димитрович Воронин (ҳозира хоҷагии ба номи Ф. Саидов) оби софи ошомиданиро ҷорӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки Қурбонмурод Холов аз соли 1952 то соли 1983 ба ҳайси мудири шуъбаи 5-уми совхоз-техникум ифои вазифа намуда, заминҳои кишти ин хоҷагиро аз 60 гектар то ба 1000 гектар замини обӣ расонида, ҳосили баланди рекордии «тиллои сафед» рӯёнида шуд.

Ӯ ҳамчун устоди пахта яке аз аввалинҳо шуда дар ин мавзеъ пахтаи навъи дарознах  (мисрӣ)-ро кишт намуда, ҳосилнокиро то 50- сентнерӣ расониданд.

Албатта заҳматҳои деҳқони асилу абармарди Вахшонзамин Қ. Холов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ қадршиносӣ гардидаанд. Соли 1980 бо пешниҳоди котиби якуми ҳамонвақтаи Ҳизби коммунисти вилояти Қӯрғонтеппа Ғ. Паллаев ва директори хоҷагии номбурда Азиз Холов бо Фармони Котиби Генералии Кумитаи Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Л. И. Брежнев  бо унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» сарфароз гардонида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ӯ соҳиби 3 ордени Ленин ва 4 медали тиллоии ВДНХ Намоишгоҳи комёбиҳои халқии  Иттиҳоди Шӯравӣ гардидааст.

Боиси ифтихор аст, ки ин марди хоксору фурӯтан дар давраи фаъолияти меҳнатии 60-солааш садҳо мардони майдонро тарбия намуда, ба воя расонида буд, ки дар ободонии ин диёр саҳм гузоштаанд. Инҳо Сафар Солиев-Қаҳрамони меҳнат, ки ҳоло давлати пирӣ меронад, Нормурод Хидиров-дорандаи се ордени Ленин, Файзалӣ Ғаниев ва Ашӯрқул Холов, Маҳмадрасул Зарипов, Ҳоким Ғаффорбеков, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, аз қабили дастпарварони мактаби деҳқонии Қурбонмурод Холов мебошанд.

Деҳқони асил Қурбонмурод Холов ҳоло дар қайди ҳаёт нест. Ӯ 2 июни соли 2004 аз ҳаёт даргузашт...

Кори неку номи неки қаҳрамони меҳнат ва мардони нексиришт ҷовидонианд. То имрӯз ҳамдеҳагонаш ёди неки ин марди асилро мекунанд. Ӯ дар давоми умри бобаракати хеш ба фарзандону наберагонаш неъмати аз ҳама бузург -некию накукорӣ кардан ба мардум ва хизмати содиқона намудан ба халқу ватани биҳиштосояшро мерос гузошт. Месазад, ки баҳри абадигардонии номи Қаҳрамони диёри Ғозималик (ҳозира ноҳияи Хуросон) деҳаи Қизил-Қалъа ё маҳаллаю яке аз муассисаҳои таълимии он ба номи Қурбонмурод Холов номгузорӣ карда шавад.

 

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

 

М. Муродов,

ноҳияи Хуросон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Симои ҷовидона

Симои ҷовидона

Чеҳранигорӣ
Достони чор бародари ҳамяроқ

Достони чор бародари ҳамяроқ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Азми таҷлили 100-солагии аввалин қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон дар вилояти Х ...

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт