Дар як сатр
» » Зан офаридгори зиндагӣ ва аввалин устоди фарзанд аст!

Зан офаридгори зиндагӣ ва аввалин устоди фарзанд аст!

10-03-2018, 13:59

Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: "Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар ватан”. Ба ин маънӣ, ки агар занону модарон дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд, инсоният ба саодат мерасад.

Дар ҳақиқат, зан-модар аввалин устоди худшиносӣ, истиқлолхоҳию ватандорист. Вай ҳидоятгари инсон ба ҳаёти мустақил, озодии андешаю афкор асту таҳрикдиҳандаи ҷомеа ба сулҳу ҳамоиш. Зан-модар ҳомии хона, фароҳамсози гармӣ дар муносиботи аъзои хонавода, кафили оромиш ва созандагии муҳити оила ва ҳамин гуна, ҷомеа ва давлат аст.

Зани тоҷик ба фарзанди худ истиқлоли фикрӣ, шахсӣ, вобаста набудан аз шахсеро омӯзонидааст. Ва маҳз ҳамин эҳсос абармардони миллатро ба давлатсозию истиқлолиятхоҳӣ равона сохтааст.

Модарон дар ҳама давру замон илҳомбахши пешвоҳои миллат буданд. Онҳо эҳсоси боварӣ ба зарурати сулҳу оштӣ, ба ояндаи дурахшони миллатро дар қалби фарзандони худ ҷой карданд, мушовири беғараз буданд, зеро модарон ба амри дилу имон гӯш медоданд. Модарон ҳамеша ба сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва фарҳанги баланди ҳамзистии фарзандон ва аҳли ҷомеа, афзалият медоданд, на ба чизи дигаре.

Модарон ҳамеша аз истиқлол меболанд, аз истиқлоли фарзанд, ки ба ҳаёти мустақил устуворона қадам ниҳода, аз истиқлоли фитрию зеҳнии аҳли ҷомеа, ки талоше барои рушду субот доранд ва истиқлоли давлатӣ, ки асоси сулҳу оромиш ва кафили ояндаи рахшони ҳамватанон аст.

«Бузургии ҳар миллатро, волоии ҷоҳу фазлу хирадашро мизондори вақту замон, дар муқоиса бо миллатҳои дигар, аз муносибати олиҷанобонаву эҳтироми самимонаи ӯ, аз таъзиму суҷуди орифонааш ба мақоми зан, ки офаридгори зиндагӣ ва худи миллат аст, чен хоҳанд кард», - гуфтааст адибе.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми занро рисолат ва қарзи ҳар як инсон дониста, гуфтаанд, ки «мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд. Худованд дар каломи осмонии худ - Қуръони маҷид ҳурмату эҳтироми занон ва бо онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусулмон фармудааст. Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом - «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд».

Имрӯз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа мебошанд.

 

Гулшан ҶАЛОЛИДДИНОВА,

омӯзгор


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

Маориф ва илм
Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Домони сабзи модар нусратбахши зиндагии мост

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст

Сиёсат