Дар як сатр
» » Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

9-11-2017, 09:02

Саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал

Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик аз саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободонию созандагӣ гузориш медиҳад.

Тавре ки аз дастгоҳи раиси ноҳияи Темурмалик ба рўзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, ахиран аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори ватанӣ М. Сулаймонов дар маркази шаҳраки Совет хиёбон-гулгашти замонавӣ бо насби се адад фаввора бунёд гардида, ба масофаи чор километр кўчаҳои Дўстӣ, ба номи С. Вализода, Ҳамза Ҳакимзода ва Мирзо Турсунзода асфалтпўш карда шуд. “Инчунин бо дастгирию маблағгузориҳои ин соҳибкор ба масофаи 21 километр сохтмони роҳи мошингард аз Ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов то Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифови ноҳияи Данғара босуръат идома дошта, дар ҳамин мавзеъ кашидани хати оби нўшокӣ ба нақша гирифта шудааст”, - зикр кард манбаъ. Инчунин аз ҳисоби маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ дар Темурмалик сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ, хизматрасонӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ва доруворӣ, меҳмонхона ва дигар намуди хизматрасониҳо, корхонаи мебелбарорӣ, сохтмони бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ, ду адад иншооти баландошёнаи марказҳои хизматрасонӣ босуръат идома дорад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ду бунгоҳи тиббӣ дар Темурмалик

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо