Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Зиндагиномаи шаҳиди 22-сола


Зиндагиномаи шаҳиди 22-сола



Раҳматшоҳи Шамсизод 26-уми июни соли 2000 дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти “Гулистон”-и ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 2017 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Восеъро хатм намуда, худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи олии сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон суурда, ба сафи курсантҳои донишгоҳ шомил гардида буд.

Ӯ то ба дараҷаи лейтенантӣ расид.

Падараш - амаки Кишен яке аз сарсупурдаҳои миллат аст. Ӯ аз аввалин нафароне ҳаст, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, барои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон садо баланд карда буд.

Албатта, аз чунин шахсияти миллатдӯст ва меҳанпараст фарзанди далеру шуҷоъ мебарояд, тарбиятдидагони ин гуна падарон тайёранд, ки ҷони худро барои ин хок, ин сарзамин фидо намоянд.

Ӯ аз марги фарзандаш бо алам ашк мерезаду ӯро ёд мекунад.

Ҳама ҳамдеҳагону ёру рафиқон барои изҳори ҳамдардӣ ба хонааш меомаданд ва дар ҳаққаш дуо мехонданд.

Ҳини баёни тасаллият раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода ва муовини раиси вилояти Суғд ба хонаи ин шаҳиди ғӯрамарг ворид шуда, дар ҳаққаш дуо хонданд.

Ӯ ҳанӯз муҷаррад буд ва ният дошт, ки оила барпо кунад, аммо душмани касифу беимон ин орзуи ӯро ба хок бурд. Раҳматшоҳи Шамсизод 16-уми сентяби соли равон дар ҳимояи марзи кишварамон бар зидди қирғизҳо қаҳрамонона шаҳид шуд. Ӯ аз тири тайёраҳои бесарнишин ҷароҳат бардошт ва дар ҳоле, ки ҳама ҳамроҳонаш ба ҳалокат расида буданд, ӯ худро кашолакунон аз ҷойи ҳодиса тақрибан ба 100 метр дуртар, канори ҷӯе бурд ва дар он ҷо ҷон дод. Ҷасадашро баъди як рӯз ёфтанд ва 18-уми сентябр дар зодгоҳаш ба хок супориданд.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода