Дар як сатр
» » Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

27-01-2018, 17:34

Дар партави паём

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017 зикр намудааст: "Дар самти зиёд намудани майдони боғу токзор ва ба ин васила афзун гардонидани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба стандартҳои ҷаҳонӣ  мутобиқ ва ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо андешида шаванд”.

 

Ҷиҳати иҷрои "Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ноҳияи Ёвон низ "Барномаи  рушди соҳаи боғу  токпарварӣ  барои солҳои 2016-2020” қабул гардидааст. Зеро боғу токпарварӣ як шохаи соҳаи кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, барои  таъмини аҳолӣ бо ангуру меваҷот, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ, таъмини  корхонаҳои коркард бо маҳсулоти тару тоза, афзун гардонидани имкониятҳои содиротӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас мебозад. Ҷиҳати зиёд  намудани  майдонҳои  боғу  токзор бошад, шароиту имконият ва иқлими  маҳал мусоидат менамояд. Дар ноҳия бисёр намуди дарахтони  мевадиҳанда, аз қабили себ, нок, олуча, зардолу, анор, чормағз, писта, бодом, тут ва ғайра сабзиши хуб доранд ва аз ҷиҳати хусусияти хуби биологӣ доштанашон ҳамчун маводи селексионӣ барои офаридани навъҳои нави серҳосил истифода мешаванд. Боғпарварони мо ба масъалаҳои беҳтар кардани шароити нигоҳубин ва тарзи парвариши ниҳолҳо, бунёди боғоти нав, истифодаи навъҳои беҳтарини дарахтони мевадиҳанда пайваста диққат дода, солҳои охир боғҳои замонавӣ (интенсивӣ) бунёд карда истодаанд.

Бо мақсади иҷрои Барномаи мазкур то имрӯз чорабиниҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.  Дар Ҷамоати деҳоти «Даҳана» бо иштироки олимони Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баргузор гардидани семинари машваратӣ аз он ҷумла аст. Дар ин ҳамоиши васеъ боғпарварони ноҳия ширкат варзида, бо маданияти боғдорӣ, тарзи тақсимкунии қаторҳо, тайёр намудани ширахок ва тарзи шинонидани ниҳолҳо шиносоии бештар пайдо карданд.  

Ҳамин гуна семинар-машваратҳо бо ҷалби мутахассисони варзидаи сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Обшорон ва ба номи Ҳасан Ҳусейнов низ ташкил ва гузаронида шуданд, ки бешубҳа, барои татбиқи босифати Барномаи мазкур мусоидати фаъол менамоянд.

То соли 2014 дар доираи талаботи "Барномаи  барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаҳои боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009, №683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” дар ноҳия 1142 га боғу токзор бунёд карда шудааст, ки 114,2 фоизи дурнаморо ташкил дода, аз он 997 га боғ ва 145 га токзор мебошад.

Айни замон майдони ниҳолҳои бисёрсолаи ҳудуди ноҳия 2469 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 1373 га боғот,  918 га токзор, 42 га тутзор ва 136 га боғҳои субтропикӣ мебошанд. Аз майдони  умумии  ниҳолҳои бисёрсола масоҳати 480 га боғ  ва  813 га  токзорҳои мевадиҳандаанд.

Дар зарфи 2 соли амалӣ гардидани Барнома дар ноҳия 51,8 га боғу токзорҳои нав бунёд гардидааст, ки ин баробари 86,3 фоизи дурнамои панҷсола мебошад. Аз 51,8 га боғоти нав 37,8 га боғ ва 14 га токзор аст, ки дар заминҳои лалмӣ ва доманакӯҳҳои намнокиашон ба парвариши ниҳолҳо мусоидаткунандаи ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Даҳана, ба номи Ҳасан Ҳусейнов, Обшорон, Ситораи Сурх ва ба номи Г.Юсуфова бунёд гардидаанд.

Яке аз ҳадафҳои "Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” барқарор намудани боғу токзорҳои куҳна ва дар ин замина, иваз намудани  ниҳолҳои камҳосилу  пастсифат ба навъҳои серҳосилу  хушсифати  ба талаботи бозор ҷавобдиҳанда, баланд бардоштани  ҳосилнокии онҳо ва содирот намудани меваҷоту ангур берун аз марзи кишвар мебошад.

Натиҷаи заҳматҳои пурмаҳ-сули боғпарварони ноҳия аст, ки ҳамасола нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ барзиёд иҷро гардида, ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон то 1000 тонна мева ва ҳудуди 300 тонна ангур содирот карда мешавад.

Рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, зиёд намудани  майдони он ва дар ин асос афзун намудани шумораи дарахтони мевадиҳанда воқеан ҳам мустаҳкам намудани заминаи моддию техникиро  талаб менамояд.

Тайёр намудани замин (ҳамворкунӣ, шудгор дар чуқурии 50-80 см) барои бунёди боғу токзор, тоза намудани заҳкашу заҳбурҳо, таъмини нуриҳои минералию органикӣ, заҳрхимикатҳо, кашонидани меваю ангур ва ғайра техникаи пуриқтидорро талаб менамояд. Мутаассифона, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳанӯз қудрати харидорӣ намудани техникаи кишоварзии ҳозиразамонро надоранд. Ин мушкилоти ягона дар ҳолати ба таври лизинг дастрас намудани техникаи зарурӣ метавонад ҳалли худро ёбад.  Дар он сурат боғу токпарварон метавонанд, ки ҳосилнокии заминҳоро афзун намоянд. Маблағи техникаи харидоришуда аз ҳисоби даромадҳо дар давоми 5 сол   пурра пардохт шуданаш мумкин аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: "Агар дар як мавсим ба ҳар нафар аҳолии мамлакатамон шинонидани як ниҳол ё як буттаи гул рост ояд, дар се-чор соли наз-дик Тоҷикистон ба як боғи ободу шукуфон ва кишвари сарсабзу хуррам мубаддал мегардад”.

Ин ақидаи воқеъбинонаи  Пешвои миллат барои ҳар шахси ватанпарвар дастури амал аст ва ҳамаи моро водор менамояд, ки дар ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаи диёру деҳоти хеш саҳмгузор бошем.

 

С. Ёқубов,

сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Симои ҷовидона

Симои ҷовидона

Чеҳранигорӣ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Тасмими бунёди 5719 га боғ дар Хатлон дар 5 соли оянда

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА