Дар як сатр
» » Атлас ва атласбофӣ

Атлас ва атласбофӣ

5-02-2018, 19:49

 Атлас ва атласбофӣ

Атлас либоси дӯстдоштатарини занону духтарони тоҷик аст. Воқеан ҳам, бонувони тоҷик аз қадимулайём аз матои атлас пироҳанҳои шинаму мунаққаш дӯхтаву ба бар мекарданд, аз ин ҷост, ки бозори атлас ҳамеша гарму серхаридор аст.

Атлас навъе аз матои абрешимӣ ва нимабрешимист. Аз атласи абрешимӣ асосан либоси занона, аз атласи нимабрешимӣ бошад, кӯрпаю кӯрпача ва ғайра медӯзанд. Дар гузашта атласи Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон хеле машҳур буд. Атласи олисифат ва хушрангро хонатлас меноманд, ки дар дастгоҳҳои махсус мебофанд. Нусхаҳои анъанавиаш шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ ном доштанд. Ду навъи атласи анъанавӣ: чорпопушалӣ ва ҳаштпопушалӣ маъруф буд.

Корхонаҳои дар Душанбею Хуҷанд, Шаҳринаву Қӯрғонтеппа воқеъгардидаи иттиҳодияи "Тоҷикатлас” зиёда аз 25 навъи атлас - "Баҳори Тоҷикистон”, "товус”, "ҷавонӣ”, "туҳфа”, "тӯёна”, "муҳаббат”, "дилором” ва ғайра истеҳсол мекунанд.

Мардуми тоҷик дар «Шоҳроҳи абрешим» (аз Чин то Fарб) дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои абрешимии худ маъруф буд. Намунаҳои абрешими суғдӣ то имрӯз дар осорхонаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ҳифз мешаванд. Матоъҳои нафису ҳайратовар ва нақшу нигоршудаи тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Fарб хеле серхаридор буданд.

Дар санъати ороиши матоъҳо давраҳои мураккаби таърихи  бисёрасраи он, эҷодиёти ҳазорҳо устодони боистеъдоди тоҷик инъикос ёфтаанд. Бофандаҳои тоҷик дар санъати тайёр намудани матоъҳои абра/авра ба дараҷаи олӣ расида буданд. Дар Тоҷикистони таърихӣ (Бухоро, Самарқанд, Марғелон) ва имрӯза (Хуҷанд, Ҳисор, Конибодом, Қӯрғонтеппа) дар нимаи дувуми асри ХIХ беш аз 25 навъи матоъҳои назаррабою хушранг, аз ҷумла атлас, хонатлас, адрас, рӯйҷойҳои абрешимӣ истеҳсол мешуданд. Тарзи тайёр ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, нимшоҳӣ, пахтагии тоҷик басо куҳан аст ва пайдоиши ин тарзи истеҳсоли матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии тоҷик сарчашма мегирад.

Истилоҳи матоъҳои абра/авра имрӯз асосан байни тоҷикон - минтақаҳои асосии тоҷикнишини Бухоро, Самарқанд, Марғелон, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Душанбе, Шаҳринав, Регар, Қӯрғонтеппа (Леваканд), умуман, дар водии Вахш ва ғайра боқӣ мондааст. Матоъҳои абра/авра матоъҳои пурқимате мебошанд, ки дар тайёр намудани сару либос ва рӯйи анҷом истифода мегаштанд.

Аз лиҳози тарзи бофт матоъҳои абраро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: матоъҳои бофти гарнитурӣ ва бофти атласӣ. Гурӯҳи матоъҳои бофти атласӣ - матоъҳои ҳамвори ҷилодор асосан матоъҳои абрешимиро дар бар мегиранд: атласҳои чоргула, хонатлас - ҳаштгула ва ё дувоздаҳгула, матоъҳои нимабрешими якрӯя.

Зебоӣ ва тобиши бофти атлас вобаста ба шумораи гулаи бофт аст, ки шумораи онҳо сифати матоъҳои атласро беҳтар менамоянд. Вобаста ба теъдоду зичии гула атласҳо ба чунин навъҳо табақабандӣ мешаванд: чоргулаи одӣ, ҳаштгула ва дувоздаҳгула.

Бо фарорасии ҷашни Сада, ки муждаи баҳор аст ва аз омад-омади Наврӯзи дилафрӯз ба кишвари азизу биҳиштосоямон дарак медиҳад, дар баробари эҳёи табиат ва пургулу сабзапӯш гаштани атроф, бонувони тоҷик ҳам ба пӯшиши пироҳанҳои зебову назаррабои миллӣ рӯ меоранд. Дарвоқеъ, духтарони атласу чаканпӯшу тоқибасар ба ҳусни табиат ҳусни дигар зам мекунанд. Ҷилваи пироҳани атлас бар тани духтарон нишонае аз фарорасии Наврӯзи хуҷастапай аст. Ин гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ вақт расму ойин ва маданияти қадимии хешро гум намекунад ва кӯшиши ривоҷу равнақ додани онро дорад.

 

Масъули гӯша

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳандозии истеҳсоли адрас дар Шаҳритӯс (видео)

Роҳандозии истеҳсоли адрас дар Шаҳритӯс (видео)

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Бо пироҳани миллӣ мо аз ҷамъият дур нахоҳем шуд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Матои синтетикӣ зарар дорад

Матои синтетикӣ зарар дорад

Тандурустӣ ва экология
«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР