Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Ду ҳафта вақт, барои кишти тирамоҳии картошка!»

Д. Гулмаҳмадзода: «Ду ҳафта вақт, барои кишти тирамоҳии картошка!»

23-11-2017, 10:10

Д. Гулмаҳмадзода: «Ду ҳафта вақт, барои кишти тирамоҳии картошка!»


- Пеш аз ҳама, ба навъи тухмиҳое, ки дар заминҳо кишт мекунед, аҳамияти ҷиддӣ дода, бо истифода аз маслиҳатҳои олимони соҳа кишти зироатҳои кишоварзиро ба роҳ монед, - ин нуктаро ахиран раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ зимни баргузории семинар-машварати вилоятӣ «Оид ба кишт ва агротехникаи парвариши картошка ва сабзавоти барвақтӣ» дар ноҳияи Ҷайҳун зикр кард.

Ҳамчунин, Д. Гулмаҳмадзода дар кори семинари мазкур ироа дошт, ки: «танҳо дар он сурат мо метавонем бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза ва маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоем, ки бо истифода аз маслиҳати олимони соҳа кор бурда, панди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфтааст: «Истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини корам бояд омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар дониста шавад» сармашқи кори ҳаррўзаи хеш қарор дода, бо истифодаи самараноки ҳар як порчаи заминҳои дар уҳдадоштаи худ ҳосили фаровон ба даст орем».

Бояд гуфт, ки дар семинар-машварати вилоятӣ «Оид ба кишт ва агротехникаи парвариши картошка ва сабзавоти барвақтӣ», ки дар ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки раиси вилоят, муовини якум ва раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва мутахасисони соҳаи кишоварзию олимони соҳа шуда гузашт, перомуни чӣ гуна шинонидани картошкаи барвақтӣ, интихоби тухмиҳои хушсифат, дар чуқурии чанд сантиметр ва бо истифода аз кадом доруҳои минералӣ шинонидани картошка дар минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон, олимони соҳа ва мутахассисони кишоварзию деҳқонони кордон ба иштирокчиён маълумоти муфассал доданд.

Семинари мазкур ба ду қисм, қисми таҷрибавӣ ва назариявӣ ҷудо гардида буд. Дар қисмати аввал иштирокчиён аз кору фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва кишти пиёзу шинонидани картошкаи тирамоҳӣ, буриши дарахтон, лимў-парваришгоҳ, кору фаъолияти деҳқонону кишоварзон дидан намуданд. Дар қисмати назариявӣ бошад, тавассути маърўзаи олимони соҳа оид ба ин ҷабҳа маълумоти заруриро гирифтанд.

Д. Гулмаҳмадзода: «Ду ҳафта вақт, барои кишти тирамоҳии картошка!»

Баъди боздид аз кори саҳро иштирокдорони семинар-машварати вилоятӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ дидан карданд. Зимни боздид аз намоишгоҳ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, боғдорону сабзавоткорон мулоқот анҷом дода, баҳри беҳбудии корашон дастуру тавсияҳо доданд.

Сипас, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия натиҷаи семинар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сараввал олимони соҳа маърўза карда, ҳисоботи раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба бурду бохти соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияро шуниданд.

Баъдан муовини якуми раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба сухан баромада, оид ба вазъи кишоварзӣ, нишондодҳои хуби соҳа андеша ронда иброз дошт, ки дар баробари бурду бохти соҳаи кишоварзӣ дар вилоят камбудиҳо низ хеле зиёд буда, ислоҳи саривақтиро тақозо менамояд.

Раиси вилоят низ дар ин бора ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориши қатъӣ дод, ки аз имрўз сар карда, дар давоми ду ҳафта бояд дар майдонҳои муқарраргардида кишти тирамоҳии картошкаро ба роҳ монанд.

Д. Гулмаҳмадзода: «Ду ҳафта вақт, барои кишти тирамоҳии картошка!»

Дар фарҷоми кори семинар-машварати вилоятӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, роҳбарони масъули бисту панҷ шаҳру ноҳияи вилоятро муваззаф намуд, ки барои афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкории зич бо олимони соҳа, содироти бештари маҳсулоти тару тоза ба кишварҳои ҳамсоя, муътадил намудани нархи маводҳои ғизоӣ дар бозорҳои истеъмолии кишвар, эҳёи тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ, пешниҳоди саривақтии ҳисобу китоби мушаххас ба идораҳои омор ва воқеъбинона баҳогузорӣ кардан ба соҳаи кишоварзӣ дар вилоят диққати бештар диҳанд.

Низомиддин ИСОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Малахро нест бояд кард! (видео)

Малахро нест бояд кард! (видео)

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Мубориза бар зидди малах  кори дастаҷамъона аст

Мубориза бар зидди малах кори дастаҷамъона аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Муъминобод барои  парвариши картошка мусоид аст

Муъминобод барои парвариши картошка мусоид аст

Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА