Дар як сатр
» » Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

6-11-2017, 10:11

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

«Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад».
Эмомалӣ РАҲМОН


Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рўйдоди муҳим ва мондагори таърихие буд, ҳаст ва хоҳад монд. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллатро бозгў намуд.

Дар остонаи таҷлили 23-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми сарбаланди тоҷик онро ботантана ҷашн мегиранд, андешаҳои кормандони соҳаҳои ҳуқуқро пешниҳоди хонандаи арҷ-манд месозем.

Сафарзода Баҳриддини Сафар, прокурори шаҳри Қўрғонтеппа:

- Имрўз, ҳар як давлати муттамаддин Конститутсияи худро дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид. Рўзи Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукўҳи хоса дорад.

Воқеан, ҳаёт ва зиндагӣ дар ҷомеае, ки асоси бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолату озодӣ ва масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи мардуми мо дар масири таърих буд.

Ҳар як давлат бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар Конститутсияаш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст. Аз ин нуқтаи назар, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошад. Аз ин рў, ин санад барои мардуми мо санади тақдирсоз аст. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ онро азизу муқаддас меҳисобад ва умед аст, ки он бардавому поянда барои Тоҷикистону тоҷикистониён хидмат мекунад.

Хусрав Миралиев, прокурори ноҳияи Бохтар:

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимкунандаи муносибатҳои ҷомеа ва барои пешбурди давлату ҳукумат саҳмгузор буда, санади таърихию муқаддаси миллат мебошад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ сарчашма ва омили муҳими эҷоди қонуну санадҳои моҳиятан миллӣ ва мазмунан демократӣ буда, ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор додааст
.
Инчунин, Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳ-айё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

Иброҳимзода Мумина Бозоралӣ, ҳуқуқшинос аз шаҳри Кўлоб:

-Мо мардуми сарбалан-ди тоҷик, дар остонаи таҷлили 23-солагии Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Шаҳрвандони мамлакат бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи нави худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ рўзи 6 ноябри соли 1994 қабул карда, дар он иродаи кулли сокинонашро дар хусуси давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода намуд. Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзўъ бахшида шудааст. Махсусан пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданро такмил дод ва пурратар сохт, хосса моддаи панҷуми он ҷиддан тағйир ёфт ва мувофиқи ин тағйирот инсон ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд.

Дар ҳақиқат ҳам, қабули Конститутсия аз ҷумлаи он воқеаҳои муҳимтарин ва таърихи нави мамлакати мо марбут буда, арзиш ва аҳамияташ бо мурури замон меафзояд, зеро агар имрўз мо аз он ифтихор дошта бошем, ки давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ барпо мекунем, пас мо онро танҳо тавассути Конститутсия амалӣ карда метавонем.

Давлатзода Сайдраҳмон Аҳтам, раиси Суди ноҳияи Бохтар:

- Ман бояд ёдовар созам, ки Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиатҳои ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки Конститутсия барои оромии мардум ва пойдории сулҳу суботи мамлакатамон саҳми боризе мебозад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёди сиёсии роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократӣ шинохта мешавад.

Фаромўш набояд кард, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў арзишҳои олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо қабули Конститутсия асоси бунёди давлати навини тоҷик ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо қабули Конститутсия асоси бунёди давлати навини тоҷик ...

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Вожаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия ихроҷ хоҳад шуд (видео)

Сиёсат, Хабарҳо, Матолиби чандрасонаӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният