Дар як сатр
» » МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД

11-01-2018, 10:49

МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД


10январи соли равон дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2017 бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  андоз, молия, раисони ҷамоатҳо, фаъолон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Ҷаласаро раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки чанде қабл дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати панҷум доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумоти муфассал дода будем.

Дар рафти машварати корӣ масъалаҳои вазъи ҷамъоварии пахта, захираи меваю сабзавот ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, ҳамзамон ҳолати обрасонӣ, таъминот бо қувваи барқ, пардохти андоз, ободонию тозакорӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

- Мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё созем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида баланд бардорем, - афзуд Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст:  «Вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд».

 

 МАСЪУЛИН БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШАНД


Сипас муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов оид ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят тайи як сол маърӯза кард.  Номбурда зимни суханронӣ ироа дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо дар соли 2017-ум 104,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 862,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбати нақша 34,5 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли гузашта 122,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Раҷабалӣ Раҷабов  масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки бо назардошти зиёд намудани нақшаи қисми даромади буҷет дар соли 2018 аз ибтидои сол ба корҳои назоратӣ, азнавбақайдгирии субъектҳои андозсупор ва дарёфти имкониятҳои дигари андозситонӣ фаъолияти коргузории худро тақвият бахшанд.

Баъд аз шунидани маърӯза раиси вилоят роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷ. Балхӣ, Ёвон, Ҷайҳун, Фархор, Сарбанд, Вахш, Бохтарро мавриди пурсиш қарор дода ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, дуруст нишон додани ҳисобу китоби оморӣ, фаъолияти бонизоми дастгоҳҳо ва таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ масъулинро вазифадор намуд. 

Роҳбари вилоят зимни суханронӣ таъкид дошт, ки ба масъалаи ғанӣ гардонидани буҷа диққати ҷиддӣ додан зарур аст. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои корӣ бояд беҳтару хубтар фаъ-олият намуда, сарчашмаҳои бештари андозсупориро пайдо созанд.

Тавре ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, соли равон Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази вилоят -  шаҳри Қӯрғонтеппа таҷлил мегардад. Раиси шаҳр, масъулини ташкилоту муассисаҳоро зарур аст, ки ба ин санаи фархунда ҳамаҷониба омодагӣ дида корҳои ободонию бунёдкориро вусъати тоза бахшанд. Ҳамчунин баргузории рӯзҳои фарҳангии вилояти Бадахшон дар Хатлони бостон дар назар аст. Аз ин рӯ, роҳбари вилоят масъулини шаҳру ноҳияҳоро муаззаф намуд, ки ба ин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ бинанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз тамоми шароитҳои мавҷуда пурсамар истифода баранд. 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқоти судманд

Мулоқоти судманд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Рӯ ба рӯ бо мардум

Рӯ ба рӯ бо мардум

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: Масъулин бояд масъулиятшинос бошанд

Д. Гулмаҳмадзода: Масъулин бояд масъулиятшинос бошанд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА