Дар як сатр
» » «АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ»

«АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ»

22-02-2018, 15:01

 «АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ»

Имрӯз, 22 феврал, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муҳташами идона барпо гардид.

Беш аз 500 нафар афсарону сарбозони Артиши миллӣ, ки дар комиссариатҳои ҳарбӣ ва қисмҳои низомии гарнизони Хатлон хидмат мекунанд, дар толор ҷамъ омада буданд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки  бо ифтихору сарфарозӣ аз ватандорӣ имсол 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

- Мо таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро хуб дар ёд дорем, - зикр кард раиси вилоят зимни ироаи паёми табрикии худ. – Артиши миллӣ баъди якуним соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт. Дар ин давра ҷузъу томҳои Артиши миллиамон дар сангарҳои нангу номус ҳаматарафа обутоб ёфта, ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар идома қайд кард, ки дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша гиромӣ медорем.

Таъкид шуд, ки хушбахтона, бо таъмин гардидани сулҳу субот дар кишвар ва дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ дар зарфи бисту панҷ сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати Модар-Ватанро адо карда истодааст.

Бо мақсади таъмини амнияту оромӣ ва низоми устувор дар кишвар, ҳамзамон бо эътимоди қавӣ доштан ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 22 декабри соли 2017 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем». Раиси вилоят таъкид кард, ки ин боварии Роҳбари давлат дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор менамояд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлол, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доимо омода бошанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурати ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда, ин роҳро идома дода истодааст.

Дар вилояти Хатлон низ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида шуда, мавзеъҳое, ки ҷузъу томҳои низомӣ дар онҳо ҷойгир мебошанд, ба меъёру талаботи шаҳрчаҳои ҳарбӣ мутобиқ карда шуда истодаанд. Боиси қайд аст, ки азнавсозии бинову иншоотҳо дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дошта, то ба имрӯз 10 бинои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дивизияи 17-уми тирандози савора дар вилоят таъсис ёфта, дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» барои гузаронидани тамринҳо дар фаслҳои гуногуни сол бинои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

 «АРТИШ ТАКЯГОҲИ ДАВЛАТ ВА СИПАРИ МИЛЛАТ АСТ»

- Пойдорӣ ва устувории пояҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз тартибу низоми қатъии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста буда, асоси онро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои Қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад, - давом дод раиси вилоят. - Ҷавонони мо, ки неруи созанда ва ояндаи миллат мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри ин сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат қарз аст.

Ба андешаи Д. Гулмаҳмадзода, Қувваҳои Мусаллаҳ бояд воқеан ҳам ҳомии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун неруи тавонои мудофиавӣ ташаккул ёфта, халқу давлатро бовар созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати онҳо қарор дорад. «Мо итминон дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ чунин қудрату неру ва қобилияту зиракиро доро буда, ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи модар-Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода мебошанд», - гуфт раиси вилоят ва дар поёни нутқи табрикиаш афзуд: «Бо шукргузорӣ аз кишвари ободу осуда шумо - ҳамватанони азиз, муҳофизони бонангу номус ва далеру шуҷои Ватанро ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, хонаободӣ, сулҳу субот, рӯзгори хушу осуда, барори кору муваффақиятҳои беназир орзу менамоям».

Пас аз ироаи паёми табрикии раиси вилоят маросими тақдими Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳадяҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорон ва аҳли хонаводаи афсарону сарбозони зимни адои хизмати низомӣ ҳалокгардида сурат гирифт.

Тибқи қарори раиси вилоят, барои саҳми арзанда гузоштан дар баланд бардоштани мақом ва нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Куганзода Ҳаким Самад, ёвари комиссари ҳарбии вилоят Шарифҷон Ҷамолиддинзода,  афсарон Аҳмадалӣ Ашӯралиев, О. Қурбонов, И. Зоҳирзода, Ҷ. Муҳаммадиев, А. Бердиев, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абадӣ Шодиев, инчунин ёвари раиси вилоят Сангалӣ Мирзоев бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Таъкид гардид, ки С. Мирзоев ҳамчун ҷанговари башардӯст бо фармони вазири мудофиаи Федератсияи Россия бо медали ҷашнии «25-солагии адои хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон» мукофотонида шудааст.

Дар идома ба як қатор афсарону сарбозони шуҷоъ Сипосномаҳои раиси вилоят тақдим гардид. Дар ин маросими ҷашнӣ аз ҷониби раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳамсарони 14 афсари зимни адои хизмати низомӣ ҳалокшуда, аз ҷумла ҳамсари генерал Файзалӣ Саидов, оилаи генерал Рустам Амакиев, ҳамсарони полковникҳо И. Куганов ва Р. Мурчаев ва дигарон, инчунин 27 нафар собиқадори Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молиявӣ расонида шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ комиссари ҳарбии вилояти Хатлон Ҳаким Куганзода ба раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуд. Ин мукофот бо фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба раиси вилоят барои дастгирии ҳамаҷонибаи хизматчиёни низомӣ, мусоидаташ ба таъминоти ҷузъу томҳои артиши миллӣ дар қаламрави вилоят, саҳмаш дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ироа шудааст.

Дар ин ҷамъомади тантанавӣ ба чанде аз афсарону сарбозони фаъоли сохторҳои низомии вилоят раҳматнома, ифтихорнома ва туҳфаҳои молиявии Вазорати мудофиа ва комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон инъом гардид.

Ҳамин гуна, қисмати муборакбодию ҷоизасупории ин ҳамоиш бо нидои «Бигзор сулҳу субот дар Тоҷикистони азизи мо доимо танинандоз бошад» ҷамъбаст гардида, бо намоиши ҳунарии аҳли фарҳанги вилоят идома кард.

Пас аз ин маросими ҷашнӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барои табрики афсарону сарбозон ба қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии ВКД, воқеъ дар шаҳри Бохтар, ташриф овард. Раиси вилоят дар баробари ошноӣ бо вазъи хизмат ва будубоши сарбозон, бо онҳо суҳбат ороста, Рӯзи таъсисёбии Артиши миллиро барояшон шодбош гуфт. 

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст», - зикр намуд Д. Гулмаҳмадзода зимни мулоқот бо афсарону аскарон. – Бинобар ин, халқу давлат шуморо чун ҳомиёни содиқу ҷонфидо ва ҷасуру чолоки марзу буми Ватан мешиносанду ба шумо эътимод доранд.

Н. МАЪМУРЗОДА,

«Хатлон» 



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Таҷлили 24 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Ҳифзи оромии Ватан барои мо қарз аст

Сиёсат
Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА