Дар як сатр
» » «Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

27-01-2018, 10:28

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

Таҳти ҳамин ном дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гаштани соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишии вилоят, бо ҷалби ҳунармандони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб конференсияи вилоятӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Абдуқодир Вализода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҷамолиддин Исматуллозода, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонони минтақаи Кӯлоб ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

Тавре ки аз Раёсати кор бо ҷавонон ва сайёҳии вилоят хабар доданд, пеш аз оғози конференсия меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи ҳунармандон, занону модарон, наврасону ҷавонон, аз қабили кандакорӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, алочабофӣ, чӯбтарошӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Сипас, кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода оғоз бахшида, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба ташаббуси наҷибу созандаи роҳбарияти олии мамлакат - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 равона намуда, онро фоли нек ва ғамхории навбатии давлату Ҳукумат нисбат ба фарҳанг ва тамаддуни халқ маънидод намуд.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш мудири бахши кор бо ҷавонони дастгоҳи раёсат Р. Насриддинзода, раиси ноҳияи М.А.Ҳамадонӣ А. Вализода низ доир ба ташаббусу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, рушду пешрафти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд.

Идомаи кори конфронсро андешаҳои директори генералии муассисаи давлатии ҷумҳуриявии "Осорхонаи Кӯлоб” Ҳотам Раҷаб Асозода дар мавзӯи «Нақши осорхонаҳо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ», ховаршинос Зафар Мирзоён дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ - яке аз омилҳои зиндагисози мардум» ва магистранти Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Лола Кароматова дар мавзӯи «Либос ҷузъи фарҳанги миллӣ» боз ҳам ҷолибу рангин намуд.

Дар охири конфронс барномаи театрикунонидашудаи аҳли санъату фарҳанги ноҳияи Ҳамадонӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Туризм, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тантанаҳо дар Кӯлоб

Тантанаҳо дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Миҷгона маликаи Наврӯз шуд

Хабарҳо