Дар як сатр
» » С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

С. Маллазода: “саҳми соҳибкорон дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ намоён аст”

27-01-2018, 17:41


Дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон 22 нафар табибони дорои унвони илмии номзади илми тиб, се доктори илми тиб ва 18 унвонҷӯй фаъолият менамоянд. Шумораи умумии табибон бошад, ба 3160 нафар мерасад. 

Ин хабар дар нишасти матбуотии С. Маллазода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, баён шуд. Дар ин ҳамоиши хабарӣ инчунин дастовардҳои дигари соҳаи тандурустии вилоят дар соли 2017 натиҷагирӣ гардид. Зикр шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон даҳҳо марказу бунгоҳҳои саломатӣ бунёд ва ба беморхонаҳо дастгоҳҳои муосири тиббӣ ворид гардидааст.

- Соҳибкорони маҳаллӣ низ дар бунёди марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ саҳми худро гузошта, пайрави сиёсати ободгаронаи Пешвои миллат буданашонро нишон доданд, - гуфт С. Маллазода. – Барои мисол, дар ноҳияи А.Ҷомӣ бунгоҳи саломатии «Кӯҳдоман» ба маблағи 20000 сомонӣ ва бунгоҳи саломатии «Пахтакор» ба маблағи 30000 сомонӣ ба таври ҳашар сохта шуд. Ба беморхонаи №1-и ноҳияи Қубодиён аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо мақсади расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии Ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин” як автомашинаи "Хундай-старекс” туҳфа карда шуд. Дар Ҷамоати деҳоти  Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо дастгирии соҳибкори ватанӣ таваллудхона кушода шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуд.

Ҳамин тавр, дар ноҳияи Дӯстӣ низ шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи 5000 сомонӣ таъмир шудааст. Соли гузашта ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти "20-солагии Истиқлолияти Ҷум-ҳурии Тоҷикистон”-и ноҳияи Бохтар аз ҳисоби соҳибкорон ва ба таври ҳашар Маркази саломатии "Айнӣ” сохта ба истифода дода шуд. Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон бо маблағи як миллиону 30 ҳазор сомонӣ ошёнаи 4-ум ва аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Бунгоҳи саломатии "Чу-Чу” бунёд гардид. Инчунин ду кардиомонитор, як дастгоҳи УЗИ, се адад инфузимат дастрас карда шуд. Дар Ҷамоати деҳоти "Корез”-и ноҳияи Данғара Маркази саломатии деҳотӣ бо дастгирии соҳибкори ватанӣ Муҳибов Ҷӯрабек Давлатович бо харҷи 35000 сомонӣ сохта шуда ва бо маблағи 80000 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ дастрас гардид. Маркази саломатии деҳоти макзур аз 5 ҳуҷра - ҳуҷраи доругузаронӣ, ҳуҷраи занона ва таҷҳизоти ултрасадо барои муоинаи занон, ҳуҷраи эмгузаронӣ, ҳуҷраи табиби оилавӣ иборат буда, 3 табиб ва 6 нафар корманди тиббӣ ба 1405 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ  мерасонанд.

Сардори раёсати тандурустӣ ҳамчунин дар бораи ошкоршавии 11 ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки аксаран хислати коррупсионӣ доштанд, хабар дода, афзуд, ки аз ҷониби раёсат бинобар содир намудани хатои касбӣ барои паст кардани дараҷаи тахассусии якчанд табиб пешниҳод ироа гардидааст.

С. Маллазода доир ба муоинаи ҳатмии тиббии навхонадорон қабл аз бастани ақди никоҳ масъалагузорӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 34 ҳазор нафар аз чунин ташхис гузашта, дар натиҷаи он дар бадани 45 нафар вируси гепатит пайдо гардид.

- Мушкилоти асосӣ ин аст, ки мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои ташхиси тиббии қабл аз никоҳи номзадҳо ягон сомонӣ ихтисос надодаанд, - зикр кард С. Маллазода. – Ин ҳам дар ҳолест, ки масалан, соли 2017 барои анҷом додани чунин навъи ташхисҳо дар вилояти Суғд аз ҷониби мақомати маҳаллӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.   

Сардори раёсати тандурустӣ инчунин дар самти воридсозии усулҳои нави ҷарроҳӣ сухан гуфта, қайд кард, ки соли гузашта танҳо дар Беморхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара ба 20 бемор амалиёти пайвандсозии гурдаҳо, ба 103 нафар ҷарроҳиҳои ринопластика ва секторинопластика, ба 8 нафар ҷарроҳӣ дар чашм, ба 17 нафар амалиёти ҷарроҳии бартараф намудани контрактураи ангуштон ва ба 222 бемор ҷарроҳии вобас-та ба бемориҳои рагҳои хунгард гузаронида шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бакорандозии шуъбаи ҷарроҳӣ

Бакорандозии шуъбаи ҷарроҳӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта  ...

Дар Хатлон тайи се моҳ 6 маркази саломатии деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ сохта ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Муъминобод. Иншооти тиббӣ таъмир гардид

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА