Дар як сатр
» » Одоби тиҷорат орад баракат

Одоби тиҷорат орад баракат

4-04-2018, 12:21

Яке аз пояҳои иқтисод ин хариду фурӯш аст, ки имкони пахш ва тақсими моли худ ва баҳрамандӣ аз молҳои дигаронро падид меоварад. Ва ин ниёзи зарурии ҷомеа барои ба даст овардани таъмини маоши зиндагиашон мебошад.

Аз назари Ислом талош барои касби даромад ва таъмини маош на танҳо нописанд нест, балки амали пурарзиш шуморида шуда ва ибодати илоҳӣ ба ҳисоб меояд. Зеро тағзияи машрӯъ ва ҳалол  ва парҳез аз наҷосат ва олудагиҳо барои покии нафс ва таҳзиби ахлоқ муҳим ва зарурӣ ба ҳисоб меояд. Бар ҳамин асос, Худованди муттаол дас-тур ба хӯрдан аз моли поку ҳалолро барои башарият таъкид намудааст.

Достони омӯзанда: Дар ривояте омадааст, ки рӯзе Паёмбари Акрам(с) бо асҳоби худ дар маконе нишаста буданд. Ҷавони қавӣ ва боқудрат аз аввали субҳ  дар он макон ба кору талош  барои ба даст овардани рӯзии ҳалол  машғул буд. Асҳоб вақте он ҷавонро  бо он авсоф дар ҳоли кор кардан диданд, гуфтанд: "Вой бар ҳоли ӯ, эй кош ҷавонӣ ва қудраташро дар роҳи Худованд ба кор мегирифт”.

Паёмбари Акрам(с) хитоб ба асҳоб фармуданд: "Ин гуна нагӯед, зеро агар ӯ кӯшиш мекунад, ки худашро аз гадоӣ ҳифз кунад ва аз мардум бениёз намояд, дар ҳақиқат, ӯ дар роҳи Худованд талош кардааст. Талоши ӯ ба хотири таъмини зиндагии падару модари нотавон ё фарзандони заифи худ бошад, кори ӯ дар роҳи Худо маҳсуб мешавад.

Он гуна ки аз Паёмбари Акрам(с) нақл шуда фармуданд: ”Ҳар кас дар дунё дунболи рӯзии ҳалол бошад, то бо он аз гадоӣ дар амон бошад ва хонаводаи худро дар осоишу оромиш қарор диҳад ва ба ҳамсоягон некӣ кунад, рӯзи қиёмат дар ҳоле ки чун  моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшад, Худовандро мулоқот хоҳад кард".

Одоби тиҷорат: Бо ин баён ба суроғи одоби тиҷорат аз дидгоҳи Ислом мепардозем:

Аз он ҷо ки дини Ислом комилтарин дин, шариати Муҳаммадӣ ҷомеътарин шариат мебошад, аз мусалмонон тақозо мекунад, ки бояд тамоми рафтору кирдорашон тибқи дас-туроти Худо ва Расули Худо (с) ва мазҳаби ҳазрати Имоми Аъзам анҷом бигирад, ибодат ва ҳамаи муомилоти дунявӣ чи тиҷорат, чи иҷора низ ҳатман бояд тибқи гуфтаҳои Худованд ва Расулаш иҷро шавад.

Аммо мутаассифона, имрӯз баъзеҳо дар масъалаи муомилот хусусан тиҷорат аз сабаби надонистани қоидаҳои тиҷорат ба гуфтаҳои Худованд ва Расулаш амал намекунанд. Дар натиҷа ба хатогиҳо роҳ медиҳанд. Хариду фурӯш кори ниҳоят муҳими ҳаётии ҳар ҷомеае аст. Аз назари Ислом огоҳӣ аз дониши касбу кор, махсусан хариду фурӯш воҷиб аст, зеро чунон ки аз оятҳои Қуръонӣ ба даст меояд, яке аз иллатҳои хашми Худованд ба қавми ҳазрати Шуайб(а) камфурӯшӣ ва надонистани аҳкоми хариду фурӯш ва муомилот будааст.

Бинобар ин, зарурат дорад нахуст ҳамаи тоҷирон масоили шаръии муомила ва касбу кори тиҷоратро биёмӯзанд, сипас вориди кор шаванд, чун надонистани одоб ва аҳкоми тиҷорат сабаби фуру рафтан дар доми рибо ва ҳаромхӯрӣ ва сабаби аз байн рафтани баракат аз мол мешавад.

Тоҷирон сабабгори фаровонии дастурхон, файзу баракати бозорҳо мебошанд. Маҳз онҳо  ҳастанд, ки ҳар рӯз аз роҳҳои дуру наз-дик молҳои ниёзи мардумро ба мардум мерасонанд, агарчанде ки онҳо барои фоидаи шахсии худ ин корҳоро анҷом диҳанд, вале дар ҳақиқат, тоҷирон воситаи файзи Илоҳӣ ба бандагони Худованд ҳастанд.

Бояд таваҷҷуҳ кард, касоне ба ин шуғл сарукор доранд фаромӯш накунанд, ки ин касби паёмбар аст, бояд ба ин касб эҳтиром гузошт ва нашавад, ки мардум ба ин шуғли паёмбар бо назари нафрат назар кунанд. Тоҷиронро  беимон ва бераҳм гӯянд.

Офати тиҷорат:

1. Парҳез аз савганд ба рост хӯрдан. Яъне, тоҷир бояд қасам нахӯрад, ҳарчанд рост бошад. Савганди рост хӯрдан дар ҳар коре, аз ҷумла дар тиҷорат макруҳ аст ва инсон набояд барои ҳар чизе қасам бихӯрад. Дар ривоят омадааст: "Касе, ки ба ҳангоми хариду фурӯш ҳамеша қасам мехӯрад, Худованд дар қиёмат ба ӯ бо назари раҳмат нигоҳ намекунад. Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Расули Худо мефармояд: "Дар тиҷорат қасам нахӯред, ҳарчанд ки молатонро ба фурӯш мерасонед, баракаташро аз байн мебаред”.

2. Парҳез аз савганди дурӯғ. Шариати ислом савганди баростро макруҳ гуфтааст ва маълум аст, ки қасами бардурӯғ чӣ гуноҳи бузурге мебошад. Дар як ривоят омадааст, ки Расули Худо мефармояд: "Қасами бардурӯғ нахӯред. Тоҷире, ки қасами дурӯғ мехӯрад, фоҷир аст ва ҳар фоҷирро ҷояш ҷаҳаннам мебошад”. Худованд дар сураи Оли Имрон дар ояти 77 мефармояд: "Ҳар ки ҳаққи мусалмонеро бо қасам хӯрдан ба дасташ бигирад, ононро дар охират баҳрае нест ва Худованд дар рӯзи қиёмат бо онҳо сухан нагӯяд ва ба сӯяшон нанигарад ва покашон нагардонад ва онҳоро  азоби дарднок аст.

3. Парҳез аз рибо хӯрдан. Хариду  фурӯш ҷоиз аст, вақто ки  тибқи қонуни шариат бошад, агар мувофиқ бо шариати ислом набошад, инсонро ба рибохӯрӣ мебарад. Дар  аввал фикр мекунанд, ки бо рибохӯрӣ молаш зиёд мешавад, аммо дар охири кор зиён, офат ва бадбахтӣ насиби рибохӯр мегардад. Таърих гувоҳ аст, касоне буданд, ки соҳиби мол, хонаҳои пурҳашамат, мошинҳои қиматбаҳо гаштаанд, аммо дар охир бадбахтӣ, паси панҷара, бемориҳои табобатнашаванда, худкушӣ ва шармандагӣ насибашон шудааст. Зеро онҳо  тоҷирони рибохӯре будаанд. Ибни Масъуд ривоят мекунад, ки Паёмбари Ислом ба рибохӯр ва рибодиҳанда лаънат фиристодааст (Саҳеҳ Муслим).

4. Пинҳон намудани айби коло. Чизеро, ки тоҷирон ба он аҳамият диҳанд, ин пинҳон накардани айби молашон аст. Яъне, тоҷирон бояд айби молашонро ба харидорон бигӯянд, харидоронро фиреб надиҳанд. Дидаву донис-та моли вайроншударо ба савдо гузоштан ин зидди меъёрҳои шариати ислом аст.

Рӯзе Расули Худо аз назди гандумфурӯше гузашт ва дасти мубораки худро дохили гандум кард. Аз байни он як мушт гандум гирифт. Расули Худо дид, ки ҳамааш вайрон шудааст (мутаассифона, баъзе гандумфурӯшон ин амалро анҷом медиҳанд, поёни халтаро бо гандуми бесифат болои онро бошад, бо гандуми босифат пур мекунанд). Расули Худо ба он марди тоҷир гуфт.-Ин чист? Тоҷир гуфт: Ё Расулаллоҳ, ба ин оби борон осеб расонидааст. Расули Худо гуфт: Пас чаро онро дар боло намегузорӣ? То мардум бибинанд? Ва фармуд:- Ҳар ки хиёнат кунад ва мардумро фиреб диҳад уммати ман нест!

5. Парҳез аз қиматфурӯшӣ. Яке аз одоби хариду фурӯш риояти инсоф аст. Яъне дар хариду фурӯш бояд одилона рафтор шавад. Ба ин маъно, ки ҳарду тараф, яъне фурӯшанда ва харанда аз муомила суд баранд ва ин гуна набошад, ки фоидаи яке бештар аз дигари бошад ва калимаи инсоф аз нисф гирифта шудааст. Пас беҳтар аст, ки хариду фурӯш ба сурате бошад, ки ҳар ду нисф-нисф аз он суд баранд. Расули Худо(с) дар як ҳадиси худ баён мекунад: "Тоҷири ростгӯву амонатдор ва худотарсу боинсоф дар рӯзи қиёмат бо паёмбарону сиддиқин ва шуҳадо машҳур мешавад. (Сунани Тирмизӣ). Аммо, мутаассифона, имрӯз бо тоҷироне вомехӯрем, ки ба молҳои худ нархҳоеро мегузоранд, ки ҳатто аз тавлидкунандаи молҳо фоидаи зиёде ба даст меоваранд.

Ҳамасола  пеш аз иди саиди Фитр ва иди саиди Қурбон шоҳиди ин ҳол ҳастем, ки чӣ қадар дар бозорҳои кишварамон нархи маҳсулоти ниёзи мардум боло меравад. Лекин тааҷҷубовар ин аст, ки баъди ду рӯзи ин ду иди саид нархҳо боз поён мераванд, чаро? Оё ин адолат аст, оё ин инсоф аст? Бераҳмӣ кардан, беинсофӣ намудан нисбати ҳамватанони худ, ҳаммазҳабҳои худ хеле ҷои таассуф аст. Дар яке аз ривоятҳо аз Расули Худо(с) омадааст, ки ҳар ки молҳои мавриди ниёзи мардумро барои қимат шудан нигоҳ медорад, малъун аст ва аз раҳмати Худо дур мебошад. Бераҳмӣ кардан нисбати мардуми Худо бад аст. Расули Худо(с) мефармояд: "Ҳар ки ба мардуми Худо раҳм надорад, Худованд ба ӯ раҳм намекунад.

6. Камфурӯшӣ. Яке аз бемориҳое, ки дар тӯли таърих домангири бозор буда, мавзӯи камфурӯшӣ аст. Худованд дар сураи Мутафифин ояти якум то панҷум мефармояд: "Вой бар камфурӯшон, касоне, ки чун аз мардум барои худ бихаранд, яъне дар тарозу бикашанд бо тамом бигиранд ва чун ба дигарон паймона диҳанд ва ё вазн кунанду кам медиҳанд. Оё онон фикр намекунанд, ки барангехта мешаванд барои рӯзи бузург, рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён биистанд.

Дар ривояте чунин омадааст, ки Расули Худо (с) фармуд: "Ду хислат дар    умматҳои пешин буда, ки онҳоро ба ҳалокат кашонидааст ва он ду дар ин уммат низ ҳаст”. Пурсида шуд, ки он ду хислат кадом аст, фармуд: "Камфурӯшӣ ва хиёнат, ин дутост, ки уммат-ро ҳалок мекунад.

Хулоса.

Аз назари Ислом талош дар роҳи касби рӯзӣ ва таҳсили даромад барои таъмини маоши худ ва хонавода ва мушорикат дар умури хайрия бисёр арзанда ва писандидааст. Аммо,   бояд эҳтиётро аз даст надод, зеро бозор ва ҳар маконе, ки дар он хариду фурӯш сурат мегирад, ҷои ҷавлонгоҳи шайтон аст. Шайтон  инсонро зуд васваса мекунад, то ки касеро фиреб диҳад. Дар ҳадисе омадааст, ки шайтон аввалин касе аст, ки вориди бозор мешавад ва охирин касе аст, ки аз бозор хориҷ мегардад. Ҳадафаш фиреб додан ва васваса кардан аст, то як тоҷир аз тарозу бизанад, ба дурӯғ қасам бихӯрад, аз метри матоъ кам кунад ва бояд аз ин васвасаҳои шайтон ба Худованд паноҳ бибарем.

 

С. АСОМУДДИНОВ,

сокини ноҳияи Данғара 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист

Худкушӣ гуноҳи нобахшиданист

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Чаро ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳимояи марзу буми Ватан аз беҳтарини ҷиҳодҳост

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш