Дар як сатр

Симои ҷовидона

11-01-2018, 22:32

фарзандони барӯманди тоҷикистон

Водии Вахш дар тӯли асрҳо шахсиятҳо ва абармардонеро ба камол расонидааст, ки дар ободии ин диёри дар гузашта чулистону наистон ва бешаҳои  касногузар ҳиссаи созгоре гузоштаанд. Яке аз чунин шахсияти шинохта Файзулло Қувватов мебошад. Мо тасмим гирифтем аз зиндагиномаи ин марди меҳнатӣ қисса намоем.

Айёми наврасии  Ф. Қувватов дар деҳаи Пушёни болои ноҳияи Восеъ гузаштааст. Охирҳои солҳои 50-уми қарни гузашта аҳли оилаи  онҳо чун дар қатори муҳоҷирон баҳри ободии як гӯшаи кишвари азизамон-Вахшонзамин ба  ин мавзеъ кӯч бастанд.

 Файзуллои ҷавон фаъолияти кории худро ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи №3-и ноҳияи Вахш оғоз намуда, ба тарбияи  насли нав-рас машғул шудааст. Сипас  ба кишоварзӣ рӯ овард. Ҳамин тариқ Файзулло Қувватов барои касби дуюм гирифтан дар Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро супорид ва соҳиби унвони  донишҷӯро сазовор гашт.

...Файзулло Қувватов пас аз гирифтани ихтисоси агроном-олим бо роҳхати донишгоҳ ба ноҳияи Вахш ба кор омада, аввал ба сифати сардори бригадаи пахтакорӣ, сониян мудири агроучастка кор кардааст. Дар давоми се соли фаъолияташ дар ин вазифа шуъбае, ки ӯ сарварӣ менамуд, ҳосилнокии пахтаро ба 40-сентнерӣ расонда, сазовори таҳсин гардида буданд.

Котиби аввали ҳамонвақтаи Ҳизби коммунист Нуъмон Қурбонов  малакаи кордонии ӯро ба инобат гирифта, Файзулло Қувватовро аввал ба сифати инструктори райком, пас ба вазифаи мудири шуъбаи кумитаи  ҳизбии ноҳия пешбарӣ намуданд. Баъди чанд сол Файзулло Қувватовро  директори совхози «Туркманистон» таъин карданд.

Ӯ аз соли 1986 то соли 1990 дар ин вазифаи масъулиятнок кор карда, совхози номбурдаро аз қафомонӣ ба ҷойи аввал бароварда тавонист. Совхози «Туркманис-тон» дар қатори иҷрои нақшаи пахтасупорӣ, нишондодҳои дигари хоҷагии қишлоқро низ баланд бардошт ва ҳамасола ин хоҷагӣ дар байни дигар хоҷагиҳо намуна буд. Семинару машваратҳои омӯзишии ноҳия ва вилоят доимо дар заминаи ҳамин совхоз ҳамчун таҷрибаи пешқадам баргузор мегардид. Обрӯ ва эътибори Файзулло Қувватов ҳамчун кадри ҷавони корозмуда рӯз ба рӯз баланд мегардид. Сифатҳои неку кордонии ӯро ба инобат гирифта, Кумитаи ҳизбии вилоят Файзулло Қувватовро ба вазифаи раиси комиҷроияи ноҳияи Вахш пешбарӣ кард ва вакилони ноҳия  номзадии ӯро дастгирӣ намуданд,

Акнун барои Файзуллои ҷавон масъулияти як хоҷагӣ не, балки мушкилот ва бурду бохти ноҳия ба дӯшаш буд ва ӯ дар пайи ободию некуаҳволии мардуми ноҳия заҳмати шабонарӯзӣ мекашид. Сад афсус, ки охирҳои солҳои 90-ум сар то сари кишвари азизамонро нооромиҳо фаро гирифт. Дар вилояти мо низ як гурӯҳ сиёҳкороне пайдо шуданд, ки  мардумро  гумроҳ менамуданд ва онҳо сабабгори сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардидаанд. Ба андешаи мо дар ин ҷанги бемаънӣ  касе ғалаба накард, аммо ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1992-1993 садҳо ҷавонмардонро ба коми марг кашид, инчунин теша ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиёти кишвар низ зад.

Агар соли 1991 ноҳияи Вахш ба ҷойи 30 ҳазор тонна 35 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда бошад, пас ин рақам соли 1992 ба 22 ҳазор тонна  поён фаромадааст. Дар баробари ин  чанд муддат фаъ-олияти бонкҳо  қатъ гардида буд, мардум сари вақт маоши худро гирифта наметавонистанд. Ана дар ҳамин айём низ роҳбарияти ноҳияи Вахш тавонист аз ҳисоби пасандозҳои хоҷагӣ ва заводҳои равған маоши муаллимон, духтурон ва кормандони тамоми  соҳаи иҷтимоиётро пурра пардохт намояд. Инчунин дар ҳамин давраи нооромиҳо ҳазорҳо оилаи гурезагонро дар ҷойҳои бехавф паноҳгоҳ дода, онҳоро бо хӯрока таъмин намуданд.

Ана дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ба мардуми азияткашидаи мо насиб гашт, ки Пешвои ҳақиқӣ ва муаззами худ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дарёбанд, ки ин абармарди даврон, меъмори сулҳу ваҳдат тавонист дар як муддати хело кӯтоҳ халқу ватани хешро аз вартаи фалокат раҳоӣ намояд ва фазои сулҳу суботро ба миён оварад.

Файзулло Қувватов солҳои 1995-1998 ба ҳайси вазири Кумитаи хӯрокворӣ ва саноати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷрои вазифа намудааст. Дар ин солҳо бо ташаббуси пайгиронаи ӯ чандин шартномаҳои тарафайн байни мамолики Осиё, Федератсияи Русия оид ба таъминоти озуқа  ва молҳои ниёзи мардум баста шуда буд, ки қисме  аз онҳо кумакҳои бебозгашт буданд. Файзулло Қувватов аз соли 1990 то соли 2011 раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кору фаъолият намудааст. 

Файзулло Қувватов аз соли 2011 то охири лаҳзаҳои ҳаёти пурбаракаташ сарварии ташкилоти ҷамъиятии "Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Дар ин ҷода низ ӯ баҳри рушди соҳибкорӣ дар вилоят, махсусан рушди ин соҳа дар байни ҷавонон ва занону бонувон ва бо ин васила пайдо гардидани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ нақши арзанда бозидааст.

Сад афсӯс, ки умр ба Файзулло Қувватов вафо накард. Ӯ дар синни 71-солагӣ аз дунё даргузашт. Аммо кору пайкори ин марди дарёдилу нексиришт ва симои ҷовидонааш дар дилу дидаҳо абадӣ боқӣ хоҳад монд.

 

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номест, ки дар қалби мардум ҷо шавад.

 

Музаффар МУРОДОВ,

бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +
sildenafil citrate generic drugs generic viagra http://viagraonviagra.accountant/
26 январ 2018 11:05
generic viagra 100mg viagra generic generic viagra online http://viagraonviagra.accountant/#doskuribz
27 январ 2018 11:41
generic viagra pills generic viagra available generic for viagra http://viagraonviagra.accountant/#hnxsupodp
28 январ 2018 14:07
generic viagra online generic viagra pills generic viagra available http://viagraonviagra.accountant/#owavtxaoq
29 январ 2018 13:01

Матолиби дигар:

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тандурустӣ ва экология
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

ҚӮРҒОНТЕППА. РОҲҲОИ 25 КӮЧА ТАЪМИРУ ТАҶДИД МЕШАВАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР

Шумораи 22, аз 7 майи соли 2015

Нашрияи мо (PDF)