Дар як сатр
» » Тантанаҳои асосии ҷашнӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри бохтар

Тантанаҳои асосии ҷашнӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри бохтар

25-03-2018, 09:05

 Тантанаҳои асосии ҷашнӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри бохтар

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода тантанаҳои асосии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, ки дар варзишгоҳи "Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бо намоиши муҳташами театрикунонидашуда омода шуда буд, бо шодбошиҳои наврӯзӣ ҳусни оғоз бахшид. Раиси вилоят Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, меҳмонони олиқадр аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбари раиси вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов ва аҳли зиёи кишварро, ки ба базмгоҳи наврӯзии шаҳри Бохтар ташриф оварда буданд, самимона хайрамақдам гуфт.

- Наврӯзи имсола барои тамоми мардуми тоҷик нусрату баракати махсус дорад, - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода. - Зеро дар ин рӯзҳои зебои баҳорӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи навбатии "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда буд, мавриди амал қарор гирифт. Ин боиси сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Қоҳир Расулзода мардуми заҳматпешаи вилояти Хатлонро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, баргузор гардидани чорабиниҳои Наврӯзи имсоларо дар яке аз шаҳрҳои қадимаи мамлакатамон – Бохтар дорои ҳикмати хос номид. Зеро ниёгони шарафмандамон Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногун, аз ҷумла дар қаламрави паҳновари Бохтар бошукӯҳу шаҳомат таҷлил мекарданд ва ин айёмро барои ободиву сарсабзии диёр истифода мебурданд.

- Маҳз ҳамин асолати таърихиро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди маҷлисҳои вакилони собиқ шаҳри Қӯрғонтеппа ва вилояти Хатлонро дар хусуси ба ин шаҳри бостонӣ гузоштани номи Бохтар дастгирӣ кард, - изҳор намуд Қ. Расулзода. - Фикр мекунам, ки ин иқдом асоси устувори пайванди дирӯз ва имрӯзи халқамон мегардад.

Ба Бохтар иваз шудани номи шаҳр рамзи дурахшонӣ ва фоли нек мебошад, зеро мардуми ин минтақа, дар тӯли таърих бо ахлоқу одоб ва фазилату маънавиёт намунаи ибрат буданд ва имрӯз низ ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати рушду нумӯи кишвар аз тамоми имкониятҳо ба таври самараовар истифода мебаранд.

Ба таъкиди Сарвазири мамлакат, зинда гардонидани номҳои ҷуғрофӣ барои насли наврас ва ояндаи мамлакат аҳамияти бузург дорад. Номҳои Суғду Хатлон, Рашту Лахш, Ҷайҳуну Сайҳун, Бохтару Левакант ва номи даҳҳо макони ҷуғрофии мамлакат моро бо гузаштаи дури халқи тоҷик пайванд медиҳанд ва ҳамчун воситаи муҳими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ хизмат мекунанд.

Бохтар дар замонҳои қадим давлати пуриқтидоре буда, Хатлонзамин як пораи муҳими ин давлати паҳновари гузаштагони  мо ба шумор мерафт ва ин сарзамини бостонӣ зодгоҳи Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Хоҷа Нурбахши Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ ва дигар шахсиятҳои маъруфи миллат мебошанд, ки имрӯз мо бо онҳо ифтихор мекунем.

- Аз фурсат истифода бурда, ба тамоми сокинони шаҳр ва ҳамватанони азиз эҳёи ин номи таърихиро табрик менамоям ва бовар дорам, ки онро мо ҳама якҷо ободу зебо мегардонем, - идома дод Қоҳир Расулзода. - Инчунин, ҳамаи шумо - меросбарони асили ин падидаи бузурги фарҳангиро бо фарорасии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз самимона шодбош гуфта, орзумандам, ки ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаставу фархунда имсолу солиёни дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва дастархони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато намояд.

Сарвазири мамлакат бо ишора ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 гуфт, ки ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба сифати ҷузъи муҳими фарҳанги миллии мо ва муаррифии таъриху тамаддуни Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин масъала зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон барои рушди туризм, ҷалби сайёҳон, вусъати ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои мусоид мавҷуданд.

- Аз ҷумла ёдгориҳои таърихии оламшумул - Тахти Сангин, Тахти Қубод, Теппаи Шоҳ, Қалъаи Мир дар ноҳияи Қубодиён, Айвоҷқалъа ва Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритӯс, Кофирқалъа, Қалъаи Золи Зар дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дайри буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш, мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ дар шаҳри Кӯлоб, марқади Шоҳи Хомӯш дар ноҳияи Муъминобод ва ҳунарҳои зебои мардумии хатлониён диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб месозанд, - идома дод Қ. Расулзода. - Танҳо барои сайёҳон шароити мусоиди фароғату истироҳат фароҳам овардан лозим аст. Аз ин ҳисоб ҳазорон нафар, бахусус занону духтарон, соҳиби ҷойи кор ва маоши иловагӣ мешаванд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар мекунанд.

Соли ҷорӣ дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри зебои Бохтар «Соли гулҳо» эълон шудааст ва тамоми сокинони вилоят барои сарсабзу гулзор намудани ин гӯшаи диёри ҳамешабаҳорамон ҷидду ҷаҳд доранд. Сарвазири мамлакат зимни суханронии табрикиаш, хиёбону кӯчаҳо ва майдонҳои ин шаҳри бостониро, ки имрӯз ба гулзор табдил ёфтаанд, ситоиш кард. Воқеан, гулгардониву гулшинонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои  зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, ки намунаи он дар қаламрави Хатлони бостонӣ ҷилвагар аст.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъат бахшидани амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат мебошад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша одамонро ба ҳамдигарфаҳмиву вафодорӣ, накукориву меҳрварзӣ ва хештандориву худогоҳӣ ҳидоят намудааст. Тавре ки Қ. Расулзода зикр кард, дар шароити ҷаҳонишавии мушкилоти башарӣ мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз тамоми мардуми сайёраро ба анҷом додани амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ: пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

- Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон – Наврӯз умри дубора ёфта, имрӯз дар саросари мамлакат бошукӯҳу шаҳомати бесобиқа ҷашн гирифта мешавад, - хулоса кард Сарвазири мамлакат. – Имрӯз мо ҷашни бостонии ниёгонамонро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем, ки ин неъмати бузург аст ва мо бояд ба қадри он расему шукронаи чунин рӯзҳои осударо ба ҷо орем.

Пас аз суханронии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ва намоиши театрикунонидашуда ба ифтихори Наврӯз, ки аз ҷониби устодони санъати ҷумҳурӣ ва ҳунармандони шаҳри Бохтар дар сатҳи баланд таҳия гардида буд, пешкаши меҳмонону иштирокчиёни тантанаҳои идона гардид. Дар ин намоиши пурдабдаба беш аз 5 ҳазор нафар ҳунармандон, ҷавонону наврасон иштирок карданд. Барномаи мазкурро, ки аз тариқи шабакаҳои ҷумҳуриявии телевизионӣ мустақиман нишон дода шуд, дар варзишгоҳ низ беш аз 10 ҳазор нафар тамошо карданд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Маросими парафшонсозии парчами давлатӣ дар бохтар

Маросими парафшонсозии парчами давлатӣ дар бохтар

Ҳокимияти давлатӣ
Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Ҳокимияти давлатӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ  ...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ ...

Фарҳанг ва адабиёт
Тантанаҳои Наврӯзӣ дар маркази вилоят

Тантанаҳои Наврӯзӣ дар маркази вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА