Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хушбахтона зистан насибамон гардидааст


Хушбахтона зистан насибамон гардидааст



Тоҷикистон дар фазои Истиқлолият 31 сол аст, ки бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари дорои таҷрибаи нодири сулҳсозӣ , ташаббускори масъалаҳои мубрами сулҳи минтақа, ҳалли мушкилоти об эътироф менамоянд.

Аз ин рӯ, бояд фаромӯш насозем, ки ин Истиқлолият, ба ваҳдат овардани як миллати ба сангарҳои муқобил ҷудошуда кори саҳл набуд. Дар солҳои аввали истиқлолият душманони халқу Ватани мо бо идеологияи муғризонаи худ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро тарҳрезӣ намуда, ин фоҷиаро ба бор оварданд. Насли мо шоҳиди ин воқеаҳо буд. Ҳамаи он даҳшати ҷангро бо чашми сар дидем. Дар таърихи ватанамон саҳифаҳои тақдири зиндагии мустақилу хушбахтона бар ивази қурбонии ҳазорон одамон, хисороти моддӣ, гурезагии ҳамватанонамон навишта шуд.

Рӯзҳои неки миллати тоҷик, яъне таърихи навини Тоҷикистон маҳз аз Иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардида, баста шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ваҳдати тоҷикон поянда гардид. Халқи тоҷик тавонист бо иродаву сарсупурдагии фарзандони меҳанпарасташ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти худро ҳифз кунад. Ин сабақи таърих барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистон, барои мардуми минтақаҳои даргири олам намунаи ҷоннисориҳои фарзандони ватандору дурандеш, талош барои озодиву шукуфоӣ боқӣ мемонад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама Паёму суханрониҳояшон 9 сентябрро яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва нишонаи олии ҳувияти миллӣ номида, арҷ гузоштан ба таърихи Истиқлолият ва ҳифзи онро таъкид менамоянд: «Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон - истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам тақвият бахшем». Ин дастури муҳим мебошад, чунки ба қадри гузашта нарасем, имрӯзро сохта ва фардоро ба нақша гирифта наметавонем.

Душманони миллату Тоҷикистон имрӯз ҳам дар фазои иттилоотӣ нисбати кишвари мо тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ пайваста маводҳои ғаразнок омода карда, тахрибкорӣ менамоянд. Сухани сӯзанда, бардурӯғу иғвоангез, ки солҳои 90-уми асри гузашта мардуми ноогоҳу фирефтаро ба муқовимат даъват кард, ҳоло таъсире надорад. Ба нодида гирифтани дастовардҳои Истиқлоли Тоҷикистон кӣ бовар мекунад?

Ба ҳаёти имрӯзаи мардум, ба бунёдкориву созандагӣ, сохтмону иншооту роҳҳо, неругоҳҳо, заводу фабрикаҳо, хонаву мактаб, муассисаҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ назар карда, симои кӯчаву маҳалла, ноҳияву шаҳр, вилояту кишварро ободтару зеботар мебинем.

Шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ, нуфуси мардуми кишвар ба 10 миллион расид. Барои халқи Тоҷикистон ҳоло сулҳу ваҳдат намои зиндагӣ гардида, дар давлати соҳибистиқлол, ҳукуқбунёду демократӣ хушбахтона зистан насиб гардидааст. Боз ҳам обод шудани диёр, беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ барои мо умед мебахшад.

Дилором Маҳкамова,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода