Дар як сатр
» » «Фатво»-и ҲНИТ: сиға кун, зино намешавад!

«Фатво»-и ҲНИТ: сиға кун, зино намешавад!

23-01-2018, 07:28

Ҳар қадар ки ба воқеоти даҳшатбори ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта наздик шавем ва онҳоро омӯзишу таҳлил кунем, ҳамон қадар омилу сабабҳои ҳанӯз норавшани он даргириҳо кушода мешавад. Фикр мекунам ошкор намудани ҳамаи амовили воқеоту ҳодисоти онвақта барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикистониён хеле зарур ва таҷрибаи ҳаматарафа омӯхтанист. Иттилооте, ки тавассути васоити ахбори омма, шабакаю расонаҳои гуногун мегирем, андешаҳои муҳиму заруриеро дар ниҳоди инсон ба вуҷуд меоранд ва водор месозанд, ки боз онҳоро дар тарозуи ақл баркашида, хулосаҳо барорем, то сабақҳои талхи таърихи начандон дурамон дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд.

Суҳбат бо як тан аз иштирокчиёни он рӯйдодҳои ҳазину нафратовар ва талху ҷонкоҳ махсуми Наътуллоҳ бандаро водор сохт, ки мухтасари онро ин ҷо сабт намоям. Ин шахс сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон буда, худ иштирокчӣ ва мушоҳиди даргириҳои шадиди солҳои 1992-1995 дар ҳудуди ноҳияи мазкур ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон будааст. ӯ чунин нақл мекунад:

- Ман аз айёми бачагӣ ва ҷавониам, ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ, аз як қисм устодон ва роҳбарони таълимгоҳам доим таънаю маломат мешунидам, фақат барои он ки писари домулло будам. Падарам мегуфт, ки аз бобоямон китобҳои бисёре боқӣ монда будааст, вале дар даврони Шӯравӣ онҳоро гирифта бурданд ва мегӯянд, ки оташ заданд. Маро барои писари мулло буданам дар мактаб сарзаниш мекарданд, «писари хоин» мегуфтанд. Ман гуноҳамро намедонистам. Вақте ки ақлам ба ҷояш расид, фаҳмидам, ки дар он давра гӯё сиёсат ҳамон хел будааст ва муллою махсуму эшону дигару дигарҳо сазовори боварии давлат набудаанд. Ҳоло қариб 70-сола шудаам. Талхию ширинии ҳаётро чашидаю давраи ҷанги хунини дохилии ватанам, ки онро ҷанги таҳмилӣ ном мебаранд, аз сар гузарондам. Акнун фаҳмидам, ки баъзе муллою эшону махсум воқеан ҳам гуфтораш дигару рафтораш дигар будааст, бо забон аз аҳкоми дину шариат гап мезананд, вале дар рафтору кирдорашон, дар дилашон чизи дигаре ниҳон будааст. Ба ибораи Ҳофиз:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Ҳамин нуқтаро дар Афғонистон, дар давраи гурезагиам хеле хуб мушоҳида кардам. Баъзе муллою махсуму эшонҳоямон, хусусан роҳбарони ҲНИТ, ҳатто мазҳабу имони худро ба хотири пулу мол фурӯхтаю мазҳаби бегонагонро қабул карданд.

Аслан дар ноҳияи мо мардум аз ҳама гуна ҷанг безор буданд. Қувваҳои иртиҷоӣ, хусусан Ҳизби наҳзати исломӣ, чун диданд, ки ин мардум ба ҷанг ҳамроҳ намешаванд ва нисбати воқеаҳои дар дигар минтақаҳо сарзада бетафовутанд, роҳи дигарро пеш гирифтанд: дар байни тоҷикону ӯзбекони ноҳия шӯру футур андохтанд, одамкушӣ карданд ва ниҳоят ҷанги шадиди байни тоҷикону ӯзбекон оғоз гардид. Аз ду тараф одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасиданд, вале пеши роҳи онро гирифтан ниҳоят душвор шуд.

Ҳамин тариқ, вақту соате расид, ки мо гуреза шуда ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон ворид шудем. Гурезаҳо бисёр буданд. Он ҷо чунин таълим медоданд, ки ҳар қадар бисёр гуреза ояд, ҳамон қадар хуб мешавад. Мо якҷоя шуда бар зидди ҳукумати Тоҷикистон ҷанг мекунем ва ҳукуматро худамон мегирем, давлати исломӣ месозем.

Аз он тарафи дарёи Панҷ, дар ҳудуди Афғонистон, гурезаҳо соҳибони зиёде пайдо карданд: Абдуллоҳи Нурӣ, Тӯраҷонзода, Маҳмадшарифи Ҳимматзода, Резвон, Маҳмадрасул, Қиёмиддин, Ҷумъабек, Ҳикматуллоҳ, Маҳмадалӣ, Ҳаким, Мирзо, Давлатхӯҷа, Абдуғаффори сиёсию низомӣ ва дигару дигарон, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буданд.

Ман пештар ҳам, рости гап, ба Афғонистон рафтуомад доштам. Аҳмадшоҳи Масъудро хуб мешинохтам. Рости гап, тоҷикони гуреза дар он тараф гурӯҳ ба гурӯҳ буданд ва ҳар қавм роҳбарони худро дошт: ғармиҳо, вахёчиҳо, панҷиҳо ва ғайраҳо. Он ҷо ҳис кардам, ки маҳалгароӣ дар байни мардуми мо решаҳои чуқур доштааст.

Ман шахсан бо Абдуллоҳи Нурӣ шиносоӣ надоштам ва дар он ҷо бо ӯ шинос шудам. Вале дилам аз ӯ ҳам монд, чунки Ҳикматуллоҳ ном панҷие, ки дар даврони Шӯравӣ дар соҳаи фарҳанг кор мекарду ҳар бегоҳ ӯро ба хонааш масту мадҳуш мебурданд, маслиҳатчии наздикаш будааст ва шомили раёсати ҳизби наҳзати исломӣ. Вой бар ҳоли ҳизбе, ки роҳбаронаш ҳамин гуна афрод бошанд!

Дар хотирам ҳаст, дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Панҷ, ки худи Ҳикматуллоҳ зиндагӣ мекард, масҷид бунёд карданӣ шуданд. Боре ӯро таклиф намуданд, ки дар сохтмони масҷид иштирок ва ҳиссагузорӣ намояд. ӯ чунин ҷавоб дода буд: «Масҷид чӣ даркор? Худо дар куҷост? Худо нест! Масҷид хонаи Худо нест!» Бо ин гуфтаҳояш ӯ шариат, масҷид ва Худоро инкор карда буд. Ва акнун дар Афғонистон Ҳикматуллоҳ боз маслиҳатчии Раиси ҲНИТ А. Нурӣ будааст. Худи А. Нурӣ ҳам, шунида будам, ки фарзанди Нуриддин ном эшон будааст ва ин эшон дар замони Шӯравӣ дар вазифаҳои масъули давлатӣ кору фаъолият доштааст. Эшони Нуриддин назар ба гуфти онҳое, ки бо ӯ кор кардаанду шинос буданд, нисбати шахсони эътиқоди динӣ дошта мубориза мебурдааст, худаш аҳкоми шаръиро вайрон мекардааст. Аз ин ҷиҳат, ҳам аз А.Нурӣ ва ҳам аз Ҳикматуллоҳу дигар роҳбарони ҲНИТ дилам тамоман монд.

Боре маро ба ҳузури А. Нурӣ даъват карданд. Вақте ман ба назди ӯ рафтам, гуфтанд, ки дар наздаш меҳмонон ҳастанд ва шумо ҳоло камтар сабр кунед. Баъди чанд лаҳза аз назди А. Нурӣ шаш нафар эрониён баромаданд. ӯ онҳоро гусел карду баъд бо ман вохӯрд. Азбаски маро хуб намешинохт, асрори ниҳониро ба ман ошкор накард. Вале таклиф кард, ки бо онҳо кор кунам.

Ман ярадор будам ва дар Афғонистон бо кумаки Аҳмадшоҳи Масъуд дар Пешовари Покистон муолиҷа кардам. Бештар бо Аҳмадшоҳи Масъуд алоқа доштам. Марди бузурге буд ӯ. Инсонгарии баланд дошт. Доимо моро насиҳат мекард. Вале вақтҳои охири он ҷо буданамон ӯ пай бурд, ки роҳбарони гурезагони мо аксаран зишткору дар пайи манфиатҳои шахсии худашон мебошанд. Дилаш аз онҳо монд. Маро мегуфт, ки бо онҳо худатро олуда насоз. Бо ин дилу нияташон онҳо дур намераванд.

Баъди чанд вақт дар Тахор тайёрае фуруд омад ва роҳбарони гурезагон аз он бастаҳои калонеро фуроварданд. Фаҳмидем, ки ин бастаҳо (тойҳо) пул будаанд ва онҳоро бо чашмони худ дидем. Ин пулҳоро ҳамон эрониҳое, ки аз назди А. Нурӣ баромада буданд, ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи худ фиристода буданд. Баъдтар бо қисми ками ин пулҳо яроқ харида, пеш аз ҳама, ҷавонони ғармиро мусаллаҳ карданд. Ба ҷавонони дигар ҷойҳо эътибор надоданд. Маҳмадрасул ном шахс, ки аслан аз Ғарм буда, то ин ҷо омадан дар Ҷилликӯл зиндагӣ доштааст, қисми зиёди яроқу муҳимоти ҳарбиро ба ғармиҳо дод ва бо супориши роҳбарият онҳо дар назди Барак бояд ба Тоҷикистон гузашта, ба ҷанг медаромаданд. Вале бо ҳиллаю найрангҳои Маҳмадрасул, ки одами наздики А. Нурӣ буд, онҳо ба ҷанг надаромаданд ва ба Тоҷикистон нагузаштанд. Гӯё ҳаво хунук буд ва баҳорон ба ҳуҷум мегузаранд. Вале баъдтар аниқ шуд, ки ин яроқҳоро одамони Маҳмадрасул фурӯхтанд ва боз яроқи нав талаб карданд. Резвон ҳам, ки дар Афғонистон аксарияти пайравонаш ӯро «ҳазрат» мегуфтанд, яке аз роҳбарони муҷоҳидони тоҷик буд ва дили чун санг барин сахт дошт. Онҳое, ки амрашро гӯш намекарданд, сахттарин ҷазо мегирифтанд, кушта мешуданд. Бисёр куштор кардааст. Чандин панҷиҳоро куштааст.

Маҳмадрасул ҳам, аз он ки ман одами наздики Аҳмадшоҳ будам, чанд маротиба қасди ҷони маро кард. Вале аз ниятҳои ӯ огоҳ шуда, бо кумаки нафарони наздики худ ва Аҳмадшоҳ ҷонамро аз ӯ халос кардам. Сӯйқасдкунандагони ман тарсида, ба зӯр гурехта рафтанд. Ҷумъабек ҳам разведкаи Абдуллоҳи Нурӣ буд ва бо лақаби «Холид» маъруф гардида. ӯ ҳам ниятҳои нопок дошт.

Гурезагони Тоҷикистон дар он солҳо ба хубӣ пай бурданд, ки саркардагони хунрезиҳои шадиди Тоҷикистон ҳамагӣ мақсадҳои нопок дошта, ҳар кадом дар андешаи фақат манфиатҷӯии худ будааст, на дар фикри беҳ кардани зиндагии мардум. Ташкили майдонҳо, намоишҳо, эътирозҳо, норозигиҳое, ки ин саркадагон ибтидои солҳои 90-ум дар Тоҷикистони орому осоишта ба вуқӯъ пайвастанд, ҳама фитнаю найранг барои ғасби ҳокимияти қонунӣ будааст, на барои дину мазҳабу оину худоҷӯӣ ва зиндагии шоистаи мардум. Ва ман хуб дарк кардам, ки роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ бо ном, рӯякӣ тарафдори дини мубини ислом будаанд. Ислом фақат парчаме будааст, ки онҳо мардумро тавассути он аз қафои мақсадҳои зишту ҳароми худ бурдаанд. Онҳо маблағҳои калони хоҷагони хориҷии худро барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоку муғризонаи хеш соҳибӣ кардаанд.

Мехостам як чизи дигарро нақл кунам: дар Афғонистон шунидам, ки қисми эрониҳо яҳудӣ будаанд ва мазҳаби шиаро қабул кардаву гӯё мусулмон шудаанд. Мавлавию охундҳояшон ҳамеша тарғибгари мазҳаби шиа буда, барои ҳадафҳои худро роҳандозӣ кардан ривояту ҳадису қиссаҳоро меоварданд ва ба ҳамин восита мардумро ҷалб мекарданд, гӯё бо роҳи фарҳангӣ шунавандагони худро шиамазҳаб менамуданд. Намояндагони онҳо доим таъкид мекарданд, ки ба хотири амалӣ сохтани мақсади худ, яъне тағйир додани мазҳаби ҳамсуҳбатонашон дар миёни мардуми дигар мазҳабҳо ҳатто дурӯғ гуфтан, аз маводҳои мадҳушкунанда истифода бурдан, шароб нӯшидан ҳам зарар надорад, то шунавандагон бовар кунанд. Таблиғгарони мазҳаби шиа набояд худро ошкор кунанд, ки онҳо шиамазҳабанд, ҳатто метавонанд дар мавриди зарурӣ худро ҳаммазҳаби ҳамсуҳбатонашон муаррифӣ намоянд. Роҳи дигари ҷорӣ намудани мазҳаби шиа сиғакунӣ будааст. Онҳо таъкид мекарданд, ки зино накунед, ки он ҳаром ва гуноҳи кабир аст. «Зино накунед, сиға кунед!», - гуфтанашон маънии бо ҳар касе хоҳед, никоҳи муваққат намоед. Никоҳи муваққат маънии ҳатто се-чорсоата ҳам дорад. Ана бо ҳамин роҳ шииён бо занҳои гуногун сиға карда, насли шиамазҳабонро афзоиш медиҳанд. Яъне, фарзанде, ки тавассути сиға кардан ба дунё меояд, хуни шиамазҳабро дорад ва оқибат ӯ ба асли худ бармегардад, шиамазҳаб мешавад. Бо занон сиға карда, фарзандони аз онҳо ба дунё омадаро бо номи модар мемонданд. Фарзанди таваллудшударо то ба воя расидан, хондан ҳамаҷониба зери назорат мегиранд, модари ӯро аз ҷиҳати молиявӣ пурра таъмин мекунанд. Фарзанди он вақте ки соҳибмаълумот шуд, бо роҳи пулу мол коре мекунанд, ки ба мансабҳои баланд расад, вазифаҳои калон гирад. Тавассути дастгириҳои молиявии калон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ӯ низ таблиғарии ҳақиқии мазҳаби шиа гардад. Яъне таблиғгарони мазҳаби шиа мақсадҳои яксолаю дусолаю панҷсола не, балки муҳтавои онҳо барои чил-панҷоҳ сол ва аз ин ҳам зиёд муҳлатро фаро мегирад, то сафи шиамазҳабонро зиёд кунанд. Ҳатто шиаҳо шиори пинҳоние доранд: «Агар як суннатимазҳабро кушӣ, чандин пуштат рост ба биҳишт меравад». Ҳамин гуна ниятҳои нопоку зишт доранд онҳо.

Аз он мушоҳидаҳое, ки ман доштам, тақрибан ҳамаи роҳбарони ҲНИТ, ки он ҷо мардумро гӯё сарварӣ мекарданд, аллакай шиамазҳаб шуда буданд.

Дар идомаи суҳбат махсуми Наътуллоҳ нақл кард: то ба Афғонистон рафтан ман ҳамроҳи баъзе дастандаркорони ҲНИТ будам ва гумон мекардам, ки роҳи онҳо роҳи дуруст аст. Вале шукри онро мекунам, ки ба воситаи насиҳати Аҳмадшоҳи Масъуд, чун аз рафти амалиёти дурӯғу фитнаангезонаашон дар кишвари Афғонистон воқиф гардидам, аз онҳо ҷудо шудам. Аҳмадшоҳ ба ман мегуфт, ки бо чашмони худ дида истодаӣ, мардуми шумо дар хоки Афғонистон қарор доранд, вале барои чӣ эрониҳо ба сарварони шумо пул медиҳанд, ҳатто яроқ медиҳанд. Ана барои ҳамин мақсадҳои зишту ифротии худ. Шуморо шиа карданианд. Хуб шуд, ки ҷудо шудам, вагарна ҳамеша виҷдону имонам азобам медод. Сарварони ҲНИТ маблағҳои калонро, ки барои дубора ба макони ҷангу хунрезӣ табдил додани Тоҷикистон таъин шуда буданд, аз худ намуданд. Ба хотири нафси хароми худро қаноатбахш намудан чӣ корҳоеро накарданд, ба кадом роҳҳое нарафтанд, чӣ иғвогариҳое наандохтанд. Ба ҳар ҳол дар назди хоҷагони хориҷии худ онҳо он қадар мутаҳҳам шудаанд, ки дигар чӣ кор карданашонро намедонанд. Фақат дар ҳаққи миллату халқу Ватани худ дурӯғу туҳмату буҳтон мезананду дар хориҷи кишвар иғвою найранг мебардоранду халос.

Ман дар Афғонистон ҳам хона доштам. Он хонаамро фурӯхтам. Ба Ватан баргаштам. Вале тафтишу санҷишҳои зиёде ба ман рӯ ба рӯ шуд. Рости гап, гумон мекардам, ки дар Ватанам ҳама аз дину оин рӯ гардондаанд. Лекин вақте ба ин ҷо омадам, ба хубӣ фаҳмидам, ки ҳама мусулмонанд, намоз мехонанд, Худоро ибодат мекунанд. Хонаи пештараамро, ки дар ҷангҳо валангор шуда буд, бо пули хонаи фурӯхтаам обод кардам. Ва имрӯз аз он хурсандам, ки дар диёри худ, дар Ватани худ, ҳамроҳи фарзандону наберагон, хешу табор, якҷоя бо миллати азизам зиндагӣ карда истодаам. Ба ҳамдиёронам, ба ҳамаи ҳамватанонам муроҷиат мекунам, ки дигар ҳеҷ кас ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханбозону авомфиребон нашавад. Тоҷикону тоҷикистониёнро танҳо ҳамин обу ҳамин хоку ҳамин Ватан парвариш мекунад, ба мақсадҳои неку наҷибонаи худ мерасонад. Барои ҳамин ҳам, мо ин Ватан, ин хоку обу донро бояд чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем.

Тавре аз суҳбат бо махсуми Наътуллоҳ воқиф гардидем, яке аз омилҳои асосии хунрезиҳо ва даргириҳо маблағгузориҳои хориҷиёне, ки мазҳаби дигар доранд, маҳсуб меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки байни шиамазҳабону суннимазҳабон ҷангҳою даҳшатҳои зиёде рух додааст. Лашкаркашиҳои Амир Темур ба Эрон, ҳуҷумҳои даҳшатбори Исмоили Сафавӣ ба Мовароуннаҳр, ки аз каллаи одамӣ манораҳо сохтаанд, маҳз аз зиддияти мазҳабҳои шиаю суннӣ маншаъ гирифта буданд. Имрӯз мо, наслҳои қарни ХХI, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва муноқишаю зиддиятҳои шадиди ҷаҳони муосир умр ба сар бурда истодаем, бояд, пеш аз ҳама, ақлу хиради инсонӣ, донишу маърифат ва таҷрибаю мушоҳидаҳои таърихиро хуб ба инобат гирифта, ояндаро бо назари нек нигоҳ кунем. Хусусан барои мо, тоҷикистониён, тамоми шароитҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ тавассути сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё аст, то қувваю ғайрат, истеъдоду маҳорат ва донишу таҷрибаи худро баҳри рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон раҳнамун созем.

Амруллоҳи Шариф, ноҳияи Панҷ

Шарҳи хонандагон +
Не знаете где найти офис в москве? Вот ссылка!

небольшой офис снять http://officepodklyuch.ru тут

Этот сайт поможет вам с поиском подходящего помещения в москве и подмосковье

аренда

Кто пользуется банком втб в москве?

как пользоваться

Что вы залюди, смотри как надо

активатор windows 10
28 январ 2018 02:58
Я не смог полностью высказаться, поэтому...

устройство обыкновенного газона цена

Слов нет как красиво написано

активация windows 10 home
31 январ 2018 05:29
Ссылку я тебе оставлю внизу, посотри как сможешь

КЛИКНИ
19 феврал 2018 04:39
Amoxicillin The Right Dose Forseniors Pacific Care Pharmacy Vanuatu canadian pharmacy cialis 20mg Cephalexin Cat On Line Pharmacy With No Prescription
13 июн 2018 14:57
cialis online kaufen paypal

buy cialis
cialis online

generic cialis faq
7 август 2018 06:38
buy cialis tablets mexico

cialis india
cialis online

cialis for sale las vegas
7 август 2018 13:40
cheap generic viagra india

viagra pills
buy viagra

generic viagra paya by paypal
8 август 2018 02:22
pillole viagraprezzo

viagra cheap
viagra online

only today viagra online 25 mg
8 август 2018 12:48
payday advance bismarck nd

faxless payday loans
payday loans

cedit
8 август 2018 16:46
how to compare personal loans

no fax payday loans
payday advance loan

compare all payday loan lenders
9 август 2018 03:08
fast cash forked river nj

faxless payday loans
payday advance

payday advance danville va
9 август 2018 09:55
loans nashville

payday loans
no fax payday loans

installment loans for christmas
9 август 2018 13:28
cialis costs canada

buy canadian cialis
canadian cialis

what is the cost for cialis
9 август 2018 23:13
genaric cialis cheap red pill

cheap cialis
generic cials

cialis 40 mg dosage
10 август 2018 09:42
prix cialis tadalafil 5m

calis cheap
cialis online

cialis mit paypal bezahlen
10 август 2018 14:48
comprar viagra la plata

cheap viagra
cheap viagra

much viagra cost prescription
11 август 2018 07:05
when is generic viagra

cheap viagra
viagra

cheap viagra and levitra
11 август 2018 10:07
viagra vs cialis recreational

online viagra
generic viagra

vente de viagrafor
11 август 2018 18:07
look here cheap fast viagra

viagra
viagraviagra cheap

try it viagra fast shipping
11 август 2018 21:55
conseguir viagra

buy viagra
viagra generic

isthere any generic viagra
12 август 2018 05:02
viagra trusted sites

generic viagra
viagra buy

best generic viagra pills
12 август 2018 09:45
brand viagra visa

viagraviagra cheap
buy viagra

use viagra best results
12 август 2018 13:09
viagra till salu

viagra
viagra generic

viagra snort
13 август 2018 01:17
wow viagra superstore

viagraviagra cheap
viagra

when to take viagra with food
13 август 2018 12:50
munny world

payday loans online
payday express

lender certification for sfh guaranteed loan
13 август 2018 18:39
payday loan yuba city ca

cash advance
loans for bad credit

fast and secure online loans
14 август 2018 04:27
quick loan calgary

payday loans online
pay day loans

quick cash payday loan
14 август 2018 08:28
indian reservation quick loans

payday loans online
pay day loans

payday loans wickliffe oh
14 август 2018 14:11
cash advance silverado ranch

cash advance
payday loans online

best rated online payday loan companies
14 август 2018 19:25
buy viagra in vancouver bc

buy viagra online
viagra 100mg

site achat viagra forum
15 август 2018 05:19

Матолиби дигар:

З. Алихонов: “ҲНИТ дар Покистон барои ояндаи худ артиш омода мекард”

З. Алихонов: “ҲНИТ дар Покистон барои ояндаи худ артиш омода мекард”

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Мардуми тоҷик мазҳабфурӯшонро ҳаргиз намебахшанд

Хабарҳо, Сиёсат
Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул кардаа ...

Хабарҳо, Таҳқиқи журналистӣ, Номаҳои Шумо
Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Сиёсат, Хабарҳо
Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Сиёсат, Ҳуқуқу амният