Дар як сатр
» » «журналистон дар бозтоби дастовардҳои вилоят саҳми намоён доранд»

«журналистон дар бозтоби дастовардҳои вилоят саҳми намоён доранд»

27-01-2018, 10:23

Аз нишасти матбуотии раиси вилоят

Д. Гулмаҳмадзода:
«журналистон дар бозтоби дастовардҳои вилоят саҳми намоён доранд»

- Қабл аз ҳама, миннатдории самимии худро ба тамоми намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар, журналистони пуркору соҳибмақоми хатлонӣ мерасонам, ки дар давоми соли 2017 бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкории хубу созандаеро ба роҳ монда, дар инъикоси объективона ва саривақтии дастовардҳо ва мушкилоти арсаҳои гуногун, умури ободонию бунёдкориҳои вилоят саҳми бориз гузоштанд. 

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нишасти матбуотии худро 24 январ бо баёни ин нукта оғоз бахшида, аҳли қаламро барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани равобит бо мақомоти давлатӣ дар соли 2018 даъват намуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор кард, ки соли 2017 бо сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилоят, бо бунёди беш аз 75 корхона ва коргоҳи истеҳсолию саноатӣ ва дар ин замина таъсиси 1300 ҷойи нави корӣ, бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо километр роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда, бунёди садҳо гектар боғу ҳосили баланди маводи кишоварзӣ ва дигар дастовардҳояш ёдмон буд.

Ба қавли раиси вилоят, дар соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104,2 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134  миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 «журналистон дар бозтоби дастовардҳои вилоят саҳми намоён доранд»

Бо таъкид ба вилояти аграрӣ будани Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар бораи зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар хабар дод. Дар соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 11,8 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 789 миллион сомонӣ, ё худ 7,2% зиёд мебошад. Ба гуфтаи Д. Гулмаҳмадзода, аз вилоят соли гузашта 83,8 ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла сабзавот, полезӣ, мева, ангур, писта, чормағзи заминӣ, консерваи меваю сабзавот ва дигар намуди маҳсулот содирот шуда, иҷрои дурнамо 142 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба соли 2016 ҳаҷми содирот 2134 тонна зиёд мебошад.

Раиси вилоят ҳамчунин аз беҳтар шудани ҳамкории бонкҳои давлатию тиҷоратӣ бо аҳолии Хатлонзамин изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки дар соли 2017 филиалҳои бонкҳои вилоят ба мардум ба андозаи 933  миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ироа намуданд, ки бештараш ба рушди соҳаи кишоварзӣ нигаронида шудааст. Ин нишондиҳанда назар ба соли 2016 ба қадри 121 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

Тавре ки дар нишаст зикр гардид, дар вилоят шумораи нафақагирон ба 230,8 ҳазор нафар расида, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 259 сомонӣ баробар аст. Барои пардохти маблағи нафақаи нафақагирони вилоят аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ 654 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Д. Гулмаҳмадзода дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодии вилоят бо 36 мамлакати хориҷи дуру наздик сухан гуфта, хабар дод, ки соли гузашта ҳаҷми содироти мол аз вилоят назар ба воридоти он ба андозаи 55 миллион доллари амрикоӣ бештар буд. "Аз вилоят асосан нахи пахта, калоба, семент, неруи барқ, намак ва маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шуда, аз хориҷи кишвар шакар, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ ва техника ворид гардидааст. Дар ин давра содироти як қатор маҳсулот, аз ҷумла семент 662 ҳазор тонна ва намак 1245 тоннаро ташкил дод, ки нисбати солҳои пешин хеле зиёд мебошад”, - афзуд раиси вилоят. 

Дар идома журналистон аз агентии иттилоотии "Азия-плюс” С. Назриев, радиои "Тоҷикистон” Т. Розиқ, ТВ "Синамо” Б. Азиз, радиои "Озодӣ” О. Карим, рӯзномаи "Садои мардум” С. Султонов, маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон” Ҷ. Сайфиддин, нашрияи "СССР” Б. Уроқ ва А. Достиев, рӯзномаи "Ҷумҳурият” З. Ҳасан, нашрияи "Пайк” А. Иброҳим ба раиси вилоят доир ба масъалаҳои таъсиси маркази ташхиси тиббӣ дар вилоят, бунёди варзишгоҳу боғи фароғатӣ дар маркази маъмурии вилоят, истифодаи самараовар аз маблағҳои фонди рушди соҳибкорӣ, дастгирии муассисаи фарҳангии "Хатлонсинамо”, робитаҳои иқтисодӣ бо кишвари Ӯзбекистон, вазъи сардхонаҳо барои нигоҳдории маводи кишоварзӣ, мақоми занон дар ҷомеа, қарзи хоҷагиҳои об аз барқ, таъмини бозорҳо бо маводи хушсифати кишоварзӣ ва бо нархҳои барои аҳолӣ дастрас савол дода, посух гирифтанд.

Д. Гулмаҳмадзода аз хабарнигорон барои масъалагузориҳои судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки дар баробари нашри маводи танқидӣ, нишон додани роҳҳои ҳалли масъала ва холисона баён намудани пешрафтҳо низ аз ҷумлаи масъулиятҳои аҳли қалам мебошад.

- Воситаҳои ахбори омма неруи тавоно ва муассире мебошанд, ки метавонанд бо пешниҳодҳо, масъалагузориҳо ва бозтоби воқеъбинонаи мушкилоту дастовардҳо дар ташаккули афкори созандаи омма саҳм гузоранд ва одамонро ба устувории сулҳу субот, ҳамбастагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ раҳнамун созанд, - таъкид кард раиси вилояти Хатлон дар интиҳои нишасти матбуотиаш.

 

Носирҷон Маъмурзода,  «Хатлон».

АксбардорД. Шарифов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои в ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Хизмати шумо - кормандони ВАО дар бозтоби дастовардҳои в ...

Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

«Сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳоӣ дастовардҳо зиёданд»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат